Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ГАРМХОНАИ НАМУНАВӢ
Парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар гармхонаҳои доимоамалкунанда ва мавсимӣ яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки соҳа ба ҳисоб меравад. Зеро бунёди гармхонаҳо имкон фароҳам меорад, ки дар тамоми фаслҳои сол бозорҳои кишвар бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ таъмин карда шавад.
Бо назардошти талаботи зиёди аҳолӣ ба сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла помидору бодиринг, сокинони меҳнатдӯсти ноҳияи Қубодиён ҳамасола дар баробари кишту кор дар заминҳои кушод ҳамчунин парвариши як қатор маҳсулотро дар гармхонаҳо ба роҳ мондаанд.
Сокини 50 солаи деҳаи Чорбоғи ноҳияи Қубодиён Ора Абдураҳмонов, ки аслан омӯзгор аст, солҳои охир ба барзгарӣ шавқу рағбати беандоза зоҳир менамояд. Баъди таҷрибаи зироаткорӣ дар замини наздиҳавлигӣ соли 2019 ӯ хоҷагии деҳқонии “Азамат Абдураҳмонов”-ро таъсис дод.
- Парвариши зироат дар гармхонаҳои наздиҳавлигӣ собит намуд, ки бо васеъ намудани масоҳати он метавон фоидаи бештар ба даст овард, - иброз дошт дар оғоз Ора Абдураҳмонов. - Чун мо бародарон ин имкониятро доштем, тасмим гирифтем, ки дар замини хоҷагии деҳқонии навтаъсис гармхонаҳои калонтар бунёд намоем. Соли аввал дар майдони 50 сотих гармхонаи замонавӣ таъсис дода, аз ҳосили фаровони помидору бодиринг даромади хуб ба даст овардем, - мегӯяд роҳбари хоҷагии деҳқонӣ.
Имсол масоҳати гармхонаи доимоамалкунандаи хоҷагии деҳқонии Азамат Абдураҳмонов ба як гектар расонида шуда, дар он 25 ҳазор кӯчати навъҳои хушсифат ва серҳосили помидор шинонида шудааст. Ҳоло ниҳолон пурбор буда, қисмате аз ҳосили он пухта расидааст. Барзгарон умед доранд, ки ин навбат беш аз 75-80 тонна ҳосили помидор рӯёнанд.

- 25 нафар саҳмдорон ва кормандони хоҷагӣ шабурӯз дар гармхона заҳмат мекашанд. Майдони он хело ҳам самаранок истифода бурда шуда, аз кишту парвариши зироати гуногуни кишоварзӣ аз ҷумла, сабзавоти барвақтӣ ва полезиҳо дар як сол 3-4 маротиба ҳосил рӯёнида мешавад, - таъкид мекунад О. Абдураҳмонов
Гармхонаи мазкур на танҳо дар ноҳияи Қубодиён балки дар ҳудуди вилояти Хатлон намунавӣ ба шумор рафта, дар он шароити мувофиқи агротехникӣ муҳайё карда шудааст. Дар дохили гармхона чоҳи амудӣ кофта шуда, ба воситаи системаи муосири қатрагӣ ба ҳар як кӯчат об ва ғизо (нуриҳои минералӣ) дода мешавад.
Ора Абдураҳмонов иброз менамояд, ки тибқи таҳлилу тавсеаи олимони арсаи кишоварзӣ обёрии ќатрагӣ аз бисёр ҷиҳат манфиатовар мебошад. Он обро сарфа мекунад, нуриҳои минералиро ба миқдори муайян бе хато ба зери ҳар як кӯчат мебарад, дар байни қаторҳои ниҳолон рўидани ҳаргуна алафҳои бегонаро кам намуда, ҳосилнокиро меафзояд.
Ҳарорати гармхонаро бошад, кормандони он тариқи шабакаи гармидиҳии ангиштӣ аз болову поён ба воситаи қубурҳои обгузари оҳанин муътадил нигоҳ медоранд.
Кормандони хоҷагии деҳқонии “Азамат Абдураҳмонов” ният доранд, ки бо маслиҳати олимону мутахассисони соҳа боз ҳам фаъолияташонро рушд бахшанд. Онҳо аз соли оянда мехоҳанд дар ҳамин шакл як ё ду гармхонаи дигар бунёд намуда, истеҳсоли дигар намуди маҳсулоти кишоварзиро низ ба роҳ монанд.
М. АМОНҶОНДобавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР


