Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ДАР ШАҲРИ НОРАК
Рӯзи 2 ноябр, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Норак қабули сайёри шаҳрвандонро доир кард. Қабули шаҳрвандон дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор гардид. Тавре аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, нафарқагир Қурбоналӣ Юсупов аз маҳаллаи Тутқавули Ҷамоати деҳоти “Пули сангин” доир ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони чойхона, корманди НБО “Роғун”, сокини маҳаллаи Дӯстӣ Зайнулло Сафаров доир ба эҳтиёҷаш ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ, директори МТМУ №4 аз Ҷамоати деҳоти “Пули сангин” Абдуғаффор Содиқов оид ба азнавсозии бинои муассисаи томактабӣ, раиси хоҷагии деҳқонии “Бобӣ” Садриддин Сайфуддинов оид ба ташкил намудани нуқтаҳои хизматрасонии техникии Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикагролизинг” барои пешбурди корҳои кишоварзӣ, раиси кумитаи маҳаллаи Навдеҳи Ҷамоати деҳоти “Дӯконӣ” Мирзомиддин Назиров доир ба барқарор намудани пули дар ҳолати садамавӣ қарордошта, мудири бахши Хадамоти муҳоҷирати шаҳри Норак Далер Тағоев оид ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба муҳоҷирони экологӣ, корманди НБО “Норак” Алӣ Ҷобиров оид ба сохтмони муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва азнавсозии бунгоҳи тиббӣ, корманди НБО “Норак” Рустам Давлатов оид ба ҳуҷҷатгузории заминҳои Сари гузар масъалагузорӣ намуда, аз раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода хостори мусоидат ба ҳалли ин муаммоҳо шуданд.
Барои баррасӣ ва ҳаллу фасли ин масъалаҳо раиси вилоят ба масъулини шаҳри Норак ва ташкилотҳои дахлдори вилоятӣ дастур дод.
Қурбон Ҳакимзода пас аз шунидани арзу матлаби сокинон, зимни суханронӣ ба масъулину фаъолони шаҳри Норак ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои бунёдкориву созандагӣ, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дастуру маслиҳатҳои судманд дод. Раиси вилоят таъкид кард, ки баҳри иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бештар тадбир андешанд, кӯшиш намоянд, ки ҷавононро ба корҳои ободониву бунёдкорӣ, таълиму тарбия роҳнамун созанд. Дар баробари ин, ҷиҳати ба даст овардани дастовардҳои соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, истеҳсоли ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои коркарди ашёи хоми ватанӣ, содироти маҳсулот чораҳои муассир андешанд.

"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?
ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ
ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД