Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Омӯзгори хушзавқ
Исми Ҳотам Хоҷиев барои хонандагони маҷаллаи «Сафо» ошност. Бо ин ном дар маҷаллаи «Сафо» мақола, ҳикоя, ҳаҷву дигар матлаби муаллиф нашр мегардад. Ҳотам Ҳоҷиев, омўзгори собиқадори фанни забон ва адабиёти тоҷик аз ноҳияи Кўшониён аст, ки солҳо боз бо матбуоти даврӣ ҳамкорӣ дорад.
Ў собиқаи беш аз 50 солаи омўзгорӣ дошта, дар ин ҷода таҷрибаи фаровон андўхтааст. Тўли фаъолияти беш аз нимасраи худ шогирдони зиёдеро тарбия намуда, дар ин баробар бо матбуоти даврӣ ҳамкории зич дошт ва дар мавзўъҳои гуногун матлабҳои хонданӣ пешниҳод намудааст. Нахустин хабараш дар рўзномаи ноҳиявӣ ҳине, ки мактабхон буд, чоп шуд. Дар замони Иттиҳоди Шуравӣ дар нашрияи ноҳиявӣ чоп шудани мақолаи мактаббачае як ифтихори бузург буд. Ҳотам Ҳоҷиев баъди ин ҳодиса рўҳбаланд гардида, бо шавқу шўр менавишту бо матбуоти даврӣ алоқамандӣ дошт. Ҳангоме, ки дар мактаб дарс мегуфт, гоҳо вақт ёфта ба сўи идораи рўзномаи «Вахш» мешитофт. Ин ҷо шодравон шоир Пирумқул Сатториро вохўрд ва мулоқот бо адиб ба ў олами дигареро боз намуд. Акнун ин омўзгори хушзавқ лавҳа, мақола, ҳикояҳои навқаламона навишта, ба идораи рўзномаи «Вахш», ба мулоқоти П. Сатторӣ меомаду бо маслиҳати устодон маҳорати худро сайқал медод.
Омўзгори ҷавон завқи баланди эҷодӣ, робитаи ногусастанӣ бо китоб дошту бо шоирону эҷодкорон ҳамкорӣ мекард. Ҳар бор бо маҳсули эҷодие ба назди аҳли эҷод омада, аз суҳбати эшон баҳра мебардошт. Муаллим кўшиш мекард, то ин ки шогирдон низ дар ҳамин рўҳия тарбия ёфта, китобдўсту бомаърифат ба камол бирасанд. Дар ҳамон давра чандин маротиба вохўрию мулоқоти адибони даврро бо шогирдонаш дар мактаб ташкил намуд, то онҳо ҳам аз суҳбати рўҳнавози эшон баҳравар гарданд.
Маҳз бо иқдоми ў дар мактаби №1-и имрўза ноҳияи Кўшониён ду маротиба маҳфили «Ширу шакар» -мулоқоти шоирон бо хонандагон баргузор гардида буд. - Базми шеъру суруд хеле хотирмон сурат гирифта, то фарҷоми маҳфил касе толорро тарк намекард. Барои толори барҳаво надоштанамон аз адибон узрхохӣ намудам,- қисса мекунад Ҳ. Ҳоҷиев. – Устод П. Сатторӣ гуфтанд, ки одамоне ҳастанд, ки толори барҳаво доранду ҳавсалаи баргузор кардани чунин чорабинии хотирмонро надоранд.
Устод Ҳотами Хоҷӣ як хислати наҷиб дорад, ки китобҳоро дар қатори фарзандонаш дўст медораду чун гавҳараки чашм эҳтиёт мекунад. Тавре қисса мекунад, барои ин теъдод китобҳоро ҷамъ овардан хеле заҳмат кашидааст. Ҳар гоҳе, ки мешунид дар ин ё он мағозаи китобфурўшӣ китоби нав омадааст, дар зудтарин фурсат расида мерафт, гоҳе савора гоҳе пиёда, дар навбат меистод. Чанд номгўи китобҳои пурқиматро аз маркази ноҳияи имрўза Вахш харида, бо велосипед ба хона овард. Дар он замон барои як зиёӣ китобхонаи шахсӣ доштан як меъёри муқаррарӣ буд. Дар китобхонаи шахсияш ҳазорҳо нусха китоб аз адабиёти шоирону нависандагони тоҷику ҷаҳонӣ ҷамъ овардааст. Ба қавли ў ягона василаи суханвару сухандонӣ ин мутолиаи китоб аст ва иқдоми пешгирифтаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро бобати эълон гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» муҳим арзёбӣ менамояд.
Ҳотами Ҳоҷӣ дар ноҳияи Ғончӣ имрўза Спитамени вилояти Суғд ба дунё омадааст. Хатмкардаи донишкадаи омўзгории ба номи С. Айнӣ буда, соли 1968 тибқи роҳхат ба водии Вахш фиристода мешавад. Дар он солҳо дар ин водӣ муаллимон ангуштшумор буданд, бинобар ин аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ мутахассисони ҷавон ба кор фиристода мешуд. Фидокорӣ, садоқат ба пешаи омўзгорӣ ва ҳисси баланди масъулият нагузошт, ки омўзгори ҷавон боз ба зодгоҳи худ баргардад. Солҳои 70-ми асри гузашта аҳли оилаашон аз ноҳияи Ѓончии вилояти Суғд ба имрўза Кўшониён кўч бастанд. Омўзгори ҷавон дар ин ҷо оиладор шуду ва ба ҳамешагӣ дар ин водии файзбору заррин монд.
Дар солҳои вазнини 90-уми асри гузашта, ки таҳсил дар мактабҳо қатъ шуда буд, омўзгорони асил мактабро тарк накарданд. Ў ва дигар омўзгорон шабҳо мактабро посбонӣ мекарданд, то ашёи мактабро ба яғмо набаранд.
Аз устод Ҳотам Ҳоҷиев дар хусуси интихоби пешаву пушаймонӣ аз он пурсидам. Посух дод, ки ҳеҷ гоҳе чунин фикр дар сараш наомадааст, ҳатто он замони нобасомонии баъди ҷангҳои шаҳрвандӣ, ки рўзгузаронӣ душвору маоши муаллимон кам буд.
Ҳотами Ҳоҷӣ дар нафақа буда, давлати пирӣ меронад, вале аз мактабу хома дил канда наметавонад. Имрўз ҳам худро муваззаф медонад, ки чун вориси сазовору тарғибгари забони нобу шево ва гуворои тоҷикӣ бошаду аз устодони шеъру адаб панду ҳикмат, шеъру ғазал хонаду шогирдонро ба сўи маърифату фарҳанг ҷалб созад. Ҳанўз ҳам фориғ аз пешаи омўзгорӣ сўи идораи рўзномаҳо мешитобад, то дурдонаҳои эҷодии хешро пешкаши ҳаводорони рўзномаву маҷаллаҳо гардонад.
САФО
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД