ГУЛФУРЎШ

                                                     (ҳикоя)

…..Духтарча чашмони ашколуди суп – сурхшудаи худро бо домани пероҳани чити нимдошти гулдораш пок карда, ба сари кўча баромад. Ў дар дил меандешид, ки агар модараш дар бари вай мебуд, шояд ин қадар азоби рўҳӣ намекашид. Ў аз синни яксолагӣ аз модар бенасиб гардида буд. Падараш як зани ҷавон гирифта аз ҳавлӣ рафт ва ў дар тарбияи аммаи солхўрда ва амакаш, ки ҳарду ҳамсоя буданд, монда буд. Афту андом ва тарҳи рўйи модарашро дар хотир надошт.

Солҳои 60- уми садаи бист. Духтарча он айём дар яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе дар синфи дуюм таҳсил мекард. Дар мактабҳои он замон ручкаҳои худнавис набуд. Мактабиён аз рангу ручкаҳои перодор (як намуди ручкаи хатнависии замони шўравӣ) истифода мебурданд. Рўзе муаллимаашон огоҳ кард, ки то пагоҳӣ ҳар як нафар хонандаи синф понздаҳтинӣ (пули замони шўравӣ) барои харидани ручкаву сиёҳидон биёранд.

- Ин ручкаҳоро дар ҷевони синф мегузорем ва ҳини гирифтани корҳои хаттӣ аз онҳо истифода мебарем, - мегуфт муаллимаашон.

Ин маблағро духтарча аввал аз аммааш пурсид.

- Понздаҳ тин дар куҷост? Охир ин маблағро мани кампир аз куҷо ёбам? – мегуфт аммаи солхўрдааш.

Баъд духтарча ноумед шуда назди амакаш рафт. Баъди суханони додарзодаашро шунидан амакаш якбора шўрида бо асабоният гуфт:

- Шикаматро сер мекунам, танатро мепўшонам, боз пули бекора куҷост, ки ба ту, сархўри касофат, бидиҳам. Дафъ шав аз назарам!

Духтарча аз ин суханон озурда гушта ба гиря даромад ва тозон ба берун рафт. Ў ҳайрону ошуфтаҳол гардида буд. Ногоҳ холаи Мадина, ки дар завод китобдор шуда кор мекард, аз бозор баргашта омада, духтарчаи гирёнро дид.

- Ҳа, Шукронаҷон, чаро гиря мекунӣ? Кӣ туро ранҷонд?

- Не холаҷон касе маро наранҷондааст. Пагоҳ бояд ба муаллимаамон понздаҳ тин барам. Амма ва амакам пул надоштаанд.

Холаи Мадина зани ҳалиму меҳрубон буд. Гоҳ-гоҳ ба ҳавлиашон даромада ўро навозиш мекард.

- Шукронаҷон, рафтем ба хона, он ҷо маслиҳат мекунем.

Мадина-хола Шукронаро ба ҳавлиаш бурд. Пеши дари даромадгоҳи хона чанд бутта гулҳои сурху сафед ва нилобӣ шукуфта, ҳавличаи холаро муаттару атрогин намуда буданд.

Хола духтарчаро сари мизи хўрокхўрӣ шинонда дар пешаш чою нон ва мураббо гузошт. Сипас, косаи хўрокро ба ў дароз карда, - гир духтаракам бихўр. Ҳоло мушкилотатро ҳал мекунем, - гуфт.

- Гўш кун, ба ту пул намедиҳам, аммо роҳи бо заҳмат пулёбиро баҳрат нишон медиҳам, - гуфт хола.

Онҳо аз сари дастархон хестанд.

Холаи Мадина аз анҷомхонаи ҳавлиаш қайчии токбуриро ба даст гирифта ба Шукрона гуфт:

- Дўстрўяки ман, аз назди лўлаи об сабадчаи холиро гирифта ба назди ман биёр.

Баъд Мадинахола аз анбўҳи гулҳои пеши хона даҳ адад навдаи гули шукуфтаи садбаргҳои хушбўйи зеборо қайчӣ карда, боэҳтиёт дар сабадча гузошт. Сипас, онҳо пасу пеш аз дарвоза берун шуданд. Холаи Мадина Шукронаро ба назди бозорчаи дар паҳлуи завод воқеъ буда бурда, бо як зани фарбеҳи офтобпарастфурўш, ки дар наздаш як тағораи калон сутаҳои ҷуворимаккаи обпазшуда дошт, монд. Бо он зани фарбеҳ ким – чӣ гуфта худ аз наздашон дур шуда, ба коргоҳаш рафт.

Вақте садои занги завод баланд шуд, коргарон аз завод баромада, як бозорчаро гардиш карда, баъд сўйи хонаҳояшон мешитофтанд.


Он рўз Шукрона 10 дона гулро бо пешниҳоди зани бозорӣ панҷтинӣ фурўхта, ҷамъи нақдинаашро ба панҷоҳ тин расонд. Зуд сабадча дар даст ба коргоҳи холаи Мадина даромада, тангаҳои дар каф ҷамъкардаашро ба дасти холаи меҳрубон дароз кард. Холаи Мадина гуфт:

- Не, духтарчаи зебоям, ин тангаҳо аз они худат. Понздаҳ тинашро ба муаллимаат бидеҳ, боқимондаашро дар як ҷо захира кун ё беҳтараш ба дасти аммаат супор. Лекин гулфурўширо давом медиҳӣ.

Шукрона бо табъи болида ба хонаашон рафта ин воқеаро ба аммааш нақл кард. Кампири Саодат дар ҳаққи сағеранавозии холаи Мадина дуои нек карда, аз Парвардигор ба ў умри дароз дархост намуд.

Шукрона зери парастории он зани хайрхоҳи бозорчӣ боз даҳ рўзи дигар ба гулфурўшӣ машғул шуд. Миқдори нақдинаи ў ба 27 сўму 65 тин расид. Холаи Мадина аз кори Шукрона меболиду завқ мекард.

Рўзи истироҳат холаи Мадина Шукронаро бо иҷозати аммааш аз хонаашон гирифта ба бозор бурд. Аввал ба ў қанду қандалот харида дод. Баъд аз ҳисоби нақдинаи аз гулфурўшӣ ҳосилнамудаи Шукрона ба ў як адад либоси варзишӣ, як ҷуфт туфлии зебо ва барои аммаи меҳрубонаш як рўймоли хушрўй харид. Боз ду суму бист тини боқимондаро ба дасти Шукрона дода гуфт:

-Ин пулҳоро эҳтиёт кун, барои мактабат лозим шуда мемонад.

Ин некиҳои хола ҳанўз аз хотири Шукрона зудуда нагаштаанд, дар дунё одамони меҳрубон ҳам кам нестанд…

Ҳ. ҲОҶӢ, ноҳияи Кўшониён

Добавить комментарий