ХАТЛОНИҲО АЗ ТЭТ ҲНИ ИНТИҚОД КАРДАНД


 Конференсияи вилоятии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Фаъолияти тахрибкорона ва зиддимиллии ташкилоти экстремистию террористиии ҳизби наҳзати ислом ва пайомадҳои ногувори он» субҳи имрӯз, 14 январ, дар толори Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри доир гардид.

Дар кори конфронс муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, намояндагон аз пойтахти кишвар, мудирони шуъбаю бахшҳои кор бо занон ва оила, маориф, ҷавонон, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, олимону донишмандони муассисаҳои олии таълимӣ, собиқадорони меҳнат ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии вилоят ширкат намуданд. 

Тавре Фирӯза Шарифӣ- муовини раиси вилояти Хатлон зимни ифтитоҳи кори конфронс иброз дошт, ба тамоми шароиту имкониятҳое, ки ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат  ба ТЭТ ҲНИ фароҳам намуд, аммо ин афрод  аз рўзҳои аввали ташкилёбӣ ва баъди оне, ки дар ҳукумат пазируфта шуданд, даъватҳои ошкору ниҳон барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани низоми қонунии Тоҷикистон ва барангехтани адовати динӣ ва ноором кардани вазъи сиёсӣ ташкил намудаанд. 


  - Бинобар ин, 29 сентябри соли 2015 бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати ислом ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шуда, он ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода шуд.

Пешвои миллат қатъиян изҳор доштаанд, ки мо ҳаргиз муҳтоҷи ҷаҳонбиниву мазҳаби бегона нестем ва кӯшишҳои сиёсисозии дини мубини исломро қотеона маҳкум мекунем, - ироа кард муовини раиси вилоят.

 Муовини раиси вилоят аз фаъолиятҳои тахрибкоронаи ТЭТ ҲНИ ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки ин ташкилот ҳизби хурофотпараст ва тундгаро буда, бо нақша ва ҳадафҳои нопоки худ барои амалӣ намудани чандин ҷинояти махсусан вазнин, вайрон кардани сохти конститутсионӣ, бо роҳи зўрӣ барҳам додани ҳокимияти давлатӣ ва сарнагун намудани ҳукумати қонунӣ бо истифодаи пуштибонӣ ва сарпарастии хоҷагони хориҷиаш мехост сохти конститутсионии давлати моро тағйир дода, ҳокимиятро ба дасти худ гирад.  

Ҷавонони тоҷик ҳамчун зодаи замони истиқлолият бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, ба гурӯҳҳои мамнӯи экстремистиву террористӣ, ки онҳо аз номи ислом истифода намуда, барои амалисозии ҳадафҳои нопоки хеш ҷавононро бо ҳар роҳ ба сӯйи худ ҷалб мекунанд, мубориза баранд.

Ҳамчунин маърӯзачиён ва баромадкунандаҳои конференсияи вилоятии илмӣ-амалии «Фаъолияти тахрибкорона ва зиддимиллии ташкилоти экстремистию террористиии ҳизби наҳзати ислом ва пайомадҳои ногувори он» Шоев Зиёвуддин - сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммадӣ Шарифзода – мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Дилором Маҳкамова – номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав, Абубакр Файзализода- директори  МТМУ №6-и шаҳри Бохтар, раиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Қубодиён, муовини раиси шўрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон -имом-хатиби вилояти Хатлон Усмоналӣ Нурзода ва дигарон  доир ба решаҳои ғоявии зуҳуроти экстремизм ва терроризми динӣ ва роҳҳои пешгирии он, пайомадҳои ногувори амалҳои тахрибкоронаи наҳзатиён, ҷиноятҳои мудҳиши собиқ аъзои ҳизби наҳзат дар қаламрави Тоҷикистон ва кишвари Афғонистон дар солҳои 1992-1997 ибрози назар намуданд.

Иштирокдорони конфронс таъкид намуданд, ки имрӯз ҳар як фарди огоҳи Ватан бояд бо дарки масъулияти баланд дар муқобили амали онҳо дониш ва маърифати баланди худро истифода карда, барои амалкардаи онҳо вокунишҳои далелнок ва қатъӣ нишон диҳанд.

      А. ФАЙЗ

Добавить комментарий