Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Муҳаббат ба пешаи дӯстдошта
Зумрад Раҷабмадова, хатмкардаи факултаи алоқаи почтавии Техникуми индустриалии шаҳри Душанбе. Танзимгари гурӯҳи 1-и Маркази алоқаи почтаи шаҳри Кӯлоб буда, аз соли 1983 то имрӯз дар шуъбаи алоқа фаъолият дорад.
Мутахассиси ҳақиқӣ дар дилхоҳ соҳа пеш аз ҳама пешаи интихобкардаи худро сидқан дӯст медорад ва новобаста ба каму костиҳои рӯзгор тарки он намекунад. Зумрад аз ҷумлаи чунин мутахассисони фидоӣ аст. Вай дар даврони мушкили солҳои 90- ум ва чанд соли баъди он “Меваи сабр ширин аст” гуфта, тарки пешаи худ накард.
Имрӯз дар Маркази алоқаи почтаи шаҳри Кӯлоб 16 нафар кору фаъолият доранд, ки аз ин 5 нафар бонувонанд. Ҳамчунин, аз шумораи умумии кормандон 8 нафарашон хаткашон буда, боқимонда роҳбарият, муҳосибот ва танзимгаронанд.
- Мо рӯзномаву маҷаллаҳоро ҳафтае ду маротиба ба муштариён дастрас менамоем. Аз соли гузашта инҷониб хаткашонҳои мо бо дучарха таъмин шуда, номаву рӯзномаву маҷаллаҳоро ба муштариён мерасонанд. Аммо алъон Маркази алоқаи почтаи шаҳри Кӯлоб нақлиёти хизматӣ надорад,- мегӯяд Зумрад Раҷабзода, танзимгари гурӯҳи 1-и Маркази алоқаи почтаи шаҳри Кӯлоб. - Ин дар ҳолест, ки дар як ҳафта 5 рӯз мо номаву нашрияҳои даврӣ ва дигар фиристодаҳои муштариёнро қабул мекунем. Аслан почта аз шаҳри Душанбе ба маркази вилоят шаҳри Бохтар ва аз он ҷо ба ноҳияҳо, аз ҷумла, ба минтақаи Кӯлоб тариқи нақлиёти КФ КВД “Почтаи тоҷик” дар вилояти Хатлон дастрас карда мешавад.
Ба гуфтаи З. Раҷабмадова Маркази алоқаи почтаи шаҳри Кӯлоб худмаблағгузор буда, даромаднокии он аз афзоиши ҳаҷми воридоту тақсимоти рӯзномаву маҷаллаҳои обунашудаи сокинон вобастагӣ дорад. Дар муқоиса ба 10 соли пешин теъдоди нашр ва шумораи обуначиён ба рӯзномаву маҷаллаҳо зиёд шуда аст, ки ин аз таваҷҷуҳи аҳолӣ ба мутолиаи нашрияҳои даврӣ шаҳодат медиҳад.- мегӯяд З. Раҷабмадова
-Ба ҷуз тақсимоти рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ ҳамчунин, иҷрои амалиётҳои пардохт ва қабули ҳаволапулӣ, дастрасиву ирсоли мактубу равонакҳо ва бастаҳои хурд аз самтҳои дигари хизматрасониҳои мо мебошад, - иброз медорад Зумрад Раҷабмадова. - Фиристодаҳои мо дар муддати 10-14 рӯз ба суроғаи лозимӣ мерасанд. Ҳозир фиристодаҳои байналмилалӣ штрихкод дошта, онҳо ба таври электронӣ қайд мешаванд. Яъне, фиристодаи байналмилалӣ ба кадом минтақаи ҷаҳон, ки расид, дарҳол дар почтаи ҳамон шаҳр ба таври электронӣ ба қайд гирифта мешавад ва соҳиби фиристода аз хона нишаста, муайян карда метавонад, ки фиристодаи ӯ дар кадом вақту соат то куҷо расидааст.
Тавре мутахассиси кордон иброз медорад, дар қиёс ба солҳои пешин фиристодани равонакҳо ва супоридани ҳаволапулӣ коҳиш ёфтааст. Мактубҳо асосан аз суроғаи идораву ташкилотҳо зиёд шудааст, аммо аз сабаби пайдо шудани телефонҳои мобилӣ аз ҷониби шахсони алоҳида фиристодани номаҳо камтар ба назар мерасад.
Билоли Шамс, шаҳри Кӯлоб
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



