Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Шибит
Шибит дар баробари пиёзи сабз ва ҷаъфарӣ аз намудҳои маъмули кабудиҳост. Шибитро дар ҳар гуна хӯришҳо, хӯроку соусҳо, нӯшокиҳо фаровон истифода мебаранд. Тухми он дар хӯришҳо, ҳамчун хуштамъкунанда ҳангоми консервкунонӣ истифода мешавад.
Манфиати шибит
Истифодаи шибити тару тоза ба организм аҳамияти калон дорад. Айни замон шибит арзону фаровон буда, айни муддаост, ки витаминҳоро «захира» кунем. Шибит чӣ манфиат дорад?
1. Дар таркиби шибит калий, магний, калтсий, фосфор, натрий, синк, марганетс, витаминҳои С,А,Е, гурӯҳи витаминҳои В (1,2,5,6,9), кислотаи никотинӣ, равғани эфирӣ ва ғозӣ бисёр мавҷуд аст.
2. Яке аз хосияти асосии шибит ин муътадил гардонидани кори рӯдаю меъда аст. Ҳатто ба кӯдакони навзод барои ҳазм ва бартараф намудани дамиши шикам оби ҷушомадаи шибитро медиҳанд.
3. Муддатҳои тӯлонӣ шибит ҳамчун тозакунандаи ҳаво (освежитель) истифода мешуд. Равғани эфирии шибит хосияти табиии дезинфексиониро дорост.
4. Шибит организмро аз заҳрҳо пок мекунад.
5. Иммунитеро мустаҳкам намуда, муқобилияти организмро ба вирусу сироятҳо баланд мекунад.
6. Бӯйи гуворои шибит иштиҳоро меоварад.
7. Ҷӯшоба аз шибит хосияти пешобронӣ дошта, варамҳоро бартараф мекунанд.
8. Ба занҳо истемоли пайвастаи шибит тавсия дода мешавад, зеро он ба функсияҳои репродуктивии занон таъсири мусбат расонда, ҳолати мӯй, пӯст ва нохунро беҳтар менамояд.
9. Ин кабудӣ фаъолияти дилро беҳтар намуда, ихтилоҷи (спазм) дилро бартараф мекунад
10. Шибит камкаллория аст- ҳамагӣ 43 кал дар 100 гр. Бинобари ин ба беморони диабет истеъмоли он иҷозат дода мешавад.
Ҳар маҳсулот ба организми инсон фоиданок аст, аммо набояд аз меъёр зиёд истифода намоем, зеро истемоли аз меъёр зиёди ин ё он маҳсулот ба самолатии инсон зарар дорад.
Добавить комментарий
Ахбор
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид 15:36СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД? 15:52МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ 15:48БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ 15:59Истиқлол — сарчашмаи саодат ва омили рушди Тоҷикистони соҳибиқбол 12:08ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛ 12:04БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36



