Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Бояд донист!
Фасли гармо барои бонувон мавсими захираи меваю сабзавот оғоз мегардад. Ин давраест, ки ҳар кадбону дар баробари маҳорати хеш бояд ба саломатии худ ва атрофиён бодиққат бошад. Аз ҷумла, дар ҷараёни омодасозии маҳсулот ва тамйизгардонӣ барои захираи зимистон дар навбати аввал бояд тарзи дурусти безараргардонӣ ва шустани маҳсулотро ба роҳ монд.
Агар сабзавоти каме ҳам бошад вайроншударо барои захира истифода барем ё банкаҳоро тоза нашўем бактерияҳои он маҳсулотро заҳролуд мекунад ва дар натиҷа давоми моҳ сарпўши он дам мекунад. Дар ҳолати варам кардани сарпўши банкаҳо истеъмоли он қатъиян манъ аст. Зеро истеъмоли он инсонро заҳролуд (ботулизм) мекунад.
Яке аз сабабҳои асосие, ки пас аз маҳкам кардани мањсулот сарпўши он медамад, ин зарфи шикаста ё ин ки тоза нашустани банкаҳо аз маҳлули шустушўӣ мебошад. Набояд фаромўш сохт, ки зарфи шикаста барои нигоҳдошти маҳсулот то фасли сармо номумкин аст.
Зарфҳо бояд 2 соат қабл аз маҳкам кардан на камтар аз 25 дақиқа дар буғ нигоҳ дошта шавад ва безараргардонии сарпўши он 10 дақиқаро бояд ташкил диҳад.
Дар аксар хўриш ё мураббоҳое, ки омода мекунем пас аз андохтани маҳсулот банкаро бояд дар ҳарорати дараҷаи муайян безарар гардонем. Аз ҷумла, бодирингро 120 дараҷа ва хўриш дар ҳарорати 65 дараҷа гармӣ бояд тамиз карда шавад.
Дар ҳолати шустани зарфҳои шишагин аз маҳлулҳо истифода бурдан мумкин нест. Зеро моддаҳои кимёвие, ки дар таркиби он мавҷуд аст, зудшустанашаванда буда, таъсири худро ба маҳсулот мерасонад. Пеш аз андохтани маҳсулот ба зарф бо сачоқ ва лата хушк накунед, зеро он сабаби ворид шудани ҳар гуна микробҳо мегардад.
Зарфҳои шишагинро бо моддаи ковоккунанда (сода) шустан бехатар аст, зеро он бактерияҳоро рафъ месозад.
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



