Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
24 июн 17:37АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Иҷтимоъ / Маърифат ва тандурустӣ
РИСОЛАТИ ВАТАНДОРӢ
Номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсенти кафедраи «Ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ»-и Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Сайдалӣ Ҳайитовро аз солҳои 80-уми асри гузашта мешиносам. Он солҳо дар идораи обёрии ноҳияи Хуросон кор мекард.
Ӯ соли 1985 Техникуми политехникии шаҳри Душанбе ба номи Ю. А. Гагарин, факултаи гидромелиоратсияро хатм намуда, хизмати ҳарбиро дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ротаи иктишофӣ адо намудааст. Баъдан дар солҳои 1995 факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва соли 2001 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистонро хатм кардааст.
То оғози фаъолияташ дар Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон вазифаҳои масъулро дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ба уҳда дошт.
Баъдан фаъолияти худро ба симати мудири кабинети кафедраи Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон оғоз бахшида, сипас муовини декан оид ба тарбия дар факултаи ҳуқуқшиносӣ, ассистенти кафедраи ҳуқуқи андоз ва соҳибкорӣ, муаллими калони кафедраи ҳуқуқи андоз ва соҳибкорӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявии донишкада, мудири осорхона, сардори бахши таъминоти ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, мутахассиси шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълими раёсати таълимии донишгоҳи мазкур кору фаъолият намудааст.
Қобили кайд аст, ки дар қатори иштирок дар корҳои илмӣ ва ҷамъиятии донишгоҳ дар таҳия ва нашри панҷ китоби дарсӣ- «Назарияи ҳуқуқ ва давлат», «Деваштич», «Налоговое право», «Ҳуқуқи иқтисодӣ», «Назарияи ҳуқуқ ва давлат», «Ҳуқуқи бонкӣ ва асъор» ҳамчунин беш аз 36 васоили таълимӣ ва мақолаҳои илмӣ ва монографияҳо дар мавзӯъҳои мухталиф интишор намудааст, ки имрӯз ин китобҳо мавриди истифодаи устодон ва донишҷўёни мактаби олии кишвар қарор доранд.
Устод Сайдалӣ Ҳайитов давоми фаъолияти илмӣ – педагогияш барои хизматҳои шоёнаш ба халқу Ватан бо ордену медалҳо, нишонҳои сарисинагию ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шудааст. Ӯ бо ростқавлӣ, шуҷоату ҷавонмардӣ, қобилияти хуби ташкилотчигӣ ва роҳбариаш миёни ҳампешагон соҳибэҳтиром аст.
Сайдалӣ Ҳайитов ҳамчун як ватандор аз иқдомҳои созандаю ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ намуда, саҳми худро дар ободонии як гӯшаи диёр гузошт. Ба истиқболи ҷашни пуршукӯҳи миллат-30- солагии Истиқлоли кишвар бо иқдоми устод Сайдалӣ Ҳайитов дар деҳаи Даҳанаи шаҳраки Обикиик бунгоҳи тиббӣ бунёд гардид, ки ин муассисаи тиббӣ барои сокинони деҳаҳои Табошар, Кучим, Қудуқ, Челон, Туғдона, Шўроб ва Даҳанаи ноҳияи Хуросон хизмат мерасонад. Сокинон аз ин амали ҷавонмардонаю саховатмандонаи С. Ҳайитов шоду хурсанд гашта, изҳори миннатдорию дуои нек мекунанд. С. Ҳайитов ин амали савобро масъулияти инсонии худ назди халқу Ватан ва ҳам рисолати ватандорӣ мешуморад.
Парда ҶАЛОЛОВ, омӯзгори собиқадори МТМУ № 13-и ноҳияи Хуросон.
Добавить комментарий
Ахбор
БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39НАФАҚА – КАФОЛАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ БА ШАҲРВАНДОН 13:32БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД 14:02АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ 13:58РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 16:52ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 12:56ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД 15:47Ҳамоиш таҳти унвони "Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад" 12:36
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН
АЗ УМЕД ТО ХАТАР



