Бойгонӣ

КАМБУДИ ҲАВЗҲОИ ШИНОВАРӢ. ОН КАЙ БАРТАРАФ МЕШАВАД?


Тибқи маълумотҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 33 ҳавзи шиноварӣ мавҷуд буда, аксарияти онҳо фаъолият намекунанд. Аз набудани ҷойи мувофиқ барои оббозӣ дар кӯлу дарёҳои ҳудуди вилоят давоми шаш моҳи соли равон ҳафт сокин ғарқ шудаанд. Табиист ки дар сурати набудани ҳавз барои шиноварӣ сокинон дар ҷойҳои хатарнок оббозӣ мекунанд ва аз ин ҳисоб ҳамасола дар фасли гарми тобистон ҳодисаҳои ғарқшавӣ ба қайд гирифта мешавад.

Нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ иқлими вилояти Хатлон бениҳоят гарм аст. Имрӯзҳо ҳарорати ҳаво дар ин минтақа аз 40 дараҷа боло мебошад. Чун фасли гармо фаро мерасад, сокинон аз набудани ҳавзҳои махсуси шиноварӣ ноилоҷ дар ҷойҳои хавфнок ба оббозӣ машғул мешаванд.

Даҳҳо сокини вилоят зимни суҳбат изҳори нигаронӣ аз он карданд, ки ҳавзҳо фаъолияти густурда надоранд.

Ба таври мисол, дар ноҳияи Кӯшониён се ҳавзи шиноварӣ ба қайд гирифта шудааст, ки эҳтиёҷоти бошандагони ноҳияро қонеъ намесозад. Ин аст, ки аз шумораи умумии ғарқшудагон се нафарашон аз ноҳияи мазкур мебошанд.

Ба иттилои Дилшод Мадалиев, сармутахассиси бахши варзиши дастгоҳи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят 33 ҳавзи шиноварӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аксарияти онҳо таъмирталаб буда, фаъолият намекунанд. Номбурда нигаронӣ аз он кард, ки бештари ҳавзҳо танҳо дар рӯйи коғаз мавҷуданд.

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо шумораи ҳавзҳои шиноварӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб чор адад, Бохтар – се, Левакант – ду, Норак – як, Ёвон – чор, Абдураҳмони Ҷомӣ – ду, Ҷалолиддини Балхӣ – як, Шаҳритуз – ду, Қубодиён – як, Данғара – ду, Ховалинг – ду, Восеъ – як ва Муъминобод ду адад ба қайд гирифта шудааст. Аммо дар ноҳияҳои Хуросон, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Носири Хусрав, Темурмалик, Балҷувон, Шамсиддин Шоҳин, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор ягон ҳавзи шиноварӣ мавҷуд нест.

Номбурда афзуд, ки тибқи нақша бояд то соли 2021 дар ҳудуди вилоят 13 ҳавзи шиноварии нав сохта шавад. Лекин аз ин шумора дар соли 2019 ва шаш моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ ду ҳавз сохта шудаасту халос. “Аҳолии вилоят афзуда, ҳоло ба се миллион расидааст. Манзурам, ҳавзҳои ба қайд гирифташуда нисбат ба нуфуси аҳолӣ хеле каманд”, - зикр кард Д. Мадалиев.

Бо чунин сусткории масъулон суоли матраҳ ин аст, ки аз ғарқшавии сокинон дар ноҳияҳое, ки ҳавзи шиноварӣ надоранд, чӣ гуна метавон пешгирӣ кард?

– Давоми шаш моҳи соли равон дар кӯлу дарёҳои ҳудуди вилоят ҳафт сокин ғарқ шудаанд, – гуфт сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон Муродҷон Муҳиддинов ва афзуд, ки аз шумораи умумии ғарқшудагон се нафар дар минтақаи Бохтар ва чор нафар дар минтақаи Кӯлоб ба қайд гирифта шудааст. Дар дувоздаҳ моҳи соли 2019, барои муқоиса, 23 нафар ғарқ шуда буд, ки 12 нафарашон ноболиғ буданд. Номбурда ҳамчунин, гуфт, омили асосии ғарқшавии сокинон агар аз як тараф кам будани ҳавзҳои шиноварӣ бошад, аз ҷониби дигар фарзандонро беназорат гузоштани волидон аст.

“Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ба хотири огоҳии бештари сокинон пайваста корҳои оммафаҳмонӣ мегузаронад. Ҳамчунин, дар назди рӯдхонаву кӯлу дарёҳо, ки барои шиноварӣ хатарнок мебошанд, шиору овезаҳо насб карда шудаанд. Аммо ин тадбирҳо баҳри пешгирии ғарқшавӣ ҳанӯз кофӣ нестанд. Зеро ҳавзҳои шиноварӣ дар ҳудуди вилоят кам буда, эҳтиёҷоти сокинонро қонеъ намесозанд”, – афзуд ӯ.

Сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон Сулаймон Исозода иттилоъ дод, ки аз сабаби кам будани ҳавзҳои шиноварӣ ба унвони раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода мактуби расмӣ фиристода шудааст. Дар мактуб дарҷ гардидааст, ки барои пешгирии ғарқшавии сокинон дар кӯлу дарёҳо бояд дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилоят ҳавзҳои махсуси шиноварӣ бунёд карда шавад, то ин ки сокинон дар ҷойҳои хатарнок оббозӣ накунанд.

Масъулини раёсатҳои молияи чанде аз шаҳру ноҳияҳои вилоят мегӯянд, аз ҳисоби буҷетҳои мақомоти маҳаллӣ ҷудо кардани маблағ барои сохтмони ҳавзҳои шиноварӣ дар шаҳру ноҳияҳо феълан имконпазир нест. Ба боварии онҳо, танҳо бо ҷалби сармояи бахши хусусӣ ин масъаларо то ҷойе метавон ҳаллу фасл кард. Аммо аз рӯйи мушоҳидаҳои солҳои охир соҳибкорон барои сохтани ҳавзҳои шиноварӣ чандон ҳавасманд нестанд. Зеро ба гуфти чанде аз онҳо, фаъолияти ин гуна иншоот мавсимӣ буда, манфиатовар нест.

Раисони аксар шаҳру ноҳияҳо ба ин суол, ки “Оё дар ду соли оянда сохтмони ҳавзҳои шиноварӣ ба нақша гирифта шудааст, ё не?” ба ин мазмун посухҳои якранг гуфтанд: “Мо дар ин самт корбарию коргузорӣ карда истодаем. То имрӯз дар нақша нест. Дар оянда ҳатман ба нақша мегирем”.

Ҳарфҳои онҳо то куҷо амалӣ мешаванд ва дар ин самт кай корбарию коргузории воқеиро оғоз мекунанд, вақт нишон хоҳад дод.

                                                                         Сулаймон СУЛТОНОВ

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019