Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
29 апр 02:35АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Иҷтимоъ / Мақолаҳо
Набзи ватандорӣ
Истиқболи шоиставу арзанда аз ҷашни бузурги миллат- 30-юмин солгарди истиқлоли кишвар мақсаду мароми олии ҳар сокини ватандӯсту баору номуси диёр аст. Ин аст, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то дурдасттарин гӯшаи кишвар корҳои созандагию бунёдкорӣ авҷи тоза касб намудааст.
Заҳматкашони вилояти Хатлон низ ба ин ҷашни саиду муборак омодагии ҷиддӣ гирифта, саъю талош доранд, ки дар пешрафту шукуфоии диёр саҳми муносиби худро гузоранд. Сафари кории Президенти мамлакат дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз ба шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Кӯшониён ва Ёвон, мавриди истифода қарор гирифтани чандин иншооти нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ободонию сабзкорӣ ба ҳусни шаҳру навоҳӣ ҳусн зам намуда, боиси хушнудии сокинон гардид. Роҳбари давлат дар мулоқот бо фаъолони вилоят таъкид намуданд, ки бо назардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, «… барои ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва бо ҷойи корӣ таъмин намудани шаҳрвандон роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, тамоми кишоварзон ва ҳар як оиларо зарур аст, ки истифодаи самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, заминҳои байни боғҳо ва бо ҳамин роҳ гирифтани се – чор ҳосил ва захира намудани озуқавориро дар ҳар як оила таъмин намоянд».
Натиҷаҳои ҷамъбасти семоҳа нишон дод, ки соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят ба пешравиҳои қобили таваҷҷуҳ ноил гардидааст. Аз ҷумла, дар ин давра 7 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ 623 ададро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 57 адад зиёд аст.
Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 12 мактаб 128 синфхона барои 4854 ҷойи нишаст, 10 адад муассисаҳои амбулаторӣ, барои қабули 100 бемор дар як баст, 11 адад дорухона, 15 адад майдончаҳои варзишӣ, 1 фермаи парандапарварӣ, 3 сардхона, 596 маркази савдо ва дигар иншоот мавриди истифода қарор гирифтанд.
Инчунин дар ин давра дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории соҳаи растанипарварӣ 2758 тонна сабзавот истеҳсол гардидааст, ки дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта 140 фисадро ташкил мекунад.
Тозакориҳо, сабзкорию хуррамгардонии муҳит, чароғонкунию равшаннамоӣ, роҳсозию обёрӣ ва дар маҷмӯъ набзи ватандорию ватансозӣ дар ҳар гӯша эҳсос мегардад. Соҳибкорон, ҷавонони ҳимматбаланди хатлонӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ аз иқдомҳои созандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ намуда, дар бунёди иншооти таъиноташон гуногун саҳм мегиранд. Бо мақсади ҳавасмандии эшон бо қарори раиси вилояти Хатлон озмуни «Ободгари Ватан» ҳар семоҳа ҷамъбаст ва соҳибкорону шахсони бунёдкор бо Сипосномаи раиси вилояти Хатлон қадрдонӣ карда мешаванд.
Дар ҷамъбасти семоҳаи аввали соли ҷорӣ низ як қатор ғолибони озмуни «Ободгари Ватан», озмуни «Сайри гули лола» ва Беҳтарин муассисаи тиббӣ, ҷамъбаст гардида, ғолибон бо Сипосномаи раиси вилояти Хатлон ҳавасманд карда шуданд.
Хулоса роҳбарияти вилояти Хатлон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат аз тадбирҳои зарурӣ андешида, аз тамоми имконияту захираҳо истифода мебаранд ва бо ин мақсад чорабиниҳои зиёде тарҳрезӣ шудаанд.
Латофат МИРЗОСАИДИЁН
Добавить комментарий
Ахбор
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид 13:03МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ 13:25ХАТЛОН.РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД 15:18ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БОРИ НАХУСТ КУРСИ АЗНАВТАЙЁРКУНИИ КАДРҲОИ ДАР ЗАХИРАБУДАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ РОҲАНДОЗӢ ГАРДИД 11:12ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН 10:05НАХУСТНАМОИШИ “МЕТРАНПАЖ” ДАР ТЕАТРИ ВИЛОЯТӢ 10:56ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК 10:49ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН 16:35
Серхонандаҳо
МАРҲИЛАИ ДУЮМИ АЗНАВСОЗӢ ВА ТАЪСИСИ МЕДИАТЕКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТИИ БА НОМИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ОҒОЗИ АЗНАВСОЗИИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
ҶАЙҲУН. 1,1 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
БОХТАР. БОЗ ЯК КӮДАКИСТОНИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
ЛЕВАКАНТ. НИЁЗМАНДЕ СОҲИБИ ХОНА МЕШАВАД
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД
ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ - НИШОНАИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРИ 103-СОЛАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ РАФТАНД
ҶАВОНОН ВА МАСЪУЛИЯТИ ОИЛАДОРӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД


