Бойгонӣ

КӮШОНИЁН: АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгириҳо ва ғамхориҳои пайвастаи собиқадорони ҷангу меҳнат  роҳбарияти ноҳияи Кўшониён собиқадори ҷангу меҳнат Бобоев Ҳомид, ки имрӯз ба синни 100 солагӣ қадам ниҳоданд ва Ғуломова Сафармоҳ - собиқадори меҳнат, ки ба синни 105 солагӣ расидаанд, аёдат намуданд. 

 Дар ин бора Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён хабар медиҳад.


Бино ба иттилоъи манбаъ раиси ноҳия Икромиддин Валиевро ҳамзамон Сафар Ҳалимов, раиси собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия ҳамраҳӣ намуданд. 

Бояд қайд намуд, ки Бобоев Ҳомид ягона дар ноҳия собиқадори ҷанги солҳои 1941-45, ки имрӯз дар қайди ҳаёт буда, бо фарзандон ва наберагону аберагон даврони пирӣ меронанд. Бобоев Ҳомид соҳиби 9 фарзанд, 52 набера, 43 абера, 75 чабера ва 43 кабера мебошанд.

Ғуломова Сафармоҳ, ки ба синни 105 расидааст, қайд намуд, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар баробари родмардони тоҷик, ҳамчунин, занону куҳансолон ва наврасони кишварамон дар ақибгоҳ шабонарӯзӣ заҳмат кашида, дар таъмини афсарону сарбозон бо маводи ғизоӣ, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ кумак мерасониданд ва саҳми шоистаи худро барои наздик овардани ғалаба мегузоштанд. Ғуломова Сафармоҳ, айни замон соҳиби 6 фарзанд, 40 набера, 60 абера ва 20 чабера буда имрӯзҳо даврони пирии пурбаракати худро меронад.

 Ҳамзамон, ба ҳар ду собиқадорони ҷангу меҳнат аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия шириниҳо ва маводҳои ғизоӣ кӯмак расонида шуд. 

- Пирони рӯзгордида, дар таваҷҷуҳӣ ҳамешагии табибони ноҳия қарор дошта, бо тамоми доруворӣ таъмин мебошанд. Собиқадорон, барои аёдат ва ғамхориҳои пайваста миннатдории худро ба Пешвои муаззами миллат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия расонида, ба роҳбари давлат ва баҳри ояндаи дурахшони ватани азизамон дуои нек намуданд- иброз дошт манбаъ.

 А. ФАЙЗ.
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019