Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДИЛ-МУҲАРРИКИ ОРГАНИЗМ
Вақтҳои охир беморони дил миёни аҳолӣ зиёд ба назар мерасад, ки ба гуфтаи табибон он омилҳои гуногун дорад. Вобаста ба ин беморӣ ва роҳҳои пешгирию табобати он ходими адабии маҷаллаи “Сафо” бо Парвиз Абдулов, директори Маркази вилоятии бемориҳои дил мусоҳибае орост, ки фишурдаи онро манзури хонандагон мегардонем.
-Маълум аст, ки дил - узви асосӣ, яъне муҳаррики организм ба шумор рафта, нақши он барои саломатӣ аҳамияти калон дорад. Қаблан мехостем оид ба бемориҳои дил маълумот медодед ва кадом ҳолатҳо сабаби иллати он мегардад?
-Ташаккур. Албатта, бемориҳои дил гуногун мешаванд ва онҳо омилҳои ба худ хос доранд. Аз ҷумла, бемориҳои ишемикии дил, бемории фишорбаландии шараёнӣ (гипертоникии дил), нуқсони модарзодии дил, нуқсонҳои дар давоми ҳаёт пайдо шуда, бемориҳои илтиҳобии дил ва ғайраҳо мебошанд.
Бемории ишемикии дил ҳангоми танг ё ба пуррагӣ баста шудани яке аз шараёнҳои хунгардии дил, дар натиҷаи ба мушаки дил нокифоя рафтани хуни бо оксиген ғанибуда ба амал меояд. Нишонаҳои асосии клиникии беморӣ – дарди сӯзишнок ё фишороварандаи хуруҷкунанда дар паси устухони тӯш, қафаси сина, мавзеи дил, ки метавонад ба китфу дасти чап, байни шонаҳо интишор ёбад, ҳисси норасоии ҳаво, дилбеҳазурӣ, арақкунии зиёд ва ғайра ба шумор мераванд.
Дар баъзе беморон дард ё вазнинӣ (ҳисси ноҳинҷорӣ) метавонад дар даст, гардан ё ҷоғ бошад. Дар вақти саршавии беморӣ дардҳо асосан ҳангоми кори ҷисмонӣ, хастагии асаб, ҳавои сард ё ҳаракат пас аз истеъмоли зиёди ғизо эҳсос мешаванд. Баъзан дардҳои дар боло зикршуда метавонанд дар оромӣ ё ҳатто ҳангоми хоб ҳам аз дарди сахти ҷонкоҳ ҳатто аз хоб бедор мешаванд.
Нуқсонҳои дил бошад, модарзодӣ ва дар давоми ҳаёт пайдошуда мешаванд. Сабабҳои асосии нуқсонҳои модарзодии дил ин носомониҳои генетикӣ ҳангоми ҳомилагӣ мубталои бемории зуком, гул, гулафшон, вирусҳои ECHO, соксаки ва ғайра шуда метавонанд. Нуқсонҳои дар давоми ҳаёт пайдошуда бошад, бинобар сабаби кардити ревматикӣ, эндокардити сироятӣ, осебҳои дилӣ ва ғайра мешаванд.
-Аломатҳои асосии бемориҳои дил кадомҳоянд?
-Ҳангоми бемориҳои дил чунин нишонаҳои нисбатан хос мушоҳида мешаванд: дардҳои ангинозӣ, кардиолгия, дилзанӣ ва номураттабии кори дил, нафастангӣ, варамҳо ва ғайраҳо. Солҳои охир бемории дил дар байни ҷавонон ҳам бештар дида мешавад. Сабаби асосии он тарзи нодурусти ҳаёт, зиёд кашидани сигор ва истеъмоли барзиёди машрубот мебошад, ки ин ба бемории дилу рагҳои хунгард оварда мерасонад.
-Мегӯянд, ки дил “равған” мегирад ва кори онро халалдор мекунад. Шумо ҳамчун мутахассис дар ин бора чӣ назар доред?
-Аслан дар таснифи бемориҳо ин гуна истилоҳ вуҷуд надорад, вале агар мантиқӣ назар кунем, ин ҳолатро ҳангоми фарбеҳии абдоминалӣ ва ё вистсералӣ мушоҳида менамоем. Масалан: стеатози ҷигар. Дар соҳаи дилшиносӣ аслан истилоҳи атеросклерози шоҳраг, шараёнҳои коронарӣ ва ғайра истифода мешаванд, ки ҳаммаънои “равғангирӣ” мебошад.
Сабаби асосии тангшавии рагҳои коронарӣ ин ҷамъшавии чарбҳо дар девораҳои он мебошад, ки онро «атеросклероз» меноманд. Бо мурури замон равзанаи шараён он қадар танг мегардад, ки он наметавонад хуни бо оксиген бойбударо ба мушакҳои дил дастрас намояд, ҳангоми зиёд шудани талабот ба оксиген ва дигар ғизоҳо. Масъалан ҳангоми фаъолияти ҷисмонӣ. Дар ин маврид эҳтимоли сар задании сактаи шадиди миокард хело зиёд аст.
-Чӣ боиси бемории ишемикии дил шуда метавонад?
- Хатари пайдо шудани атеросклероз ва бемории ишемикии дил хеле зиёд аст, агар омилҳои зерин бошанд: сигоркашӣ, фишорбаландии шараёнӣ, зиёд будани миқдори холестерин дар хун (гиперхолестеринемия), камҳаракатӣ (адинамия), бемории диабети қанд, фарбеҳӣ ё зиёд будани вазни бадан ва ирсият. Агар яке аз ин омилҳо дар инсон ҷой дошта бошанд, ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузашта, аз вазъи саломатӣ ба зудӣ огоҳ бояд шуд.
Қабл аз муайян намудани ташхис табиб барои гузаштан аз ташхисҳои зеринро тавсия медиҳад: эхокардиограмма, санҷиш бо кори ҷисмонӣ, озмоиши хун барои лахташавии он ва чарбҳо. Бояд қайд намуд, ки табобати доругӣ фақат дар вақти муайян метавонад шиддатнокии дардро кам кунад. Пас аз пайдошавии дардҳои «ангионозӣ» фавран бояд ба табиб муроҷиат намуд, зеро барои пешгирии сактаи миокард табобати махсусро дар дақиқаҳои аввали пайдоиши дард бояд оғоз намуд. Яке аз роҳҳои муосири ташхис ва табобати бемории ишемикии дил, гузаронидани «коронарография» ва «ангиопластикаи коронарӣ»-и таъҷилӣ мебошанд.
«Коронарография» - навъи санҷиши рентгениву контрастӣ мебошад, ки барои дақиқ ва ба пуррагӣ муайян намудани сабабҳои бемории ишемикии дил, вазъи шарёнҳои коронарӣ, намуд, сатҳ ва ҷои тангшавии шараёни коронарӣ истифода бурда мешавад. Яъне, бо истифода аз ин намуди ташхис мо метавонем маълумоти пурра ба даст биёрем, ки ба бемор чӣ тарзи табобат истифода бурда шавад: табобати доругӣ, ангиопластикаи балонӣ, стентгузорӣ ё шунтикунии аорто-коронарӣ.
-Ба шахсони гирифтори бемории ишемикии дил чӣ маслиҳат медиҳед?
-Пеш аз ҳама аз он омилҳое, ки ба пайдошавии бемории ишемикии дил хатар доранд, бояд даст кашид. Сигоркашӣ яке аз сабабҳои асосии хатари пайдошавии бемории ишемикии дил мебошад, махсусан дар байни шахсони синни миёна. Пас аз як соли даст кашидан аз сигоркашӣ хатари пайдошавии бемории ишемикии дил то ду баробар кам мешавад.
-Лутфан мехостем, ки бемороии фишорбаландии шараёниро низ мефаҳмондед.
-Нафаре, ки гирифтори бемории фишорбаландии шараёнӣ аст, бояд назорати қатъи дошта бошад ва рақамҳои фишори шараёнро дар ҳудуди меъёр нигоҳ дорад. Дар баъзе мавридҳо пас аз кам намудани вазни бадан, зиёд намудани кори ҷисмонӣ, кам намудани истифодаи нӯшокиҳои спиртӣ ва намаки ошӣ метавон рақамҳои фишорбаландии шараёниро дар ҳудуди меъёр нигоҳ дошт. Лекин ба аксари беморон инчунин истифодаи доруҳо ҳатмист.
Бояд холестерин дар хунро назорат намоед, ки миқдори он аз 5 ммол/л. камтар бошад. Ҳатто дар ҳолати каме зиёд будани миқдори он, аз меъёр поён нигоҳ доштан ба бемор манфиати зиёд дорад.
-Ғизои маризони дил чӣ гуна бояд бошад?
-Умуман ҳамаи мо бояд ғизои солим истеъмол кунем. Махсусан беморон ҳатман бояд донанд, ки чиро истеъмол кунанду чиро не. Яъне, шахси гирифтори бемории ишемикии дил бояд аз истеъмоли равған ва чарби хайвонот, ки зиёдтар дар гӯшт ва маҳсулоти ширӣ мавҷуд мебошад, даст кашад. Аз хотир набояд баровард, ки дар таркиби хўришҳои ширин, маҳсулоти қаннодӣ, кекс, кулчаќанд низ равғаннокӣ зиёд аст. Хӯрока бояд камғизо, вале муътадил бошад. Яъне дорои тамоми маҳсулоти зарурии ғизонок махсусан, дорои сафеда ва витаминҳои хушсифат бошад. Аксари беморон маҷбур ҳастанд, ки маводи махсусро барои поён намудани миқдори холестерин дар хун истифода намоянд. Истеъмоли моҳӣ бо ғизо ҳафтае 1-2 маротиба манфиат дошта, миқдори триглисеридҳоро хело поён нигоҳ медорад ва аз пайдошавии лахтаҳои хун дар шараёнҳои коронрӣ эмин медорад. Дар шахсоне, ки рӯзе аз 5 миқдор зиёдтар меваву сабзавот истеъмол менамоянд, эҳтимоли гирифтор шудан ба бемории ишемикии дил хеле кам мебошад. Зеро дар таркиби онҳо миқдори аминокислотаҳо, витаминҳо ва ишқори фолиевӣ мавҷуд аст, ки хусусияти муҳофизиро дорад.
Гирифторони бемориҳои дилро зарур аст, ба ғизои ҳаррӯзаи худ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва барои истеъмол хӯрокҳоеро интихоб намоянд, ки дар таркибашон холестерини кам доранд. Ба онҳое, ки дар таркиби хунашон холестерин аз меъёр зиёд аст, лозим нест, ки якбора аз баҳри ҳама хӯроки дӯстдоштаашон бароянд. Дар ин ҳолат танҳо меъёрро бояд риоя кард. Набояд фаромӯш кард, ки бемориҳои дил гузаранда ва одӣ нестанд ва бо онҳо муносибати сарсарӣ кардан дуруст нест. Яке аз роҳҳои асосии дучор нашудан ба ин бемориҳо- риояи тарзи ҳаёти солим ва гӯш додан ба маслиҳати табибону аз рӯи он амал намудан аст.
-Фарбеҳӣ ба дил чӣ таъсир дорад?
-Фарбеҳӣ ва вазни зиёдатӣ низ яке аз омилҳои хатари пайдоиши бемории ишемикии дил мебошад. Бо кам намудани вазни бадан меъёри фишорбаландии шараёниро нигоҳ дошта, ба кори дил низ сабукӣ оварда мешавад. Одитарин назорати вазн ин аст: аз баландии қомати худ рақами 100-ро тарҳ мекунед ва мебинед, ки хароб шудан ё вазнро кам намудан лозим аст ё не (маъсалан, баландии қомат 178,0 см. 178,0 – 100=78, яъне вазни шумо бояд аз 78 кг зиёд набошад). Дар хотир доред, ки барои кам намудани вазни бадан ғайр аз риояи парҳез, ба варзиш низ машғул шудан лозим аст.
-Асабоният ба бемории дил вобастагӣ дорад?
-Албатта. Вақте одам асабонӣ мешавад, системаи симпатоадреналӣ фаъол гашта, боиси дар хун зиёд гаштани катехоламинҳо (норэпинефрин ва эпинефрин) мегардад. Гиперкатехоламинемия сабаби спазми рагҳо, зиёдшавии тапиши дил, баланд шудани фишори хуни артериявӣ ва зиёдшавии талаботи миокард ба оксиген мегардад. Натиҷаи ҳамаи ин метавонад буҳрони фишорбаландии шараёнӣ ва хуруҷи бемориҳои ишемиявии дил гардад.
-Тавсияҳои Шумо ба сокинон
-Тавсияҳои мо ташаккули тарзи ҳаёти солим мебошад. Яъне дуруст ҷобаҷогузории реҷаи меҳнат, истироҳат, хоб ва хӯрокхурӣ. Инсон бояд дар як шабонаруз, ки аз 24 – соат иборат аст, 8 – соат меҳнат, 8 – соат истироҳат ва 8 – соати дигар хоб кунад.
Ба ғайр аз ин, хӯрокхўрии бо реҷа ва ғизонокии бо навъи фаъолияти меҳнатӣ мутобиқ тавсия дода мешавад. Масалан, агар шахс асосан кори ҷисмонӣ кунад, бояд таомҳои серғизо истеъмол намояд, агар не хӯрокҳои камғизо истеъмол кардан шарт ва зарур мебошад.
Ба беморони дил истеъмоли хӯрокҳои серравған, сернамак ва нӯшокии зиёд, тезӣ ва алкогол қатъиян манъ мебошад.
Амонулло БАХТИЁРЗОДА

Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР