Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Хушхабар аз Анталия
Озодбек Зулфиқоров, хонандаи муассисаи таълимии рақами 23-и ноҳияи Дӯстӣ дар олимпиадаи "International olympiad Antalya 2022" иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гаштааст.Тавре мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ Шаҳноза Маҳмадсаидзода ба “Сафо” иттилоъ дод, ин олимпиадаи байналмилалӣ яке аз озмунҳои бонуфузтарин миёни хонандагон ба шумор рафта, муддати 14 сол аст, ки бо ибтикори Академияи туризми Анталия ва мактаби байналмилалии ЭДУАНТ дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия баргузор мешавад. Дар ин олимпиада беш аз 2000 иштирокчӣ аз 10 давлати дунёд иштирок менамоянд.
Аз ноҳияи Дӯсти 8 нафар хонандагон ба даври финалии ин озмун роҳхат гирифта, донишу малакаи хешро месанҷанд. -Хонандагони ноҳияи Дӯстӣ дар ин озмун нахустин бор аст, ки иштирок мекунанд ва аллакай дар аввалин иштирок соҳиби ҷойи сеюм ва диплом гардиданд, ки ин боиси ифтихори мост. Иштирок дар чунин олимпиадаи сатҳи баланди байналмилалӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки хонандагони ноҳияи Дӯстӣ на танҳо дар дохили ҷумҳурӣ, балки берун аз он ҳам метавонанд шаъну шарафи Тоҷикистони азизро дар арсаи ҷаҳонӣ боло бардоранд, - гуфт Шаҳноза Маҳмадсаидзода.
Дар ин олимпиада як гурўҳ хонандагони Литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар низ иштирок намуда истодаанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД


