Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Шалғам давои ҷону тан

Шалғам сабзавоти беҳтарин, давои дардҳо ва манбаи витаминҳост. Давраи пухта расиданаш 70 рӯз аст. Ин сабзавот аз витамини С бой буда, истеъмоли 1 донаи он дар як шабонарӯз 30 фисад меъёри витамин С-ро дар организм таъмин мекунад. Витамини С барои инсон муҳим буда, дар солимӣ ва мустаҳкамии масунияти бадани инсон нақши бориз дорад. Аз ҷумла, дар рафъи холестерин, ки зиёдшавии он оқибат ба бемории дилу рагҳо оварда мерасонад, муфид аст. Истеъмоли пайвастаи шалғам инчунин дар пешгирии бемории ишемикии дил, бемории саратон, барои рафъи вазни зиёдатӣ мусоид аст.
Ба одамоне, ки дар нафаскашӣ мушкилот доранд, истеъмоли он ё нӯшидани шарбати шалғам фаъолияти системаи нафасро беҳтар мекунад. Ин сабзавот системаи нафаскаширо аз луоб тоза карда, дарди гулӯро нест мекунад. Консентратсияи баланди витамини С дар шарбати шалғам ба тоза кардани шуш ва бронхҳо мусоидат мекунад. Шарбати шалғам зидди илтиҳобии қавӣ аст. Он ба табобат ва коҳиш додани нишонаҳои нафастангӣ кумак мекунад. Шалғам дар тоза кардани ҷигар самаранок аст, кори онро беҳтар мекунад ва саломатиро ба эътидол меорад.
Барои одамон шалғами сиёҳ аз ҳама бештар фоиданок ҳисобида мешавад. Он дорои миқдори зиёди маводи ғизоӣ мебошад ва хусусиятҳои шифобахшии хос дорад. Афшураи ин сабзавот барои табобати сулфа ва зуком муфид аст. Он дар табобати бемориҳо аз ҷумла, барои буғумҳои дарднок истифода мешавад ва дар табобати тарбод давобахш аст. Ин навъ дар Амрикои Шимолӣ ва Авросиё мерӯяд. Онро хом истеъмол мекунанд.
Шалғами сабз низ дорои миқдори зиёди тиамин, рибофлавин ва витамини А мебошад. Ин сабзавот иштиҳоро бармеангезад ва ба мустаҳкамии устухонҳо мусоидат мекунад, инчунин меъёри қандро кам мекунад.
Шалғами зард дар баробари хусусияти шифобахшӣ доштанаш, давои рехтани мӯй ва мустаҳкамии масунияти бадан мебошад. Шалғам хусусияти пешобронӣ дошта, дар фасли сармо барои шамолхӯрӣ, сулфа, бронхитҳои музмин беҳтарин даво аст. Бисёре аз тамокукашон ҳамчун чораи пешгирӣ шарбати шалғамро бо асал менӯшанд.
Таҳияи Азиза
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо


