Бойгонӣ

КИТОБ МАЪВОИ ДИЛИ ӮСТ

                                                                           - ФУРЎҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…  -                                           


Хушбахтона, тайи солҳои охир таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди соҳаи фарҳанг бештар гардида, аз ҷумла доир ба китобу китобхонӣ барномаҳои нав таҳия мешаванд.

Оре, маҳз мутолиаи китоб инсонро ба қуллаи баланди мурод мерасонад.

Нависандаи бузург Расул Ғамзатов дар васфи китоб чунин навиштааст: «Китоб … Ҳарфҳо, сатрҳо, саҳифаҳо. Дар назар як варақ коғази одӣ. Аммо ин варақ таронаи сухан, тарзи забону баён ва афкори одамон аст».

Аз замони қадим мардуми тоҷик китобдор буду китобхон ва китобҳои пурмазмуну қиматбаҳоро  новобаста ба зулму асорати арабу муғулу турк аз душманон ҳифз намуда, то рӯзгори имрӯзаи мо оварда расониданд.

Боиси хурсандист, ки майлу рағбати мардум ба китобу китобхонӣ аз нав эҳё гардид. Олия Қодирова  аз зумраи чунин шахсиятҳое, ки ба мутолиаи китоб шавқи беандоза дорад, мебошад. Мавсуф алҳол ба ҳайси директори китобхонаи марказии ноҳияи Шаҳритуз фаъолияти пурсамар дорад. Олия ҳанӯз ҳангоми таҳсил дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ба китобхонӣ шавқу рағбат пайдо намуд. Меҳри китоб дар қалби ӯ бештар маъво мегирифт. Зеро ҳамаи аҳли оилаашон, аз ҷумла волидон низ пайваста китобҳои зиёдеро мутолиа менамуданду як ҷаҳон ғизои маънавӣ мегирифтанд.

Ҳамин дилбастагӣ ба китоб буд, ки ӯ баъди хатми мактаб ба коллеҷи фарҳанги ба номи П. Бӯйдоқови ноҳияи Рӯдакӣ дохил шуда, таҳсили илм намуд. Китобро беҳтарин ҳамнишини худ медонист.

Баъди хатми бомуваффақияти коллеҷ ба зодгоҳаш баргашта, солҳои зиёде ҳамчун корманди китобхонаи марказии ноҳия сарбаландона кор кард. Чун мутахассиси кордону ташкилотчии фаъол китоб ва аҳамияти мутолиаи онро ҳамчун сарчашмаи донишу маърифат дар байни мардум тарғиб менамуд. Дар байни ҳамкорону мардум зуд обрӯю эътибор пайдо намуд.

Директори вақти китобхонаи марказии ноҳия Абдулло Назаров, ки марди бисёр соҳибмаърифат буд ва Олия ӯро беҳтарин устодаш меҳисобад, тавсия дод, ки Олия таҳсилро дар мактаби олӣ идома диҳад.

Зеро дониши баланд, интизоми хуб, масъулиятшиносӣ ва хислатҳои наҷиби инсонии Олия аз назари собиқ директори китобхона дур намонд. 

Олия Қодирова барои сайқали илму дониш ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи китобдории Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода супорида, соҳиби унвони донишҷӯ гардид. Солҳои донишҷӯӣ ҳам ноаён паси сар гардиданду Олия дониши баланди касбӣ омӯхт. Ҳамчун мутахассиси варзидаву ботаҷриба дар китобхонаи марказии ноҳия фаъолияти пурсамари хешро идома дод.

Инак 34 сол мешавад, ки дар соҳаи фарҳанг сарбаландона кор мекунад. 10 сол аст, ки роҳбарии китобхонаи  марказии ноҳияи Шаҳритузро ба уҳда дорад. Ҳамчун роҳбари кордон ва дилсӯз корҳои тарғиботӣ дар 11 китобхонаҳои ҷамоатҳои деҳот низ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.

Дар назди китобхонаи марказї инчунин китобхонаи бачагона ҳам ташкил карда шудааст. Бо ташаббуси ӯ дар китобхонаи бачагона баробари мутолиаи китоб инчунин маҳфилҳои «Рассомӣ», «Бибии афсонагӯяк», «Ҳунармандӣ» ва «Шоҳмотбозӣ» фаъолият доранд.

Хазинаи китоби китобхонаи марказӣ ба 86 ҳазору 541 адад китоб расидааст. Толори хониши китобхона тозаю озода буда, хеле хуб ҷиҳозонида шудааст. Ҳафтае як маротиба кормандони китобхона, рӯзи чоршанбе адабиётҳои дархостнамудаи маъюбонро ба хонаҳояшон дастрас менамоянд.

Олия Қодирова ҳамчун шахси фарҳангдӯст ва роҳбари кордону ғамхор ҳамеша дар фикри тарғиби китоб ва баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Вале дар ин самт ӯро як андешае ҳеҷ ором намегузошт. Дар маркази Љамоати деҳоти «Пахтаобод», ки аз маркази ноҳия 47-48 километр дур дар сарҳади ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ гардидааст, китобхона набуд. Барои ҳалли ин мушкилот рӯзе ба назди раиси онвақтаи ноҳия Абдуалим Исмоилзода даромада, дар хусуси мушкилоти мављуда ибрози назар кард.

Пас аз як сол дар Љамоати деҳоти «Пахтаобод» китобхонаи наву замонавӣ дарҳои худро барои аҳолӣ кушод.

Китобхонаи марказии ноҳия бо 6 китобхонаи шахсӣ, ки дар ҷамоати шаҳрак ва деҳот воқеъ гардидаанд, ҳамкорию робитаи зич дорад. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия метавонанд аз гӯшаи «Китобҳои дарсӣ» китобҳояшонро ройгон гирифта,  истифода баранд.

Соли гузашта бисёр ташкилоту муассисаҳо ва шахсони фарҳангдӯст ба китобхона зиёда аз 300 номгӯй китобҳои гуногун ҳадя карданд. Ҳамасола барои харидорӣ намудани адабиётҳои тозанашр аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 2-3 ҳазор сомонӣ ҷудо мегардад.

Китобхонаи марказии ноҳия соли 2019 дар озмуни вилоятии библиомарафон – «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» ғолиб дониста шуда, сазовори ҷои дуюм ва диплом гардид.

Олия Қодирова барои хизматҳои шоён дар соҳаи фарҳанг, тарғиби китоб ва ташвиқи мероси гаронбаҳои фарҳанги миллӣ, ташаккули ҷаҳонбинии илмии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи маънавиёти мардум сазовори нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардидааст.

 Ӯ соҳиби китобхонаи шахсӣ мебошад, ки ҳамсояҳо ва аҳли деҳа аз он мунтазам ва самаранок истифода мебаранд.

- Мо бояд бештар ба китоб рӯй оварем, китобро аз вартаи танҳоӣ ва фаромӯшӣ барорем, то хазинаи маънавии хешро ғанӣ гардонида, ҳамроҳи аҳли ҷомеа ҳамқадами замон гардем,-мегӯяд Олия Қодирова.

                                                               Аъзам БОБОЕВ, ноҳияи Шаҳритуз

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019