Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
МУЛОҚОТИ ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА БО РОҲБАРИЯТИ МУЗОФОТИ ШЭНСӢ
Дар доираи сафари кории ҳайати вилояти Хатлон ба музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Халқии Хитой раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар ҷаласаи мизи мудаввари намояндагони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок намуд. Тавре аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар ин ҳамоиш иштирокдорон доир ба масъалаҳои муосири соҳаи кишоварзӣ, муаммоҳои мавҷуда ва дурнамои рушд табодули назар карданд.
Инчунин мулоқоти раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва ҳайати ҳамроҳонаш бо роҳбарияти музофоти Шэнсӣ сурат гирифт.
Қ. Ҳакимзода зимни вохӯрӣ иброз дошт, ки Ҷумҳурии Халқии Хитой дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи арзишмандро ишғол менамояд. Мулоқотҳои расмӣ ва дӯстонаи сарони Тоҷикистону Хитой, имзои асноди гуногуни ҳамкорӣ, ки барои мардуми кишварҳо тақдирсоз мебошанд ва дар асоси риояи меъёрҳои инсондӯстона, баробарҳуқуқӣ, ҳамсоягӣ, эҳтироми байниҳамдигарӣ, бо дарназардошти манфиатҳои муштарак таҳия гардидаанд, исботи ин гуфтаҳост.
Хэ Рон, роҳбари ҳайати музофоти Шэнсӣ дар ин мулоқот низ аз сатҳи ҳамкориҳои ин ду минтақаи Тоҷикистону Чин, бахусус дар заминаи иқтисодиву фарҳангӣ, изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки ҳукумати музофоти Шэнсӣ хоҳишманди ҳар чӣ бештари тақвиятбахшии равобит бо вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Раиси вилояти Хатлон қайд кард, ки сафари ҳайат ба шаҳри Вэйнан - зодгоҳи Сарвари Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Тзинпин бисёр хотирмон буд. Қобили зикр аст, ки Вэйнан ва ноҳияи Данғараи Тоҷикистон -зодгоҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бародаршаҳр мебошанд.
Инчунин миёни вилояти Хатлон ва музофоти Шэнсӣ Меморандум оид ба барқарорсозии муносибатҳои бародарона (04.09.2017) ба тасвиб расидааст.
Ширкатҳои хитоӣ дар баробари сармоягузорӣ ба соҳаи саноату истеҳсолот, ҳамзамон дар вилояти Хатлон дар самти азхудкунии заминҳои боир низ кор мебаранд. Аз ҷумла бо ҷалби сармояи чинӣ ҶДММ “Водии заррин” аллакай қариб 5 ҳазор нектар заминро дар ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун ба гардиши кишоварзӣ дароварда, соли дуюм аст, ки ба истеҳсоли пахта, гандум, биринҷ ва дигар маҳсулот машғуланд.
Ҳамин гуна тарҳҳо аз ҷониби ширкати “Ҷунтай Хатлон Син Силу” дар навоҳии Данғара, Дӯстӣ, Ҷ. Балхӣ, Кӯшониён ва Ёвон амалӣ шуда истодааст.
Дар ноҳияҳои Фархор, Панҷ, Ҷайҳун, Қубодиён, Шаҳритуз, Носири Хусрав имкони азхудкунии беш аз 20 ҳазор гектар замин мавҷуд аст.
Раиси вилоят Қ. Ҳакимзода таъкид кард, ки бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан пахта, ба ширкатҳои хитоӣзиёда аз 10,6 ҳазор гектар замин ихтисос дода шудааст. Ширкатҳои хитоӣ бо истифода аз техникаи кишоварзӣ ва дигар технология истеҳсоли маҳсулотро ба роҳ мондаанд.
Зикр гардид, ки айни ҳол миёни вилояти Хатлон ва минтақаҳои Хитой ҳамлу нақли молу маҳсулот асосан тавассути роҳҳои мошингард сурат мегирад. Изҳори умедворӣ карда шуд, ки дар оянда ифтитоҳ ёфтани хатти сайри ҳавоӣ миёни музофоти Шэнсӣ ва вилояти Хатлон боиси густариш ёфтани гардиши молу маҳсулот ва ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ хоҳад шуд.
Қобили зикр аст, ки Чин калонтарин сармоягузор ва калонтарин шарики тиҷоратии Точикистон ба шумор меравад. Робитаҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаи иқтисод дар ҳамсоягии якдигар ҷойгир будани кишварҳо, инчунин дар мавҷуд будани потенсиали муайяни захираҳои табиӣ ва транзитӣ асос меёбад.
Ҳамкории Тоҷикистону Чин бо тамоюли зичи робитаҳо дар сатҳи баланд ва заминаи мустаҳками шартномавию ҳуқуқӣ тавсифёбӣ мешавад. Заминаи ҳуқуқии робитаҳои дуҷониба зиёда аз 200 шартномаву созишномаҳои соҳаҳои мухталифро дар бар мегирад. Аз ҷумлаи ҳуҷҷатҳои асосӣ Эъломияи муштараки сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид барқарор кардани муносибатҳои шарокати стратегӣ (ш. Пекин, 20.05.2013) ба шумор меравад.
Аз Чин ба Тоҷикистон асосан маҳсулоти нассоҷӣ ва дигар молҳои ниёзи мардум, таҷҳизоту мошинолот, маводҳои сохтмон, озуқаворӣ ва ашёи хоми кишоварзӣ ворид карда мешаванд.

"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39НАФАҚА – КАФОЛАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ БА ШАҲРВАНДОН 13:32БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД 14:02АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ 13:58РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 16:52ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 12:56ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД 15:47Ҳамоиш таҳти унвони "Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад" 12:36
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН
АЗ УМЕД ТО ХАТАР