Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
03 июл 12:17АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Сохтмон ва меъморӣ
САНЪАТИ АСИЛ АЗ БАЙН НАМЕРАВАД
Нақшҳои сурху сабз, кабуд ва зарҳалини рӯи девору сақфи толори тозабунёди Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмаликро дастони моҳиру мӯқаламони гурўҳе аз ҷавонони ҳунарманд оро додаанд. Усто Азизу ҳамроҳонаш бо истифода аз санъати миллии гаҷкорӣ Кохи маданиятро ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти Ватан омода менамоянд.
- Гаҷкорӣ аз санъати қадимаи меъморию шаҳрсозии тоҷикон аст, -мегӯяд Азиз Солиев. - Онро асосан барои ороиши биноҳои маъмурию фарҳангӣ истифода мебаранд. Агар ба толору долонҳои марказҳои илмию маданӣ назар афканем, ба арзиши баланди ин санъати асил боз ҳам қоил мегардем. Зеро девору шифтҳое, ки гаҷкорӣ шудаанд, солҳои дароз бетағйир боқӣ монда, нақшҳои он аз таъриху тамаддуни бостонии миллатамон гувоҳӣ медиҳанд. Ба ин мисол шуда метавонад бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, собиқ бинои Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, Осорхонаи “2700-солагии Кӯлоб” ва якчанд масҷиду мадрасаҳо, ки ифодакунандаи санъати асил мебошанд.
Ба гуфтаи усто Азиз гаҷ санги мадании махсуси мулоим аст, ки онро дар кӯра пухта, дар бинокорӣ ба кор мебаранд. Хокаи гаҷ низ истифода бурда мешавад, ки он хеле маҳин аст. Онро гулгаҷ ҳам меноманд. Њунарманди ҷавон њунари гаҷкориро дар қиёс бо кандакории рӯи чӯб сабуктар мешуморад. Вале ба таъкиди ӯ санъати наққошӣ низ риояи қоидаҳои хосро талаб мекунад. Бинобар маълумотҳои дарёфта нақшҳо асосан бо номҳои рута, мадохил, якрафтор, серафтор, ислимии баргӣ, нақши мунаббат, даврагул, турунҷ, китоба, таблу, гули гиреҳ ва намоён маъмул буда, ҳар кадом маънӣ ва фалсафаи худро доранд.
- Асбобҳои қадимаи гаҷкорӣ аз қалам, пилтақалам, минқор, шутургардан, патакбинӣ, пухқалам, наво, қалами шукуфта, морпеч, исканаи нова, исканаи кунҷак, исканаи рост, корди пардозӣ, гулқалам, дарафш, элак, сатил, андовачӯб, чӯби рост ва ғайра иборатанд, - иброз медорад ин наққош.
Аммо ба гуфтаи ӯ имрӯз ба ҷойи аксари ин асбобҳо дастгоҳу лавозимоти нави соҳавие истифода мешаванд, ки кори онҳоро то андозае осонтар кардааст.

Санъати мазкурро Азиз Солеҳов аз усто Фозил ном ҳунарманди суғдӣ замони мактаббачагиаш омӯхтааст. Бо гузашти 15 сол ӯ худ устои касбӣ гашта, бо ҳамин касбу кори пурифтихор рӯзгори оилаашро пеш мебарад. Азиз 31 сол дошта, ба даҳҳо ҷавонони хатлонӣ ҳунари гаҷкориро омўхтааст. Ба гуфти ҳунарманд ин касб хеле нозуку пурзаҳмат аст. Барои аз худ намудани нозукиҳои он на ҳамаи ҷавонон сабру таҳаммулро пеша мекунанд. Зеро барои пурра омӯхтани он ҳадди ақал 4-5 сол лозим мешавад.
-Шогирдонам Саидмуҳаммад аз ноҳияи Фархор, Азамат аз Данғара, Рустам аз шаҳри Бохтар, Олим ва Муҳибулло аз Ҳисор ва якчанд нафари дигар аз манотиқи гуногуни кишваранд, ки онҳо ҳунари гаҷкориро пурра аз худ намуда, имрӯз мустақилона кор мекунанд, - таъкид мекунад ҳунарманд.
Намунаҳои кори гаҷкорӣ ва шишабандии усто Азизро метавон дар Қасри фарҳанг ва чойхонаи миллии ноҳияи Данғара дид, ки басо зебову дилфиребанд. Аз инҷост, ки аксари ҳамоишу тадбирҳои адабию фарҳангӣ дар маконҳои номбурда барпо мегарданд. Зеро нақшҳои офаридашуда на танҳо миллианд, балки онҳо бо рангорангию дилчаспии худ мақбули таъби нозуки ҳамагон мебошанд.
-Понздаҳ асари наққошие, ки дар қасри тозабунёди Кангурт ҳаккоки шудаанд, нотакрор буда, ҳеҷ кадоме аз онҳо дар дигар ҷой истифода нагардидаанд, - мегӯяд Азиз Солеҳов. - Лаганҳои сафолин, ки дар гирду атрофи сақфи толори Қаср насб гардидаанд ғояи нав буда, бо тасвирҳои миллиаш ифодакунандаи ҳунари дастии қадимаи тоҷикон аст. Дар тарҳу ороиши ин кохи пуршукўҳ мо кӯшиш намудем, ки пурра аз нақшу нигор ва намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ истифода барем, то ин ки онҳо на танҳо ба толор зебу зиннат бахшанд, балки чун як ҷузъи таърих ва фарҳанги миллии мо ба наслҳои дигар боқӣ монанд, - илова намуд зимни суҳбат ин ҳунарманди чирадаст.
Ба қавли ҳамсуҳбатамон ҳарчанд ҳоло зардеворҳои қиматбаҳову дигар анвои ороишӣ хеле зиёданд, аммо ҳамоно санъати асил аз байн нарафтааст. Баръакс солҳои охир ҳунарҳои дастӣ аз нав эҳё шуда истодаанду сокинон низ ба онҳо аз нав дилбастагӣ пайдо кардаанд. Бахусус, дар аксари иншооти ҷашнӣ, ки ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти кишвар қомат афрохтаанд, талабот ба санъати миллӣ афзудааст.
Азиз Солеҳов дар кори худ намунаҳои нақшҳоро аз китоби Усто Ширин Муродови бухороӣ мегирад. Зеро ба гуфтаи вай номбурда аз зумраи барҷастатарин устодони санъати гаҷкорӣ буда, ин ҳунарро ба арши воло расонидааст. Ҳунарманди ҷавон худаш низ пайваста пайи эҷод асту асарҳои нав ба нави наққоширо рӯи коғаз офарида, ба қолаб медарорад ва дар натиҷа аз маҳсули дасти ӯву ҳампешагонаш ҳар гӯшаи диёр ободу зебо мегардад.
Ҳунарманди ҷавон Азиз Солеҳов дар идомаи суҳбат мисраъҳои зерро хонда, бо изҳори хушнудӣ аз касбу кораш иброз дошт, ки бо меҳнати ҳалолаш дар Ватан ризқу рӯзии фаровон дорад. Аз ин лиҳоз ӯ дигар ҷавононро ҳам ба ҳунаромӯзӣ даъват намуда, таъкид дошт, ки подоши заҳмати ҳар нафар дар дасти худи ӯст.
Ҳунар омӯз к-аз ҳунармандӣ,Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ
М. АМОНҶОН
Добавить комментарий
Ахбор
ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 15:48Чор иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд 15:03Фестивал намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор гардид 14:16Аввалин ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар дар вилояти Хатлон анҷом дода шуд 16:48Ҷ. Балхӣ. Корхонаи ордбарорӣ дубора эҳё мешавад 15:36Беш аз 1000 нафар бо ҷои кор таъмин шуд 15:44“Тасмаи бехатарӣ муҳофизи шумо” 14:51Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд 13:30
Серхонандаҳо
Нурализода Наргис: Мароми мо - баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа
Ёвон. Майдончаи варзишӣ ифтитоҳ шуд
ДАСТОНИ ПУРҲУНАР
Ҷ. Балхӣ. Бунгоҳи тиббии нав ифтитоҳ шуд
Бохтар. Чорабинии мудофиаи ҳудудӣ доир гардид
Дӯстӣ. Бунёди боз як иншооти соҳаи тандурустӣ
СУХАНИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ЧОРАБИНИИ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА
Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд
Бохтар. Кӯдакон соҳиби майдонаи варзишӣ шуданд
Панҷ. Пиёзи барвақтӣ ба бозор бароварда мешавад