Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
АЗ ЗАНБУРӮҒ ЭҲТИЁТ ШАВЕД
Дар фасли баҳор мардум бештар ба кӯҳу дашту даман барои истироҳат рафта, аз зебогӣ ва обу ҳавои тозаи табиат ҳаловат мебаранд.
Аз ҷумла, дар ин давра чидан ва истеъмоли занбурӯғро манфиатбахш меҳисобанд. Набояд фаромӯш кард, ки занбурӯғҳо чанд навъ буда, пеш аз истеъмол донистани он зарур аст. Қабл аз чидани занбурӯғҳо эҳтиёт шудан лозим аст, то аз заҳролудшавӣ эмин монед. Зеро занбурӯғҳо ду гурӯҳанд, истеъмолӣ ва ғайриистеъмолӣ мебошанд, ки ғайриистеъмолии он метавонад ба кори рӯдаю меъда, системаи дилу рагҳо ва асаб таъсир расонда, то ба ҳалокат оварда расонад.
Дар намуд бештари занбурӯғҳо якхеланд. Агар занбурӯғ талхмазза, бадбӯй ва сахт бошад, ин намуди занбурӯғ барои истеъмол номумкин аст. Занбурӯғи хатарноктарин навъи пӯсти саманд (бледная поганка) аст. Як дона занбурӯғ кофист барои табақе, ки аҳли оила аз он истеъмол мекунад, заҳролуд кунад. Ҳатто пас аз ҷӯшонидан ё ин ки бирён кардан заҳри онро нобуд кардан ғайриимкон аст.
Занбурӯғе, ки сафед, пояааш ғафс болояш ҷигарӣ аст истеъмолӣ буда, хушбӯю хушмаззааст. Ҳаст занбурӯғе, ки ба он монанд вале каме зардча ва талхмазза буда, ҳангоми буридан дохилаш гулобиранг мешавад, аз он эҳтиёт бояд шуд.
Занбурӯғи сафед (белый гриб) онро дар ҳама ҳолат метавон истеъмол кард. Аз ҷумла обпаз, бирён ва хушк карда истеъмол намудан низ безарар аст.
Нафароне, ки дар бораи занбурӯғҳо маълумот надоранд, хубтараш аз истеъмоли он худдорӣ кунанд.
Таҳияи АЗИЗА
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН


