Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ҳар кӣ обод кард, як саҳрои ноободро…
Субҳи содиқ медамад. Офтоби оламоро аввалин шуоҳои худро аз қуллаҳои осмонбӯс ба замин намудор мекунад. Ана ҳамин тариқ ҳар субҳи босафо баъди тулўи офтоб бобои Абдулмуъмин бо анҷомҳои корӣ сӯи боғи навбунёдаш шитоб дорад. Оре, синну соли бобои Абдулмуъмин Наботов ҳарчанд аз давраи нафақа гузашта бошад ҳам, имрӯзҳо бо зӯру бозӯи тавоно машғули меҳнат аст. Соли 1991 дар канори деҳаи Хироби ноҳияи Балҷувон дар 5 гектар замини бекорхобидаю нокорам, ки дар тавозуни идораи хоҷагию манзилии ноҳия қарор дошт, боғ бунёд намуд. Падараш, ки деҳқони асил буду як умр аҳли оилаашро бо меҳнати ҳалол мехӯронд, дар дили Абдулмуъмини ҷавон ҳисси меҳнатдӯстӣ ва пайдо кардани ризқи ҳалолро бедор намуд. Пайваста ба писараш таъкид менамуд: «Замин модари сарватҳост. Хушбахтии инсон дар меҳнат аст. Ӯ бо заҳмати зиёд, иродаи мустаҳкам ва кумаки фарзандонаш ин замини бекорхобидаю ғайрикорамро ба гулистон табдил дод. Дар масофаи як километр аз як чашмаи кӯҳӣ об овард. Заминро шодоб намуд. Ҳамдеҳагону роҳгузарҳо азобу заҳматҳои пайвастаи ӯро дар фасли гармо дида, мегуфтанд:
- Ин мӯйсафед худро беҳуда азоб медиҳад. Ин замини сурххоку санглохро обод карда наметавонад. Дӯстону наздиконаш аз дилсӯзӣ мегуфтанд:
- Бисёр заҳмат накаш. Агар ин замини хуб мешуд, ба ту намерасид.
Аммо Абдулмуъмин Наботов ба ин гапҳои мардум эътибор надода, бо белу каланд ва техникаи ёрирасон ин саҳрои ноободро обод намуд. Сангу шағал ва қисми қабати болоии заминро, ки камҳосилу ба қавле «мурдахок» буд, гирифта бо поруҳои маҳаллӣ ва хоки ҳосилхез пур намуд.
Бо кумаки ҳамаи фарзандонаш, аз ҷумла Саидакбару Саидакрам аз хоҷагиҳои ниҳолпарварии ноҳияҳои Восеъ, Ҳамадонӣ ва аз хоҷагии ёрирасони худаш зиёда аз як ҳазор ниҳолҳои гуногун оварда, дар боғи навбунёдаш шинонид. Ҳамасола бобои Абдулмуъмин аз боғи бунёднамудааш ҳосили баланди меваҳои себу нок, зардолую шафтолу, чормағзу бодом ҷамъоварӣ намуда, дар иҷрои барномаи озуқавории кишвар саҳми худро мегузорад.
-Се сол қабл ин деҳқону боғбони асил дар ду шафати боғаш боз садҳо бех ниҳолҳои ангуру анор ва анҷир шинонида, бо заҳмати зиёд парвариш намуд, ки дар арафаи ҳосилдиҳӣ мебошанд.
Ба гуфти ӯ боғдорӣ аз қадимулайём аз шуғли асосии мардуми мо маҳсуб меёбад ва ҳар як ниҳол мисли кӯдак меҳнату ғамхорӣ ва парваришро тақозо мекунад.
Хушбахтона, баъди соҳибистиқлол гаштани ҷумҳурӣ ва пайдоиши иқтисоди бозаргонӣ зарурат ба рушди соҳаи боғдорӣ бештар гардид.
Имрӯзҳо дар кишварамон барои беҳтар намудани нигоҳубин ва тарзи парвариши ниҳолҳо, бунёди боғот (махсусан боғҳои интенсивӣ) ва истифодаи навъҳои беҳтарину серҳосили дарахтони мевадиҳанда таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад.
- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» мо боғдоронро бисёр рӯҳбаланд намуд, -мегӯяд бобои Абдулмуъмин.
Ҳазорон ташаккур ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки худаш дар мавсими ниҳолшинонӣ иштирок намуда, дарахт мешинонад ва мардумро барои бунёди боғҳо дар таллу теппаҳо даъват мекунад.
Оре, ана ҳамин рӯҳбаландию дилгармӣ буд, ки бобои Абдулмуъмин Наботов бо истифодаи шароиту имкониятҳо ва меҳнати софдилона боғи бунёднамудаашро ба як гулистони воқеӣ табдил додааст.
Воқеан ҳам ин боғи сарсабзу хуррам ва меваҳои хуштаъму ширинаш як гӯшаи биҳиштосоро дар рӯйи замин мемонад. Вақте ки кас ба боғ медарояд, манзараи зебою хотирмонро мушоҳида менамояд. Хуршеди оламоро аз паси теппаҳои начандон баланд ба болои боғ нурпошӣ мекунад. Меваҳои пухтаю рангини дарахтон дар зери шуоҳои офтоб ҷило медиҳанд.
Оби мусаффои чашма, ки дарахтон дер боз пазмон буданд, миёни ҷӯйҳо шилдир-шилдир ҷорӣ мешаванд. Аз ҳар тарафи боғ бӯйи хуш ва накҳати гулу гиёҳҳо ба машом мерасад.
Ин лаҳзаҳои хушу гуворо мисраъҳои шеърии шоири ширинкалом Муҳиддин Фарҳатро ба хотир меорад:
Гул ба оби ҷӯй вақте ки хуморӣ мешавад,
Барги ҳар як ғунча чашми интизорӣ мешавад.
Об ояд тӯй хоҳам кард, гӯяд боғи нав,
Ҳар қарори ошиқон аз беқарорӣ мешавад.
Ҳар кӣ обод кард, як саҳрои ноободро,
Ҳар ниҳол аз ҳиммати ӯ ёдгорӣ мешавад.
Оре, ҳар як ниҳоли боғи бунёднамудаи бобои Абдулмуъмин Наботов ёдгорӣ аст, барои ояндагон. Ба қавли устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ:
« Ба ҳар ниҳол назар мекунам чу вақти тулӯъ, тасаллӣ меёбам».
Боғи бобои Абдулмуъмин дар шафати роҳи мошингарди Данғара-Кангурт-Балҷувон-Ховалинг воқеъ гардидааст. Аз он тарафи роҳ начандон дуртар аз боғ осорхона ва ҳайкали ёдгории Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Саидқул Турдиев, ки зодаи кӯҳистони Балҷувон аст, бунёд карда шудааст. Қисман меҳмонону сайёҳоне, ки аз ин мавзеи таърихӣ дидан мекунанд, ба боғи бобои Абдулмуъмин низ ташриф оварда, аз меваҳои ширину шаҳдрез нӯши ҷон мекунанд. Даҳҳо роҳгузарону мусофироне, ки бо зарурат дар ними роҳ мемонанд, дар хона ва болои катҳои зери дарахтони боғ шабро рӯз мекунанд. Бобои Абдулмуъмин ҳамаи онҳоро меҳмондорӣ мекунад ва ба қавли худаш «савғотӣ» ҳам медиҳад. Ӯ ҳамчун шахси хайрхоҳу ҳимматбаланд ба садҳо нафар эҳтиёҷмандон дасти кумак расонидааст. Ва ба қавли бузургон «ба рӯйи садҳо ноумедон дари умед» кушодааст. Хайрхоҳи мардум аст. Ин марди бузургу боғбони асил шукронаи тинҷиву амонӣ ва ободии кишварро мекунаду ба халқу Ватани азизаш меҳру садоқати беандоза дорад.
Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ гӯё ин мисраъҳои шеъриро барои чунин одамон гуфтааст:
Мо қиссаи Сикандару Доро нахондаем,
Аз мо ба ҷуз ҳикояти меҳру вафо мапурс.
Аъзам БОБОЕВ, ноҳияи Балҷувон
Добавить комментарий
Ахбор
ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 15:48Чор иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд 15:03Фестивал намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор гардид 14:16Аввалин ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар дар вилояти Хатлон анҷом дода шуд 16:48Ҷ. Балхӣ. Корхонаи ордбарорӣ дубора эҳё мешавад 15:36Беш аз 1000 нафар бо ҷои кор таъмин шуд 15:44“Тасмаи бехатарӣ муҳофизи шумо” 14:51Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд 13:30
Серхонандаҳо
Нурализода Наргис: Мароми мо - баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа
Ёвон. Майдончаи варзишӣ ифтитоҳ шуд
ДАСТОНИ ПУРҲУНАР
Ҷ. Балхӣ. Бунгоҳи тиббии нав ифтитоҳ шуд
Бохтар. Чорабинии мудофиаи ҳудудӣ доир гардид
Дӯстӣ. Бунёди боз як иншооти соҳаи тандурустӣ
СУХАНИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ЧОРАБИНИИ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА
Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд
Бохтар. Кӯдакон соҳиби майдонаи варзишӣ шуданд
Панҷ. Пиёзи барвақтӣ ба бозор бароварда мешавад