Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Сокини шаҳри Бохтар электромобил ихтироъ кардааст
- Made in Tajikistan -
Сокини шаҳри Бохтар Ислом Сафаров мошине ихтироъ кардааст, ки бо қувваи аккумулятор ҳаракат мекунад. Мошини сохтаи ӯ бо як нерупуркунӣ метавонад то 80 километр роҳро тай кунад.
Номбурда зимни суҳбат гуфт, ки аз хурдӣ ба сохтани ҳар гуна мошинчаҳо шавқ доштааст.
“Ман чанд сол пештар аввал барои як ҷиянам як мошини хурд сохтам, ки бо қувваи аккумулятор ҳаракат мекард. Вақте ба Россия барои пайдо кардани ризқу рӯзӣ рафтам, ҳамчун барқчӣ дар як коргоҳе фаъолият кардам. Дар ҳамон ҷо дар ҳолатҳои фориғ аз кор аз қисмҳои эҳтиётии куҳна ба сохтани электромобил шурӯъ кардам. Дар давоми 8 моҳ онро сохта, ба як марди рус фурӯхтам”, - мегӯяд Ислом.
Баъди бозгашт ба Ватан Ислом Сафаров дар яке аз коргоҳҳои шаҳри Бохтар, ки чанд намуди фаъолияро дар бар мегирад, ба сифати устои барқ ба кор даромад.
Ӯ мегӯяд, пас аз муддате бо ҷамъи дӯстон машварат карда, дар фикри сохтани электромобил мешаванд. Қисмҳои эҳтиётиро якҷоя аз ҳар куҷо ҷамъ оварда, оҳиста-оҳиста орзуяшро амалӣ мекунад. Аз қисмҳои эҳтиётии мототсикл ва автомобилҳои гуногунтамға электромобиле месозад, ки аз рӯйи 60 километр/соат ҳаракат карда, бо як нерудиҳӣ аз 80 то 100 километр роҳро тай мекунад.
Ба суоли он, ки дар вақти сохтани мошинаш чӣ қадар маблағ масраф шудааст, Ислом Сафаров чунин посух дод: “Дақиқ намедонам, ки чӣ қадар пул сарф шудааст, чунки марҳила ба марҳила онро сохтам ва хароҷотҳоямро дар ягон ҷо нанавиштам”.
Ин ихтироъкори ҷавон то ҳол ихтирои кардаашро ба ягон мизоҷ ё озмун пешниҳод накардааст. Ба гуфти вай, агар соҳибкоре пайдо шавад, ки ӯро дастгирӣ кунад, метавонад намудҳои аз ин ҳам беҳтари мошинро созад.
“Орзу дорам, ки лоақал як автодроми хурд дошта бошам ва дар он ҷо мошинҳои сохтаамро пешкаши мизоҷон гардонам. Ва метавонам барои кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ як нақлиёте созам, ки бо садои бениҳоят паст ҳаракат кунад. Зеро истифода аз чунин нақлиёт дар вақти роҳандозии амалиёти махсус ба манфиати кор аст”, – гуфт ӯ.
Воқеан, солҳои охир таваҷҷуҳи бисёр кишварҳо ба истеҳсолу истифодаи нақлиёти барқӣ зиёд шудааст. Ҳатто мамолики дорои захираҳои зиёди нефту газ низ ба ин навъи нақлиёт мароқ зоҳир кардаанд.
“Дар Тоҷикистони азизи мо неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза ва арзонтарин истеҳсол мешавад. Аз ин рӯ, истифодаи нақлиёти барқӣ дар кишвар аз ҳар ҷиҳат қулаю самараноктар аст”, – мегӯяд Ислом Сафаров.
Тибқи хабарҳои охирин, дар ҳамсоякишвари мо – Ӯзбекистон сохтмони корхонаи калони истеҳсоли электромобил оғоз ёфтааст. Ба тахмини маҷаллаи “Forbes”, мошинҳои барқии Ӯзбекистон арзонтарин дар ҷаҳон хоҳанд буд.
Илова бар ин, шаҳрдории Тошканд 500 электромили тамғаи BAIC-и Чинро ба шаҳр ворид кардааст, ки онҳо ҳамчун нақлиёти мусофирбар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Ширкати “Ӯзбекнефтгаз” барои нақлиёти барқӣ нуқтаҳои махсуси қуввадиҳӣ сохта истодааст, ки онҳо метавонанд дар 30 дақиқа мошинро пурра бо захираи барқ таъмин кунанд.
Дар Тоҷикистон 98 фисади барқро неругоҳҳои обӣ истеҳсол мекунанд, ки ин дар миқёси сайёра яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин ба шумор меравад. Лекин, мутаассифона, шумораи электромобилҳо ангуштшумор аст. Ҳол он ки гузаштан ба нақлиёти барқӣ ҳам аз лиҳози экологӣ ва ҳам иқтисодӣ хеле муфид мебошад.
Хуллас, агар ташаббусҳои ихтироъкори ҷавон Ислом Сафаров мавриди дастгирӣ қарор гиранд, барои дар оянда гузаштан ба истеҳсол ва истифодаи ин навъи нақлиёт заминаи хубе гузошта хоҳад шуд. Ҳоло фақат таваҷҷуҳи масъулини соҳа лозим.
Сулаймон СУЛТОНОВ

Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
Тоҷикистон – Ватанам
ХОҲАРОНИ КИТОБХОН
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД