Бойгонӣ

АСРОРИ НИЁГОН - ДАР ОСОРХОНАИ ҚУБОДИЁН

  Дар замони соҳибистиқлолии кишвар нақши муассисаҳои фарҳангӣ ба сифати бунёдгоҳи тафаккури солиму созандаи ҷомеа баҳри худогоҳии миллӣ хеле боло рафтааст. Муҳити созгоре, ки тайи солҳои охир дар равнақи осорхонаҳо роҳандозӣ шудааст, ба шарофати датгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар яке аз суханрониҳои таърихиашон ин абармарди миллат қайд кардааст, ки осорхона фақат махзани ёдгориҳои бостонию нодир нест, балки ойинаи таърихи куҳанбунёди халқи тоҷик аст. Халқе, ки ба гузаштаи худ арҷ мегузораду ҳофизаи қавии таърихӣ дорад, ҳатман осорхона бунёд мекунад.

Ин баҳои ҳақиқию воқеиро чун омили асосии ноил гардидан ба кори таълиму тарбия ва илм дар ин макони таърихӣ ҳисобидан мумкин аст. Баҳое, ки ҳисси ватандeстию меҳанпарастии қишрҳои гуногуни ҷомеа, хусусии ҷавононро баланд мебардорад. Онҳоро дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ тарбият менамояд. Тарбият намудаю дар ботинашон масъулияти волои шаҳрвандиро мепарварад.

Осорхонаи ноҳиявии Қубодиён, ки бо номи асосгузори суолаи Кайониён - Қубод мансуб аст, аз қабилаи чунин махзанҳои таърихӣ мебошад. Махзане, ки ба асрҳои пеш аз мелод рост омада, таърихи зиёда аз чандинҳазорсоларо дар бар мегирад. Маънои вожаи Қубод дар луғатҳо одил, некхоҳ, ободкор накeрой ва нисбати ноадолатиҳо оштинопазирро дорад. Қубодиён дар давраҳои гуногуни таърихӣ дар ҳайати давлатдории сулолаҳои Кайониён Ҳахоманишиҳо, Юнону Бохтар, Кeшониён Ҳайтолиён, арабҳо, тоҳириҳо, сафориҳо, ғазнавиҳо, муғулҳо, темуриҳо, манғит ва ниҳоят Шӯравӣ будааст. Баъди соҳибистиқлолии Тоҷикистон Қубодиён ба яке аз ноҳияҳои ободу зебои ҷануби ҷумҳурӣ табдил ёфт. Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 18 октябри соли 1988 ташкил ёфта, дорои чор ҳуҷраи намоишӣ мебошад. Он ҳуҷраҳои бостоншиносӣ, таъриху ҳунар, ганҷинаи Ҳаким Носири  Хусрав ва мардумшиносиро дар бар мегирад.


Ин  тeдаи  хок  роздор аст,

Аз умри гузашта ёдгор аст.


Дар ҳуҷраи бостоншиносии осорхона лавозимот аҳамияти қадимаи таърихдоштае, ки аз мавзеи ёдгориҳои таърихии «Тахти Сангин» ёфт гардидаанд, ба маърази тамошо гузошта шудааст. «Хазинаи Амударё» соли 1877 ёфт шуда, ганҷинаи он тавассути тоҷирони бухороӣ аз ноҳия ба Ҳиндустон ба фурeш бурда мешавад. Нигораҳои нодири Қубодиёни бостониро амалдорони Британияи Кабир харида, дар осорхонаи миллии Англия то ҳол маҳфуз медоранд. Боиси ифтихори ҳар як фарди ватандeсти Тоҷикистон аст, ки Қубодиёни куҳанро дар ҷаҳон бозёфтҳои «Хазинаи Амударё» муаррифӣ мекунад.

Бузургтарин ёдгории ҷаҳонии давраи Юнону Бохтар ин «Тахти сангин» мебошад, ки он дар деҳаи «Тешик - Тош»-и ноҳия ҷойгир аст. «Тахти сангин» ёдгории асри IV то мелод ва III мелодӣ аст, ки дар резишгоҳи чаҳор дарё - Кофарниҳон, Вахш, Панҷ ва як дарёе, ки аз тарафи ҷумҳурии исломии Афғонистон ҷорӣ мешавад, ҷой гирифтааст. Барои он  ин қаср номи «Тахти  Сангин»-ро гирифтааст, ки тамоми дару деворҳояш аз санг сохта шудааст.

Дар толори таърих ва ҳунари осорхона бозёфтҳои аз мавзеъҳои  Қалъаи Миср Теппаи Шоҳ, Сафедмазор, Кайқубодшоҳ ва Оқтеппа дастрасгардида ба намоиш гузашта шудааст. Ҳамчунин дар ҳуҷраи мазкур Хумҳо, кӯзаҳои гилӣ, обдастаю офтобаҳои мутааллиқ ба асрҳои 18,19 ва 20- ро дидан мумкин аст, ки ба тарзу усулҳои махсус сохта шуда, басо ҷолиб  мебошанд.

Толори сеюми осорхона «Ганҷинаи Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ» ном дошта, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  моҳи сентябри соли 2003-юм бахшида ба 1000-солагии шоир ва мутафаккири барҷастаи илму адаби форсу тоҷик ташкил гардидааст. Дар он асарҳои қимматбаҳою фалсафии адиб- «Зод-ул мусофирин, «Ҷомеъ-ул ҳикматайн», «Хон - ул ихвон», «Кушоишу раҳоиш», «Ваҷҳи дино», «Далел - ул мутаҳирин», «Сафарномаю», «Саодатнома», «Рeшноинома», «Девони ашъор» ва ғайра гирд оварда шудааст.

Ҳуҷраи дигари намоиши осорхонаи ҳуҷраи «Мардумшиносӣ» ном дорад. Дар ин ҳуҷра ҳунарҳои мардумшиносӣ аз қабили заргарӣ, оҳангарӣ, кулолгарӣ, чӯбтарошӣ, бофандагӣ, кашидадeзӣ ҷой гирифтааст, ки тамошобинон тавассути он аз таъриху фарҳанги пурғановати гузаштагонамон огоҳ мегарданд. Дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» беш аз 3 ҳазор нафар сокинони таҳҷоӣ ва сайёҳони хориҷӣ аз осорхона дидан намуданд.

Қобили зикр аст, ки эълон гардидани Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои ташаккули фарҳанги миллӣ ва ободонию созандагии кишвари азизамон ҷиҳати ривоҷу равнақи ҳунарҳои халқӣ мусоидат менамояд. Аз тарафи дигар додани имтиёзҳои давлатӣ ба ҳунармандон имконият медиҳад, ки баробари боло рафтани сатҳи некӯаҳволии халқ беҳтарин намунаҳои маҳсули дасти ҳунармандон ба бозорҳои ҷаҳонӣ роҳ ёфта, сарватҳои маънавӣ ва арзишҳои фарҳангии халқи тоҷикро дар ақсои олам муаррифӣ намоянд.

Алҳол бо кумаку дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мо, кормандони осорхона, кӯшиш дорем сатҳи хизматрасониро ба мизоҷон беҳтар гардонида, дар ташвиқу тарғиби дастовардҳои кишвар дар арафаи пазироии 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷашни басе азизу хотирмон аст, ҳиссаи муносиб гузорем.


Т. ХОҶАМБЕРДИЕВА, директори

осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии

бахши фарҳангии ноҳияи Қубодиён
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019