Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Оғози маъракаи ниҳолшинонӣ дар Хатлон

Дар вилояти Хатлон баҳри сарсабзу хуррам гардонии муҳити зист, зебову назаррабо намудани кӯчаву маҳаллаҳо ва гулгашту хиёбонҳо маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардид. Субҳи шанбе 100 адад дарахтони нодири ороишӣ ва сояафкан дар гулгашти майдони 70-солагии водии Вахш бо иштироки роҳбарияти вилоят ва мутахассисону коршиносони соҳа шинонида шуд.
Бино ба иттилои мақомоти иҷрояи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар чунин тадбири экологӣ дар сар то сари маркази вилоят аз ҷумла майдони “Ваҳдати миллӣ”, атрофи осорхонаи “Бибихонум”, майдони Маркази ҷавонон, боғи фароғатии ба номи Раҳмон Мурчаев, хиёбони Ваҳдат ва дар дигар хиёбону назди ташкилоту муассисаҳо дар маҷмуъ 620 бех ниҳолони камназири можевелник, дарахти ақоқиё (акатсия), магнолия, каталпа, арча, санавбар, сарв (кипарис), малуси сурх, сӯзанбарг шинонида шуданд.
Ин ниҳолон ва дарахтони чандсола аз парваришгоҳҳои ватанӣ ва кишварҳои аврупоии Испания, Белгия, Италия, Сербия, Голландия харидорӣ гардидаанд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати нигоҳдории дарахтони нодири ороишӣ, кишти алафҳои ҳамешасабз ва гулу гулбуттаҳо дар майдони 70-солагии водии Вахш, аз ҷумла то 100 ҳазор адад шинонидани кӯчати лолаҳои хушранг ва боз ҳам вусъат додани корҳои хуррамгардонӣ дар маркази маъмурии вилоят ба масъулони шаҳрдорӣ дастур дод.Ҳамчунин дар деҳаи Обшорони Ҷамоати деҳоти “Заргар”-и ноҳияи Кӯшониён низ маъракаи ниҳолшинонӣ барпо гардид. Дар ин мавзеъ мутахассисону сокинони маҳаллӣ беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонинанд. Тадбири мазкур дар назди муассисаи таълимии навбунёд амалӣ гашта истодааст, ки он ба зебогии атроф таровати дигар мебахшад.
Зимни ин маъракаи хуррамгардони гуфта шуд, ки дар ноҳия якчанд хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ мавҷуд аст, ки онҳо ба истеҳсоли дарахтони сояафкану ороишии ҳамешасабз ва гулу гулбуттаҳои мавсимӣ машғул ҳастанд.
Тибқи иттилои бахши муҳити зисти ноҳияи Кӯшониён дарахтони шинонидашуда бо риояи тамоми қоидаҳои агротехникӣ омода карда шудаанд ва онҳо мутобиқ ба иқлими ҳамин мавзеъ мебошанд.Чунин тадбирҳои ободонӣ минбаъд дар маҳаллаю кӯчаҳо ва дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия роҳандозӣ шуда, дар амалӣ гардидани ташаббусҳои бунёдкорию хуррамгардонӣ сокинон низ саҳм мегузоранд.
Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист барои солҳои 2020-2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ин мавсим шинонидани 418 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ, сояафкан ва ҳамешасабз, инчунин кишти майсаи ҳамешасабз ба масоҳати умумии 300 ҳазор метри мураббаъ дар назар дошта шудааст. Инчунин, дар ин мавсим шинонидани 9 миллиону 952 ҳазор гулу гулбутта, аз ҷумла 2,6 миллион адад лола, 710 ҳазор адад гули садбарг, 6,6 миллион адад гулҳои мавсимӣ ба нақша гирифта шудааст.Амонҷон МаҳкамовДобавить комментарий
Ахбор
ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД 14:06ТАРБИЯИ МАЪНАВӢ – ВАСИЛАИ МУҚОВИМАТ БО ИФРОТГАРОӢ 14:00К И Т О Б Д О Р 13:56ХАТЛОН. ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ЯК МАТОВУ САД РАНГ» 13:50РИШТАИ МЕҲР 13:44УСТОДЕ, КИ АЗ ХУД МАКТАБ ГУЗОШТ 14:16САРГУЗАШТИ ИБРАТОМӮЗИ ХАБИСА ХОЛОВА 13:39ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН: БАРРАСИИ КАМБУДИҲО ВА СУПОРИШҲОИ ҚАТЪӢ 13:34
Серхонандаҳо
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ. АЗ ЧӢ БОЯД ЭҲТИЁТ КАРД?
ҶАЙҲУН. ОЗМУНИ “КИТОБХОНИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД
КӮШОНИЁН. 369 НАФАР БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН ГАШТАНД
ЁВОН. ЯК КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИД
ҶАЙҲУН. ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ОҒОЗ ШУД
МОДАР
ХАТЛОН. ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ШУҶОИ ВАТАН
ШАБАФРӮЗ: БОНУЕ ДАР МАСИРИ ЭҶОД
ЗАН ДАР МАЪБАДИ КИТОБ


