Бойгонӣ
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)
15 янв 15:54АСОСӢ / Ахбор / Мақомот

ТАҒЙИРОТ ДАР МАҚОМИ РОҲБАРИКУНАНДАИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ХАТЛОН


Қурбон Ҳакимзода-раиси вилояти Хатлон як қатор кадрҳое, ки ба мақоми муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо таъин гардидаанд ба мулоқот хоста, онҳоро ба татбиқи амалии сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳал, хизмати софдилонаву поквиҷдонона ва фаъолияти ба нафъи миллату давлат созгор ҳидоят намуданд.

 Дар ин бора шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар додааст.

 Дар ҳамин ҳол дар мувофиқа бо роҳбарияти олии мамлакат Орифзода Маҳдӣ Маҳмуд – муовини якуми раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мӯсозода Абдухолиқ – муовини якуми раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Ибодуллозода Асадулло Ибодулло — муовини якуми раиси ноҳияи Дӯстӣ, Шарифзода Идигул Маҳмадшариф — муовини раиси ноҳияи Хуросон, Мирзозода Алӣ Мирзо — муовини раиси ноҳияи Хуросон, Раҷабзода Алишер — муовини раиси ноҳияи Ёвон, Маҳмадализода Гулҷаҳон Раҳимҷон — муовини раиси ноҳияи Вахш, Вализода Қурбон Бобохон — муовини раиси шаҳри Бохтар, Қурбонзода Наргис Саидӣ — муовини раиси шаҳри Бохтар таъин гардидаанд.

 Раиси вилоят ҳамчунин қайд намудааст, ки «дар иртибот ба авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ мо бояд ҳушёру зирак бошем, манфиатҳои миллиро ҳимоя намоем, ба муроҷиатҳои шаҳрвандон саривақт чораҷӯӣ намуда, иҷрои нақша ва барномаҳои қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро саривақту сифатнок таъмин намоем».

Ба роҳбарони тозатаъин таъкид шудааст, ки баҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳои бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, пешбурди корҳои идеологӣ, равнақи соҳаҳои саноату кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, ободониву хуррамгардонӣ тамоми донишу таҷрибаашонро самаранок истифода баранд.

 А. ФАЙЗ

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ” ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ НАВИ БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР Хатлон. Беш аз 190 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД Ҷ. БАЛХӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ТАҶДИДИ МАКТАБ, БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҚВИЯТИ СОХТОРҲОИ ОТАШНИШОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад Ёвон. Ҷалби беш аз 10 ҳазор кӯдак ба истироҳатгоҳҳо ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ