Бойгонӣ

НАЗАРЕ БА ЭҶОДИЁТИ ШОИРИ МАРДУМӢ АШЎР САФАР

- Ҷилваи хомаи бадеъ -


Чанде пеш дар Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ нишасти илмӣ – амалӣ бахшида ба бузургдошти Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии Рўдакӣ Ашўр Сафар баргузор гардид. Нишасти донишмандон, омўзгорон ва хатмкунандагони факултаи филологияи тоҷик ва журналистикаи донишгоҳ хеле шавқовар ва дар сатҳи баланди илмӣ доир шуд. Ҳамоиши мазкурро муовини ректори Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, номзади илмҳои филологӣ Холиқзода Айниддин ифтитоҳ бахшида, оид ба ҳаёту фаъолияти шоир изҳори андеша намуд. Баъдан, мушовири ректори донишгоҳ профессори фахрӣ, ховаршинос Зафар Мирзоён, дар мавзӯи «Ашўр Сафар яке аз шоирони барҷастаи ҳавзаи адабии Кўлоб» суханронӣ намуд.

Мавсуф иброз дошт, ки Ашўр Сафар яке аз чеҳраҳои дурахшони адабиёти тоҷик ва умуман ҳавзаи суханофарони форсизабон мебошад, ки хомаи заррини худро барои дар рўи замин коштани тухми некиву накукорӣ, беҳсозии зиндагии мардум, нигариши хирадмандона ба саргузашти миллат, ғамхории вижа ба имрўзу фардои Меҳан равона кардааст. Дар шеъри Ашўр Сафар ҳатто вожаи «ман» ишора ба худи ў нест. Ў асири мардум буд, дардҳои мардумро месуруд. Дар он рўзгороне, ки тоҷикон шикастҳову худбохтагиҳои ҳазорсолаашонро фаромўш карда, гиребонгири ҳамдигар гашта буданд, шеъри тавсифии шоир як каме оҳанги хастагиву ноумедӣ пайдо карда буд:

Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад,

Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад?

Ва пас аз он ки дар Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шўрои Олии Тоҷикистон вакилон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сарварии кишвар интихоб намуданд ва бо расми куҳани тоҷикон ба сарвари тозаинтихоб ҷомаи сулҳ пўшониданд, Ашўр Сафар яке аз нахустин адибоне буд, ки ин қадами оштии миллиро пайки оромиву осудагии мардум дониста, сатрҳои зебоеро бо услуби одиву дилнишин бозгў намуд:

Ҷомаи сулҳ ба тан омадаӣ,

Ба даҳан қанди сухан омадаӣ.

Ба замин не, ба ҳаво не, ба куҷо.

Сар – сари дидаи ман омадаӣ.

Ба гуфтаи Зафар Мирзоён то кунун адабиётшиносони нуктабин осори устод Ашўр Сафарро бо ҷусторҳои мубинонаи худ таҳлил карда, мақолаҳои зиёде ба чоп расондаанд, аммо ҳама ҷилваҳои гавҳарсони шеъри ў ҳанўз бознамоён нагаштааст. На ҳама коршиносони машғул ба таълиму тарбияи ҷавонон, аз сухани пуртаъсири ў кор гирифта тавонистаанд. Бинишу дарёфти норасоиҳои ҷомеа, танқиди унсурҳои ба пешравии иҷтимоиву фарҳангии миллат осебрасон, ки дар шеъри устод Ашўр Сафар бо як усули танзомезу тамасхури моҳирона бозтоб гардидааст, дар рўзгорони давлатсозиву миллатсозии тоҷикон, силоҳи нишонрасе мебошанд. Чун намуна манзумаи ўро унвонии «Қарз» ёдовар мешавем, ки гўё ба он муллонамоҳое ишора доштааст, ки имрўз ҳам ба дарсхониву илмомўзӣ, коромўзиву корогаҳии духтарон садд гузошта, боиси шўрбахтии навҷавонони дилпур аз орзуҳои равшан мегарданд.

Зафар Мирзоён зимни таҳлили манзумаи «Қарз»-и Ашӯр Сафар иброз дошт, ки асари мазкур аз бозтоби зебои деҳаи кўҳистон оғоз шуда, замони бенаво будани сокинони он, аз дасти чанд бою мулло ранҷ бурданашонро ёдовар мешавад. Яке аз қаҳрамонони манзума Барно, духтараки покдомани деҳа дил ба ҷавони навхате бастааст, вале ҷуръат надорад, ки рози дил ба касе бихонад. Танҳо ҳар гоҳ кўза ба даст лаби рўд меомад, арзи дилашро ба об мегуфт, гаҳе ба бод ва гаҳе ба парандагон изҳори дарди дил мекард:

- Тавалло мекунам, - мегуфт,- рўдам,

Ба пеши пои ту андар суҷудам,

Фалониро агар ту дида монӣ,

Саломе аз манаш гў, ар тавонӣ,

Бигўяш, ки хабар дорад, надорад,

Ба ҷонам ишқи ў сад сўз дорад.

Гаҳе бо бод мегуфт ин суханҳо,

Гаҳе бо офтоби оламоро.

Гаҳе бо кафтарони тезпарвоз,

Гаҳе бо булбулони нағмапардоз.

Ин ҳама суде надошт ва садои дили духтар ба гўши ҷавони навхат намерасид. Боре он ҷавон аз кўчаи духтар мегузарад ва духтар аз паси дарвоза ба ў арзи меҳр мекунад. Ин изҳори меҳри ўро шунида, таассубгароён бо ишора ба аркони шариат пои душизаро баста дастҳояшро бо мўйҳояш бибастанд ва ба ҷувол ҷояш карданду гўрбаеро дар паҳлўяш ҷо карданд. Бо қамчӣ гурбаи даруни ҷуволро мезаданд ва гурба аз дард бо чанголҳояш сару рўи духтаракро хуншор мекард ва замин аз ин хуншор гашта буд. Он воқеа дар замони шуми ҷаҳолатпарвари амирӣ гузашта буд, аммо шоир ҳушдор медиҳад, ки дар ин замони озодиву хуррамӣ як - ду аз он унсурҳои нопок побарҷоянду кори сияҳи худро мекунанд.

Шоири нексиришт дар рўзгорони озодиву истиқлолият низ он падидаҳои шумро тасвир мекунад, ки бо ишора ба дастурҳои шариат мехоҳанд духтари ба камол нарасидаву шогирди мактабро аз таҳсил маҳрум карда, ба шахсе, ки он ба муллонамо пул додааст, ба занӣ бидиҳанд.

Муллонамоҳо модари духтарро низ ба доми худ гирифтор карда буданд, ки барои ба шавҳар баромадани ў пофишорӣ мекард. Ҳамаро барои тўй омода месозанд, вале аз ин ҳолати ҳузнангези духтарак муаллими мактаб огоҳ шуда, бо қаҳр ба падару модар ва муллосуратони бадкеш мегўяд, ки чаро ин ниҳоли акнун саркашидаро, ки ҳанўз аз даҳонаш бўи шир меояд, аз таҳсил, аз шукуфтан боз медоред? Духтарак, ки Гулҷаҳон ном дошт, аз суханони барқосои муаллим неру гирифта, падару модарро маломат мекунад, ки агар як даҳон додани нон ба ман душворатон бошад, ман аз ин ҷо меравам. Гулҷаҳон бо як иродаи пурзўр фикри мулло ва падару модарро ботил эълом медорад.

Дар фарҷом ҳама ба гуфтори муаллим гўш дода, ба муллонамоҳои бадандеш лаънат мефиристанд:

Замони мо замони ихтиёрист,

Дигар вақти чунин рафторҳо нест.

Дигарҳо низ як - як «рост», гуфтанд,

«Муаллим одами доност», гуфтанд.

Дар поёни манзума Гулҷаҳон мактаби деҳаро хатм карда, соҳиби мақому мартабаи муайян мешавад ва падару модар хирадмандии Давлати муаллимро сутуда, аз ў изҳори сипос менамоянд:

Ба некӣ номи Давлат ёд оранд,

Варо инсони олӣ мешуморанд.

Бигўянд аз фараҳ такрор доим:

«Муаллим, садқаи номат, муаллим»!

Ин нуктаро бояд афзуд, ки имрўз ҷойгоҳи муаллим дар миёни аҳолӣ, ҳамчун неруи пандомўзу тарғибгари сиёсати давлат то андозае хира гаштааст. Бисёр ба чашм мехўрад, ки муаллимон аз суҳбатҳо бо аҳолӣ канораҷўӣ мекунанд, ба он роҳ медиҳанд, ки ҳар гуна хурофотпарастону ҳангомаҷўён аз беҷуръатии омўзгорон кор гирифта, дар гуфторҳои кўчаву деҳот ҷилави суханро ба дасти худ гирифта, ҳарзагўиҳо кунанд. Аммо сухани пурмаънии шоире ба сатҳи баланди устод Ашўр Сафар ҳамеша метавонад шиору ёвари зиёиён бошад, - гуфт дар идомаи суханрониаш З.Мирзоён. 

- Бар он боварем, ки сухани шоири андешаманди замони мо дар роҳи ба воя расонидани насли бофарҳангу созанда, камтар аз гуфтаҳои адибони классик нестанд, ба вижа он адибоне, ки сухани ростро барои беҳсозии ҷомеа ба кор бурда метавонанд.

            С. ХАЛИЛИЁН, шаҳри Кўлоб

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019