Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ТЕАТРИ ЛӮХТАК - МАКОНИ ТАРБИЯ
Вақте вориди хона шудам духтарчаам бо рўймоле гулўяшро баста, бо хирсакаш бозӣ мекард. Маро диду гуфт, «додоҷон, дастонатонро зуд бо собун шуед, боз мисли Шодӣ касал нашавед!»
- Кадом Шодӣ?- пурсидам ўро ба оғўш гирифта.
- Муаллима моро имрўз ба театри лӯхтак бурд. Ҳамон ҷо дидам, ки Шодӣ дастҳояшро нашуста, касал шудааст, - гуфту бозавқ намоишномаро бароям нақл карда, ҷо–ҷо ба қаҳрамонҳои он тақлид карда, гоҳ овозашро борику гоҳ ғафс менамуд…
Тақлидҳои духтарамро дида, дарк кардам, ки аз намоиш таассуроти зиёд бардоштааст. Ба худ қавл додам, ки дар камтарин фурсат бо роҳбари театри лӯхтак суҳбате хоҳам орост. Ин андеша маро ба театри вилоятии лӯхтаки «Афсона» ба назди раҳбари он устод Хайрулло Давлат овард.
- Идеяи ташкил ва таъсиси театри лӯхтак аз куҷо пайдо шуд?
- Театри лӯхтак дар ҳама давру замон лозим буду ҳаст ва лозим мемонад. Чунки ҳаёт аз лӯхтак сар мешавад. Аз гаҳвора. Ба воситаи лӯхтак инсон чӣ будани некиву бадӣ, меҳру муҳаббат, дӯстиву рафиқӣ, ҳурмати волидон, ёриву дастгирии ҳамдигарро мефаҳмад, дарк мекунад. Фикр мекунам, ки театри лӯхтак дар тарбияи насли наврас хеле лозим аст, шурўъ аз боғчаи бачагона то синфҳои ибтидоӣ.
Мутаасифона, дар кишвари мо ҳамагӣ 2 адад театри лӯхтак мавҷуд буд. Яке дар шаҳри Душанбе ва дигараш дар шаҳри Бўстон. Ин хеле кам аст, барои мисол дар як худи шаҳри Теҳрон 70 театри лӯхтак фаъолият мекунанд. Ва соли 2003 бо пешниҳоди ҷониби Эрон маҳз рўзи 21 март – рўзи Наврўз ҳамчун Рўзи байналмилалии лӯхтакбоз аз ҷониби ЮНЕСКО дар тамоми дунё пешниҳод ва қабул гардидааст.
Вақте ман ба ҳайси саррассоми Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов фаъолият мекардам, дар он беш аз 10 сол як гурӯҳи лӯхтак амал мекард. Вақте бинои нави театр сохта шуду ҳама ба он тараф кўчиданд, ба собиқ муовини раиси вилоят Хидирзода Махфират пешниҳод кардам, ки дар заминаи бинои пешини театр як театри лӯхтак таъсис диҳем. Он кас пурсиданд, ки оё мутахассис дорем, ман гуфтам, ки ба ҳайси рассом- лӯхтаксоз- ороишгар ҳастам, боз гурӯҳи лӯхтакро низ ин ҷо даъват мекунем. Пешниҳод қабул гардид ва мо корро аз сифр сар кардем. Қариб як сол барои таҳияи ҳуҷҷатҳо рафт ва хушбахтона, 27 декабри соли 2017 бо фармоиши раиси вилояти Хатлон Театри вилоятии лӯхтаки «Афсона» дар шаҳри Бохтар таъсис ёфт. Барои мутобиқ кардани бинои театр ба талаботи театри лӯхтак боз қариб ним сол гузашт ва мо асосан аз нимаи дуюми соли 2018 ҳамчун театри лӯхтак ба фаъолият шурўъ карда, худи ҳамон сол дар Фестивали байналмилалии лӯхтак, ки ҳар ду сол дар Душанбе мегузарад, бо намоишномаи «Бе ранҷ наёбӣ ганҷ» иштирок карда, соҳиби туҳфаҳо ва диплом шудем. Аллакай моро дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва берун аз он шинохтанд. Робитаҳои мо бо дигар театрҳои лӯхтак барқарор шуданд, ки то ҳол давом дорад. Соли дуввум дар фестивали театрҳои касбии «Парасту» бо намоишномаи «Подоши амал»-и коргардони театрамон Абдураҳим Абдураҳмонов соҳиби дипломи «Беҳтарин дебюти режиссерӣ» шудем. Дар соли 2020 нақшаҳои зиёд доштем. Аллакай барои иштирок дар шаҳри Набережние Челнии Россия дар Фестивали байналмилалии лӯхтак даъватӣ будем ва мутаассифона, бемории коронавирус COVID-19 ба ин чиз монеа шуд. Лекин ба ҳамаи ин нигоҳ накарда аллакай дар зарфи 2 соли фаъолияти худ мо 8 намоиши мукаммали зинда дорем. Боз кор карда истодаем. Мутобиқи репертуари тасдиқнамудаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон асари устод Зариф Ибод «Гаҳвораҷунбонак ва мор» ва асари Тоир Мамаризоев зери унвони «Ба некӣ бадӣ нашояд»- ро рўи саҳна овардем. Театр бояд ҳамқадами ҳаёт бошад, чӣ театри калонсолон ва чӣ театри лӯхтак. Мо ҳам аз ҳаёт қафо намондем. Вобаста ба ин бемории ҳамагир, пешгирии он ман худам як намоишнома бо номи «Шодиҷон чаро касал шуд?»-ро навиштам ва онро рўи саҳна овардем. Аллакай нахустнамоишнома гузашт. Яъне, мо ҳар семоҳа як намоишнома таҳия намуда, омода шудаем. Умедворем, ки муҳити эпидемиологӣ хуб мешавад ва мо ба оғўши тамошобин меравем, ба хориҷ аз кишварамон ҳам рафта, аз тавоноиву маҳорати худамон мардумро огоҳӣ мебахшем.
-Шумо солиёни дароз дар театри калонсолон фаъолият доштед. Бигўед, ки тафовут миёни театри калонсолон ва театри лӯхтак то чӣ андоза аст?
- Тафовут дар он аст, ки мо актёр ё ҳунарманди касбии лӯхтак надорем, мо онҳоро худамон месозем. Мо кӯшиш намудаем, ки аз миёни ҳунармандони театри Ато Муҳаммадҷонов ҳунармандонро ба кор даъват намоем. Аммо махсусияти театри лӯхтак дар он аст, ки ҳунарманд паси парда мемонад ва баъзе ҳунармандони мо аз он, ки 4-5 сол дар донишгоҳҳои касбӣ таҳсил кардаанд, паси парда мондан намехоҳанд.
- Яъне, мехоҳанд чеҳраҳояшон намоён бошад?
- Бале, ин як тарафи масъала. Ҳунарманди театри лӯхтак аввалан бояд овози бақувват дошта бошад. Зеро доимо зинда баромад мекунад. Дуюм ин ки суханронияш бояд ба қаҳрамон мутобиқат намояд, яъне барои мисол ҳангоми бозии нақши харгўш овози маҳину борик, барои бозии нақши хирс овози ғафси дағал ва ғайра. Агар ҳамин чизро ҳунарманд аз худ накунад, кўдак, ки зеҳнаш тез аст, ба ў бовар намекунад. Бубинед, дар кишварҳои пешрафта лӯхтакбоз аз саҳна берун меояд ва озод онро бозӣ мекунад, аммо тамошобин танҳо лӯхтакро мебинад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки маҳорати лӯхтакбозиаш, ки ба забони мо «кукловождения» меноманд, он қадар баланд аст, ки кӯдак, тамошобин, онро намебинаду танҳо лӯхтакро мебинад. Ин ҷо ҳунарманд асил аст ва бо тамоми вуҷудаш бозӣ карда, кӯдакро бовар мекунонад.
Чизи дигар он аст, ки бояд лӯхтакбоз дасти боқувват дошта бошад. Ҳатто дар як мусоҳибааш асосгузори театри лӯхтаки Россия Сергей Образтсов изҳор дошта буд, ки «дастону бозувони ман мисли оҳан шудаанд». Тасаввур кунед, ки то 30 - 40 дақиқа дасти лӯхтакбоз бардоштагӣ асту боз бозӣ мекунад.
-Ба андешаи ман тамошобини лӯхтак назар ба тамошобини театри калонсол бештар аст, дуруст гуфтам?
- Мо бояд тамошобинро омода кунем, то дарки сухан, дарки асар дошта бошад. Ҳамин озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ба андешаи ман, маҳз ба ҳамин хотир аст. Имрўз тамошобини театри калонсол омода нест, то асари саҳнавиро дарк карда тавонад. Кўдакони мо бошанд, аз он ки аксаран дар хона, дар боғча аз рўи афсонаҳое, ки ба онҳо нақл карда мешаванд ва ё хонда мешаванд, қаҳрамонҳоро мешиносанд, хислати онҳоро баҳо дода метавонанд. Барои мисол кӯдакон медонанд, ки гург бадкору зишт аст, харгўшак бечораву дастнигар ва аз ин хотир асарҳои театри лӯхтакро ба зудӣ дарк ва қабул карда метавонанд.Пас, театри лӯхтак барои тарбияи кўдакон, омода намудани онҳо ба театри калонсолон, дарки сухану асар нақши бориз дорад. Шояд мо барои ин кор як андоза дер ҳам карда бошем. Театри лўхтак аз аввал, аз солҳои 80-уми асри гузашта бояд сохта мешуд, то мо имрўз тамошобинеро тарбия карда метавонистем, ки аллакай беш аз 30 сол дорад. Дар вилояти Суғд театри лӯхтак аз аввал фаолият мекарду дар мо ҳамин чиз аз мадди назар дур монда буд. Он чизе, ки дар кўдакӣ аз ёд кардаем, то имрўз мо онро медонем, чун калонсол гаштаем, як мисраъ шеърро баъди чандин соати тамрин азбар мекунему боз баъди чанд муддат фаромўш мешавад.
- Ҳар як театр танҳо ду мушкил дорад: яке тамошобин надоранд, дигар ин мушкили молиявӣ. Ин ду мушкилиро омили асосии рушд накардани театри тоҷик номбар мекунанд…
- Маблағгузории мо пурра давлатӣ аст. Ба қадри тавон буҷети вилоят моро маблағгузорӣ карда истодаанд. Солҳои аввал мушкилтар буд. Аммо нисбатан беҳтар шуда истодааст. Умедворем, ки соли 2021 барои харидории дастгоҳҳо, аз ҷумла дасгоҳҳои чўббурӣ, харротӣ ва дигар ки хеле заруранд, маблағ пайдо хоҳад шуд. Театри лўхтак як устохонаи махсуси худро бояд дошта бошад. Баъди ин рассом он чизе, ки барои амали намудани сужа лозим аст, метавонад бисозад. Ҳамчунин мо аз ҳисоби даромадҳои худӣ баъзе аз ин корҳоро анҷом дода истодаем. Мо тамошобин дорем, аммо таваҷҷуҳ ба мо камтар аст. Барои мисол намоишномаҳое, ки театрҳои дигар таҳия мекунанд, мақомоти маҳаллӣ онҳоро дастгирӣ мекунад, дар муассисаҳои таълимӣ онҳоро бамаротиб ба намоиш мегузоранд, аммо мактубҳои мо, моҳҳо рўи мизи кории роҳбарон мехобанду театрҳои дигар як намоишномаро чанд маротиб давр мезанонанд. То имрӯз нашудааст, ки дар ягон ҷо, дар ягон муассиса ягон нафар аз намоишҳои мо норозӣ бошанд. Аммо афсус, ки он чизе ки мо мехоҳем, он чиз намешавад…
- Таъминоти кадриатон дар кадом поя аст, бозомўзии ҳунармандон чӣ гуна амалӣ карда мешавад?
- Мо феълан танҳо ба қувваи худамон такя карда истодаем. Зеро агар ягон мутахассисро даъват намоем, маблағи ҳангуфте талаб мекунад, ки мо онро надорем. Хушбахтона, ягона мутахассиси соҳаи лӯхтак Абдураҳим Абдураҳмонов аст, ки собиқаи беш аз 20 сола дорад ва айни замон ба ҳайси коргардони театри мо фаъолият дорад. Мутахассисони ҷавонро тарбия карда истодаем. Барои мо маълумоти ҳунарманд аҳамият надорад, танҳо маҳорати ў қобили қабул аст. Бояд зикр кунем, ки мо феълан дар сатҳи омўзиш ҳастем, худамон омўхта истодаем, мактаби махсуси худро дорем, ки ба тарбияи мутахассисон машғулем.- Намоишҳое, ки то имрўз омода кардед, намоишҳои сирф миллӣ, маҳсули заҳмати адибони маҳаллӣ, афсонаҳои халқии мо ҳастанд. Оё ба омода намудани асарҳои сатҳи ҷаҳонӣ даст назадаед? Ё онҳо харидор надоранд?
- Агар аз нуқтаи назари фосилаи таърихӣ бигирем, ин дувуним сол як фурсати ночиз аст. Барои театри касбӣ шудан фарсахҳо роҳ лозим аст. Новобаста аз ин мо дар чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ дар баробари театрҳои машҳури Амрико, Россия, Белорусия ва ҳатто Эрон иштирок намудем ва баҳои баланд гирифтем. Аллакай пайнақши (почерки) худ, симои худро пайдо намудем. Мо кӯшиш мекунем, ки тақлид набошад. Мутаассифона, мо адибе надорем, ки барои театри лӯхтак асар эҷод намояд. Ин мушкили рақами 1 аст. Маҷбурем, ки дар асоси афсонаҳои халқӣ бо дарназардошти шароитҳои театри лӯхтак намоишномаҳо таҳия намоем.
Медонед, мушкилоти техникӣ ислоҳшаванда аст, аммо мушкили набудани асарро мо ҳал карда наметавонем. Шояд, ки баъди ягон 5 сол театр баъди ислоҳи камбудиву норасоиҳои техникиву бадеиву маишӣ ба ягон роҳи фаррохтар барояд.
– Аксаран театри лӯхтакро танҳо ҳамон намоишномаи 30-40 дақиқаина медонанд. Маълум мешавад, ки паси парда чӣ қадар кори мушкиле ҳамарўза бояд анҷом дода шавад, ки ин намоишномаи ба назар кучак рўи саҳна биёяд. Дар ин ҷодаи пуршараф бароятон камолу обру мехоҳем.
- Ташаккур!
Суҳбати Абубакри ФАЙЗАЛӢ
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД