Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Шаҳритус
Баъд аз ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Тус”-и ноҳияи Шаҳритус ва шиносоӣ бо шароити он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва сокинону фаъолони ноҳия мулоқот намуданд.Нахуст Сарвари давлат ҳозиринро ба муносибати ифтитоҳи иншоотҳои маишиву хизматрасонӣ ва фарҳангиву фароғатӣ, ки дар доираи омодагиҳо барои истиқболи сазовор аз ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст, табрику таҳният гуфтанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқи ин ноҳияро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, зикр намуданд, ки тӯли 29-соли соҳибистиқлолии кишвар дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ноҳияи Шаҳритус низ рушду инкишоф ёфта, бо бунёди иншооти таъиноти гуногун симои худро ба куллӣ тағйир додааст.
Роҳбари давлат доир ба дастовардҳои сокинони ноҳия ибрози андеша намуда, онҳоро ба саҳмгузорӣ дар рушду пешрафти Тоҷикистони азиз ҳидоят намуданд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат бо мақсади беҳтар гардидани зиндагии сокинони ноҳияи Шаҳритус, инчунин, ноил шудан ба ҳадафи олии давлат – баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми он бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо дар давоми 29 соли соҳибистиқлолӣ аз буҷети давлат зиёда аз 515 миллион сомонӣ равона намудааст.
Илова бар ин, Ҳукумати кишвар то имрӯз дар ноҳияи Шаҳритус 5 лоиҳаи давлатии сармоягузориро ба маблағи 22 миллион сомонӣ татбиқ намуда, дар доираи онҳо сохтмону таъмир ва муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои таълимӣ, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои об, анҷом дода шудаанд. Ҳоло дар самтҳои зикршуда боз 7 лоиҳа ба маблағи беш аз 14 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст.
Ҳамзамон бо ин, бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ бунёду азнавсозии 365 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 270 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, ки 74 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.
Соҳаи кишоварзии ноҳия дар пешбурди иқтисодиёти он нақши асосӣ дошта, манбаи асосии ҷойи корӣ ва даромади аҳоливу буҷети маҳаллӣ мебошад.
Ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хоҷагиҳои аҳолӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ хеле назаррас аст.
Ба ҳолати 1 августи соли 2020 кишоварзони ноҳия дар майдони 14,7 ҳазор гектар кишти зироат гузаронидаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 3,8 фоиз ё 543 гектар зиёд мебошад.
Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия 430,6 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 -ум 11,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Шаҳритус супориш доданд, ки бо мақсади истифодаи самараноки заминҳои корам, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва иҷрои дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ, инчунин, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Дар охири суханронӣ баъди таҳлилу баррасии натиҷаҳои фаъолияти ҳамаи бахшҳои ноҳия Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Шаҳритус анъанаҳои неки аҷдодамонро дар ҷодаи бунёдкориву созандагӣ идома бахшида, сарҷамъу муттаҳид барои рушди Тоҷикистони азизамон саҳми хешро дареғ намедоранд ва ба дастовардҳои назарраси иҷтимоиву иқтисодӣ сазовор мегарданд.
Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони касбу кори гуногун Ҳусноро Бобоева – табиб, Зулфия Имомова – донишҷӯ, Насриддин Ғуломҳайдаров – собиқадор ва Бобоназаров Сафаралӣ — собиқадор баромад карда, бо қаноатмандӣ аз рушду пешрафти ин гӯшаи диёр андешаронӣ намуданд.
Добавить комментарий
Ахбор
ОҒОЗИ МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР БОХТАР 13:00ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ ПОЯНДА БОД 12:56ҲУНАРМАНДИ АСИЛ, МАҲБУБИ ДИЛҲО 12:52ХАТЛОН: ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРМАНДИ СОЛ» БАРГУЗОР ГАРДИД 12:49ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА БУНЁДГУЗОРИ МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН 11:29ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 11:34Пешвои миллат ва рушди соҳаи тандурустӣ: аз сиёсати созанда то тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ 11:25ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР ГАРДИД 11:21
Серхонандаҳо
РОССИЯ: ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМИ II КИШОВАРЗИЮ ОЗУҚАВОРИИ СИБИР
ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД
ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД
БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ ПОЯНДА БОД


