Бойгонӣ

АЗ МИЛОДИ ОРЗУҲО ТО ҚУЛЛАҲОИ МАРОМ

                                                      

                                                                               Ифтихори ватандорӣ


Замони тифливу наврасӣ як баҳорест, ки бо инкишофу ба камол расиданаш сабзидану шукуфтанҳоро мемонад. Агар баҳор бо зебогию таровати хоси худ ҳар сол ҷаҳонро зебу зинат бахшад, ҳаёти инсонӣ гузашти моҳу солҳо дораду рафтанҳои бебозгашт. Аз ин хотир, ҷавониро баҳори тиллоии умр мегўянд. Дар ин давраи беғаму беолоиши ҳаёт ҳар он чиро дидему гузаштем боз ҳам орзу мекардем, ки навгониҳои зиёд ва беҳтарин лаҳзаҳои қисмат насибамон гардад. Вале қисмат он пайроҳаеро, ки ба рўямон боз намуда, имкону интихоби роҳи дигарро намедиҳад. Манзури ман амалишавии орзуҳои кўдакиам мебошад, ки маҳз дар овони соҳибистиқлолии кишварамон маро ба ҳадафҳои ниҳоӣ расонид. Имрўз ман хушбахттарин модарам, ки фарзандонам аз шаҳди меваҳои истиқлол баҳравар гардида, дар фазои Ваҳдати зарринбол ва сулҳу осоиштагӣ ба камол мерасанд.

Хушбахтам аз дидани гўшаю канори ободу осоиштаи ватани азизам, ки онро Тоҷикистон ном аст. Ифтихор дорам, ки дар ин сарзамини муқаддас чашм ба олами ҳастӣ кушодаву ба воя расидаам. Диёри нозанину пур аз ганҷ, ки оламиён онро порае аз биҳишт дар рўи замин ҳисобидаанд. Сарабаландам бо Пешвои муаззами миллат, ки барои кулли мардуми тоҷик, аз ҷумла, ҷавонону наврасон иқдомҳои наҷибро рўи кор оварда, боз ҳам баҳри дастгирӣ ва пуштибонӣ диққати бештарро ба қишри эҳтиёҷмани ҷомеа медиҳанд ва аз ин амали саховатпеша маъюбону ятимон, солмандону дигар ниёзмандонро рўҳу илҳоми тоза мебахшад.

Вақте аз шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои ҷумҳурӣ дидан менамоем, дарҳол эҳсос мешавад, ки маҳз даврони Истиқлолият замони навгониҳои ҳаёт аст. Таъсиси муассисаҳои тарҳи нав бо шароитҳои муосир, ки дар баланд бардоштани малакаи дониши насли ҷавон муҳим аст, бунёди марказҳои саломатӣ бо таҷҳизотҳои муосир, кушодани роҳу пулҳо, бунёди боғҳо, ба истифода супурдани корхонаҳои хурду азими саноатӣ, ки дар паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва ҷалби шахсони бекор нақши муҳим мебозад, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўи кор омадааст.

Ҳамаи ин рушду пешрафт расидан ба орзуҳои деринаи банда буд, ки барои он даврони сангини кўдакиро пушти сар кардаам. Дар шаҳри Душанбе ба дунё омадаву бо гузашти солҳо, бо ҳукми тақдир оилаамон ба шаҳри Бохтар (собиқ Қўрғонтеппа) кўч баст. Бисёр мехостам, ки дунёи кўдакию наврасиамро ба афсонае шабоҳат диҳам, ки мислашро касе ҳатто дар қиссаҳо нахондаю нашунида бошад. Рӯзҳои моро волидайн бо хушгўиву хурсандӣ, тақдими зочаҳои афсонавӣ ва беҳтарин ашёҳои таълимӣ пур мекарданд. Дар хонаводаи мо фарзандон ҳатто барои гирифтани баҳои аъло бо сипосгӯиҳои зодмандон ва инъомҳои ҷолиб қадр мешуданд, ки ин барои ману хоҳаронам мояи ифтихору сарфарозӣ буд. Овони мактабхонӣ орзу мекардам, ки озмунҳо ё чорабиниҳои гуногуне баҳри санҷиши малакаи дониши мо хонандагон доир гарданду ман бо донишу саводи андӯхтаам хотири волидонамро шод гардонда, собит намоям, ки номбардори онҳо мешавам.

Моҳи сентябр буд. Ҳамон рўзе, ки бо умеду орзуҳои зиёд бояд ба мактаб мерафтем, ҳангомае паҳн шуд, ки силоҳбадастон омодаи ҷанганду дар майдон ҷамъ омадаанд. Мардуми ба таҳлукаафтода, барои ҷони худро аз хатар эмин доштан дар хона менишастанд. Нафаре ҳатто ёрои сари кўча баромадан надошт. Чанде пас, садои даҳшатбори тиру туфанг то бар фалак печид, ки ин оғози ҳодисаҳои шаҳрвандӣ аз шаҳри Қўрғонтеппа буд. Мо - кўдакону наврасони аз донишу мактаб дар канор монда, акнун танҳо оромию зинда монданро орзу мекардем. Аз тарси садои даҳшатфикан ба гўшҳо пахта гузошта, дар кунҷи ҷевони либосҳо паноҳ мебурдем. Ин бозиҳои талхи қисмат, ки мо кўдаконро аз дунёи зебои он даврон маҳрум намуда буд, аз ёдҳо фаромўш нахоҳанд шуд.

Манзараҳои даҳшатбор, ки то имрўз чун афсона дар хотираҳо нақш бастааст, чанд соле аз даврони бачагии моро рабурд. Дуди ғализи хонаҳои дар коми оташмонда, нолаи ҷонкоҳи модарони фарзандгумкарда, мардуми ба тарсу ҳаросафтода роҳи наҷот меҷустанду кўдакони аз садои тирпаронӣ тарсону гирён дар домони модар пинҳон мешуданд. Ин лаҳзаҳо аз нигоҳи ман мавсими хазоне дар баҳори кўдакиам буд.

Бисёр рӯзҳо мехостам, ки лоақал лаҳзае ором бихобам. Вале баръакс аз ҳар гўшаи диёр таркишҳои зиёд садои тиру туфанг ба гўш мерасиду оромию осудагиҳо чун орзуҳои дерина пеши назар меомад. Дар муҳите, ки садои нохуш фаро гирифта буд, ман боз ҳам орзу мекардам, ки бо ҳамсолонам бошаму ба дарсу илмомўзӣ машғул бошам. Бисёр мехостам, ки ҳама ин лаҳзаҳои пуртазодро нукта гузорам, то чеҳраи ашкбори модарамро набинам. Вале афсўс ҳамоно мардуми азиятдида роҳ сўи гурез ниҳода, хонаю дари ободи хешро партофта, ба самти номаълум фирор мекарданд. Ин амали онҳоро волидайн қабул надониста, чун шиор хоки ватан бароям қиматтар аз ҳама неъматҳои дунё гуфта, сабру таҳаммулро пеша намуданд. То охирин лаҳзаи душвории он замон ба ояндаи нек, ба осоиштагии рўзгор ва дидори наздикону пайвандон умед мебастанд.

Сабру таҳаммулпазирӣ ниҳоят натиҷаи хуб ба бор овард. Оташи ҷанг хомўш шуд. Тоҷикистони қариб парокандашуда аз нав сарҷамъ шуд. Миллату давлатро шахси ватандўст Эмомалӣ Раҳмон пуштибону раҳнамо шуд. Тоҷикистон сол то сол чун кўдаки ба камолрасида зебову ранги дигар мегирифт. Давлат пойдор шуд. Халқи азиятдида ба фаъолият шурўъ карда, ба зиндагии осоишта насиб шуд. Аз ҷумла, дар ҳаёти ҷавонон сол то сол навгониҳо ба амал омада, ин қишри ҷомеа аз ҷониби давлату ҳукумат дастгирии зиёд ёфт.

Дар қиёс ба даврони то Истиқлолияти давлатӣ имрўз фарқият дар таҳсилу донишандўзӣ калон аст. Насли имрўз насли озоданд, метавонанд дар дилхоҳ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи олӣ таҳсил намуда, пешаи хешро низ озодона интихоб намоянд. Барои омўзиши забонҳои хориҷӣ шароиту имконияти зиёд муҳайё гардида, марказҳои таълимӣ дари худро ба рўйи онҳо боз намудаанд. Акнун кўдакон имкон пайдо намудаанд, ки дар солҳои таҳсил 2-3 забонро аз худ намоянд. Бунёди варзишгоҳҳо ва толорҳои варзишӣ низ баҳри сиҳатии омма ва баланд бардоштани инкишофи ҷисмии насли ояндасози миллат нақши муҳим мебозанд.

Ҳамаи ин пешравиҳо мо - модаронро хушнуд мегардонад. Зеро фарзандони мо меваҳои боғи истиқлол мебошанд. Имрӯз хушбахтиам ҳадду канор надорад, ки фарзандам Азиза Шоимова, таълимгирандаи литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар буда, дар олимпиадаи вилоятӣ аз фанни забони давлатӣ сазовори ҷойи аввал гардида, бо медал ва ифтихорнома қадрдонӣ шуд. Ҳамчунин дар соли ҷорӣ ӯ ба сафи гирандагони степендияи раиси вилояти Хатлон шомил шуд, ки ин ҳам амалишавии яке аз орзуҳои даврони кўдакии ман аст. Дарвоқеъ, ин насли ояндасози ватан, ки имрўз дар шароити муосир таҳсил намуда, дар озмуну олимпиадаҳои дохилу хориҷи кишвар фаъолона иштирок доранд, чун шахсиятҳои сазовори ҷомеа ба камол расида, баҳри рушду нумўи ватани азизамон саҳми назарраси хешро хоҳанд гузошт.

                                                                   Махфират ШОИМОВА

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019