Бойгонӣ

ОБОДГАРИ ВАТАН

- Озмуни вилоятӣ -


Бо шарофати ваҳдату суботи ҷомеа дар кишвар корҳои азими созандагию бунёдкорӣ бомаром идома дошта, сокинон бо ҳисси гарми ватандўстӣ бо шукргузорӣ аз осудагӣ ва фазои тинҷу софи Ватан дар корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ, гулпўшу сарсабз намудани диёр саҳм мегиранд. Раванди бунёдкориҳо дар кишвар, аз ҷумла дар вилояти Хатлон касро хушбин, ба зиндагагии шоиставу хуштар роҳнамоӣ мекунад.

Ғояи ватансозиву ватанпарастӣ ва ташаббускорӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида, худ намунаи олии як шахси ватанпараст аст, ки садҳо, ҳазорҳо нафарон бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандона ва ободгаронаи Пешвои миллат даст ба иқдомҳои наҷибу созанда мезананд. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ба соҳибкорон ва ҳавасманд гардонидани онҳо қарори раиси вилояти Хатлон дар бораи озмуни вилоятии «Ободгари Ватан» ба тасвиб расида буд. Дар ин давра аз ҷониби соҳибкорон, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсони алоҳида даҳҳо километр роҳҳо мумфарш, мактаб, синфҳонаҳои иловагӣ, бунгоҳи тиббӣ, биноҳои баландошёна, меҳмонхона бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Соли дуюм аст, ки озмуни вилоятии «Ободгари Ватан» ҳар семоҳа ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфаҳо сарфароз мегарданд. 23 нафар ғолибони озмуни вилоятӣ дар маҷлиси васеъ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии вилоят дар нуҳ моҳи соли 2020, ки таҳти роҳбарии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода доир гардид, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гаштанд.

                                 Латофати МИРЗОСАИД

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019