Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Лаблабу – манбаи витаминҳо
Лаблабу – сарчашмаи микроэлементҳои барои организм зарурист. Аксари одамон бо сабабҳои номаълум ин намуди сабзавотро дӯст намедоранд, ки таассуфовар аст. Агар лаблабуро ҳар рӯз истеъмол намоед, ҳолати тандурустиро хеле назаррас беҳтар кардан мумкин аст. Ҳоло мо ба шумо дар зер шарҳ медиҳем, ки чаро лаблабу дар таркиби ғизои ҳаррӯзаи мо буданаш зарур аст.

1. Кори узви ҳозимаро муътадил мегардонад
Аз ҳисоби дар таркиби бехмевааш доштани маводи фоиданок ба кори меъдаю рӯъда таъсири мусбат мерасонад. Истеъмоли таомҳои дар асоси лаблабу тайёркардашуда, тадриҷан имконият медиҳад, ки шахс аз воситаҳои доруворӣ халос шавад ва кори рӯъдаю меъдаашро ба эътидол оварад. Қанди табиие, ки дар таркиби лаблабу мавҷуд аст, муҳити меъдаро ғизо дода, ба он барои мубориза бо микробҳои зарарнок қувваи иловагӣ медиҳад. Таркиби риштамонанди лаблабу имконияти аз меъда баровардани боқимондаи заҳрноки ғизоро дорад, яъне рӯдаҳо аз партови нодаркору зарарнок халос мешаванд.
2. Организмро ҷавон месозад
Дар таркиби лаблабу моддаҳои бетанин ва бетаин мавҷуд аст, ки он организми инсонро аз пиршавии бармаҳал, туршшавӣ ва омосҳои саратонӣ нигоҳ медорад. Маҳз ҳамин моддаҳои зикршуда ба лаблабу ранги бунафшу сурхро медиҳанд. Ба ғизои ҳамарӯза лаблабуро илова карда, мо метавонем садди роҳи пиршавии бармаҳал ва омосҳои саратониро гирем. Ҳамзамон, бо истеъмоли лаблабу рангу рӯи инсон хеле беҳтару равшан ва пурҷило мегардад: чеҳра намуди солимро мегирад, халтачаҳои зери чашм нобуд мешаванд.
3.Фаъолияти ҷисмониро пурзӯр менамояд
Лаблабу дар организми инсон нақши протеини табииро мебозад. Таҷрибаҳои олимон исбот карданд, миқдори хеле бойи нитратҳои дар таркиби лаблабу мавҷудбуда имкон медиҳанд, ки бо истеъмоли он шахс муқовимати организмашро баланд бардорад. Бо истеъмоли бехмеваи лаблабу рагу пайванди инсон хеле мулоиму чандир мегарданд ва организм аз гуруснагии кислородӣ озод мешавад. Мушакњои бадани инсон аз нав барқарор мегарданду неруи тозаро соҳиб мешаванд. Лаблабу ҳамчунин ба қобилияти фикрии инсон таъсири хуб мебахшад. Ин аз он сабаб рух медиҳад, ки ҳолати рагу пайвандҳо ва гардиши хуни инсон аз ҳисоби истеъмоли лаблабу беҳтар мегардад.
4. Фишорро паст мекунад
Лаблабу бештар ба шахсони гирифтори фишори баланди хун ё худ гипертония басо муфид аст. Қисмати ками афшураи лаблабуро истеъмол намуда, шахс метавонад, ки фишорашро паст ва ҳолати умумии организмашро муътадил гардонад. Аммо шарт нест, ки якбора меъёри шабонарӯзии афшураро истеъмол намоед. Онро ба якчанд қисм тақсим намуда, дар давоми шабонарӯз истеъмол кардан хеле муфид аст.
5. Парешонхотириро бартараф менамояд
Дӯстдорони лаблабу эътироф менамоянд, ки ҳангоми парешонхотирӣ ва табъи нохуб истеъмоли хўриши лаблабудор ҳолати рӯҳии одамро хеле хубтар месозад. Таъсири лаблабуро ба он, ки одам якчанд конфетро мехӯрад, баробар менамоянд. Магний, ки таркиби лаблабу аз он бой мебошад, бевосита кори системаи асабро хуб мекунад.
6. Кори ҷигарро муътадил мегардонад
Дар таркиби лаблабу чӣ тавре, ки дар боло зикр кардем, маводи бетаин мавҷуд аст, ки он кори ҷигарро муътадил сохта, ҳазми сафедаҳоро осон мегардонад ва барои ба вуҷуд омадани моддаи холин, ки барои организм басо муфид аст, мусоидат менамояд. Маҷмӯи витаминҳои дар таркиби лаблабу мавҷудбуда фаъолияти ҳаётии ҷигарро беҳтар мекунад. Дар тибби халқӣ афшураи навтайёркардашудаи лаблабу яке аз воситаҳои самараноки муборизаи зидди сангҳои талхадон мебошад.
7.Организмро аз витаминњо ғанӣ менамояд
Дар таркиби лаблабу амалан тамоми намудњои витаминњо барои организми одам зарурӣ маҷуд аст, кори он муътадил бошад. Њангоми норасоии витамин лаблабу муқомимат ва иммунитети организмро мустаҳкам мегардонаду мироэлементҳоро дар он афзун месозад.
8. Биниши чашмро беҳтар месозад
Лаблабу бо он, ки дар таркибаш миқдори зиёди нитратњоро дорост хеле байни зироатҳо маъмул аст. Ин хосияти лаблабу ба тамоми организм таъсири мусбӣ расонида, кори узвҳои даруниро беҳтар мекунад. Махсусан, нитратҳо ба мустаҳкамшавии гавҳараки чашм мусоидат намуда, узви босираи инсонро барқарор менамояд. Духтурон эътироф менамоянд, ки таъсири лаблабу нисбати дигар зироатҳо дар кори барқароршавии чашм хеле баландтару хубтар аст.
Афшураи лаблабуро баробари нав тайёр шудани он истеъмол кардан зарарнок буда, онро ҳатман ячанд соат дар ҷойи салқин ё яхдон гузошта, сипас истифода бурдан мувофиқи матлаб аст.
Хуб мешуд пеш аз истеъмоли ин сабзавот бо духтури табобатї дар иртибот бошед.
Таҳияи С. Зарнигор.
Добавить комментарий
Ахбор
БАРОИ “БЕҲТАРКУНИИ НИЗОМИ ОБТАЪМИНКУНӢ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН” 4,8 МИЛЛИОН ЕВРО ҶУДО МЕШАВАД 13:19ҶАВОН ВА ВАТАН: МАСЪУЛИЯТ, ДОНИШ ВА САДОҚАТ 15:04ХАТЛОН: НАЗДИК БА 80% ДУХТАРОНИ СИННИ 10 – 14-СОЛА ИММУНИЗАТСИЯ ШУДАНД 14:48ҶАЙҲУН. БЕШ АЗ ЯК КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД 15:15ЁВОН. НАҚШАИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ИҶРО ШУД 11:33ФАРРУХЗОДАҲОИ МИЛЛАТ 11:38ПАНҶ. ИММУНИЗАТСИЯ БЕШ АЗ 70 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ 11:25ЭЪЛОН. "ҚАЛАМИ ДОНИШҶӮ" 10:51
Серхонандаҳо
НАМОИШГОҲИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ, САНОАТӢ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА ТАОМҲОИ МИЛЛИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ҚАЗОҚИСТОН БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЯК ВОЯИ GARDASIL САРАТОНИ ГАРДАНАКИ БАЧАДОНРО ПЕШГИРӢ МЕКУНАД
СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БО ҒОЛИБОНИ ОЗМУН
Бохтар. Бозсозии муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
РӮЗНОМАНИГОРИ БОХИРАДИ САДСОЛА
ҶАЙҲУН. БЕШ АЗ ЯК КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
ПАНҶ. ИММУНИЗАТСИЯ БЕШ АЗ 70 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ
Иҷрои дурнамои ҷамъоварии пахта дар Леваканту Бохтар
КИТОБХОНАИ ОММАВИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ПАС АЗ БОЗСОЗӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА ИСТИФОДА ШУД
ЁВОН. НАҚШАИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ИҶРО ШУД