Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
800 ҲАЗОР СОМОНӢ БАРОИ ТАЪМИРИ РОҲҲО
-Давоми шаш моҳи соли 2021, барои таъмиру нигаҳдории роҳҳои маҳаллии ноҳияи Ёвон, аз буҷети маҳал зиёда аз 800 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, ки бо ин маблағ 300 метр роҳ таъмири асосӣ ва 266 километр таъмири ҷорӣ карда шудааст,-гуфт раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед зимни нишасти матбуотӣ.
Ба иттилои ӯ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ соли ҷорӣ пули калонҳаҷми маркази ноҳия бо харҷи беш аз 12 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст. Инчунин марҳила ба марҳила бо харҷи 11 миллион сомонӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ анҷом дода мешаванд.
Ҳамчунин бо дастгирии соҳибкори муваффақи маҳаллӣ, соҳибмулки силсилакорхонаҳои ҶДММ “Ғаюр” Акбар Асадулло бо харҷи 3,5 миллион сомонӣ 2,4 километр роҳҳои автомобилгарди ҳудуди шаҳраки Ёвон мумфарш карда шуд. Илова бар ин бо дастгирии соҳибкорон роҳҳои маҳаллии деҳоти “Обшорон” ба масофаи 1,6 километр ва дар кӯчаи ба номи Ҷалолиддин Бобиеви шаҳраки Ёвон масофаи 600 метр мумфарш карда шуд.
Саидозода Ҷамшед ҳамчунин гуфт, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби мақомоти маҳаллӣ ва дастгирии соҳибкорон қисми зиёди роҳҳои ҳудуди шаҳраки Ёвон мумфарш карда мешаванд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД



