Бойгонӣ

ҒАМХОРӢ БА ОСОРИ НИЁГОН – МЕРОС БА ОЯНДАГОН

Солҳои 2019-2021- солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ


            «Сайёҳӣ омили муҳими муаррифии таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ мебошад.»

                                                             Эмомалӣ Раҳмон

Бузургтарин дастоварди Истиқлолияти давлатии ҶумҳурииТоҷикистон ин эҳё кардан ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани арзишҳои миллию фарҳангии дар тӯли асрҳо фаромӯшшудаи ин куҳандиёр мебошад.

Мувофиқи маълумоти оморӣ дар қаламрави кишварамон зиёда аз 1 000 мазору мақбараҳо мавҷуданд.

Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи бисёр бузургони илму адаби ҷаҳоншумули тоҷик аз нав зинда мегарданд.

Ҳадафи асосии солҳои 2019-2021 эълон гардидани солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муаррифии шоистаи миллати тоҷик ба ҷаҳониён мебошад.

Дар ноҳияи Дӯстӣ низ мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ хеле зиёданд, ки яке аз онҳо Маҷмааи меъмории мақбараи Эмом Зайналобиддин мебошад.

Ин маҷмааи таърихӣ 7 километр дуртар аз маркази ноҳия дар ҷамоати деҳоти Гардӣ Гулмуродов воқеъ гардидааст. Масоҳати умумии он 7 гектарро ташкил медиҳад.

Воқеан ҳам роҳравҳои тозаю озода, гулгаштҳои зебо, боғи пур аз ниҳолҳои ороишӣ, ҳамешасабз ва дарахтони мевадору сояафкани ин мавзеи таърихӣ диққати ҳар як бинандаро ба худ ҷалб месозад.

Ин маҷмааи таърихию меъморӣ соли 2006 бо қарори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори раиси ноҳияи Дӯстӣ таъсис ёфтааст.

Моҳи июли соли 2001 Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари кориашон ба ноҳияи Дӯстӣ аз ин мавзеи таърихӣ дидан намуданд ва барои ободу зебо гардонидани он дастуру супоришҳо доданд.

Солҳои 2007-2010 дар маркази ин мавзеъ осорхонаи таърихӣ бино ёфт, ки он хеле зебою хуштарҳ мебошад. Дар осорхона сарчашмаҳои таърихӣ,

китобҳои пурарзиши илмию адабӣ, либосҳои миллии қадима ва расму мусаввараҳои таърихӣ гирд оварда шудааст.

Дар шафати осорхона мақбараи имом Зайналобиддин (дар баъзе сарчашмаю маъхазҳои илмию таърихӣ бо номи Зайнулобиддин ёд мешавад) ҷойгир аст. Дар ҳақиқат мазори имом Зайналобиддин яке аз ҷойҳои муборак ва муқаддас барои мардуми ноҳия маҳсуб меёбад.

Хусусан рӯзҳои чоршанбеи ҳар ҳафта теъдоди зиёди ихлосмандону зиёраткунандагон натанҳо аз ноҳия, ҳатто аз дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба мазори имом Зайналобиддин меоянд. Мардуми ихлосманд ин мавзеъро бо рамзи эътиқоди динӣ бо номи мазори Эмом Зайналобиддин ба забон меоваранд.

Ба андешаи олимони таърихшинос дар оғоз ин ном не, балки унвон ва ё мартабаи динӣ будааст. Авлодони Ҳазрати Алӣ (халифаи чоруми аҳли ислом), ки бо номи Авлиё маъруф буданд, аз байни худ имом интихоб мекарданд. Онҳо дар мартаба баробари халифаҳои расмӣ эҳтиром доштанд. Аввалин шуда, ин унвони фахриро имоми чорум – Ҳусейн (писари ҳазрати Алӣ), ки дар фоҷиаи дашти Карбало шаҳид гаштааст, соҳиб гардида буд.

Дар бораи Ҳазрати имом Зайналобиддин дар сарчашмаю дастхатҳои асримиёнагӣ – «Хазинат-ул-асфиё», «Махбар-ул-восилин», «Шаводиҳ-ул-нубуват» маълумот дода шудааст. Мувофиқи маълумотҳои номбурда номи ӯ Алӣ, тахаллусаш Зайналобиддин ва қунияташ Абӯ Муҳаммад мебошад. Вай аз авлоди пайғамбар Муҳаммад (с) буда, набераи ҳазрати Алӣ ва писари имом Ҳусейн аст. Модараш Шаҳрбону духтари охирин шоҳаншоҳи Эрон аз сулолаи Сосониён – Яздигурди 3 буд. Эмом Зайналобиддин соли 659-и мелодӣ дар шаҳри Мадина таваллуд шудааст.

Ӯ дар давраи 6 подшоҳи (ё халифаҳои) Уммавиён зиндагонӣ кардааст. Давраи зиндагии ӯ пур аз воқеаҳои тезутунди сиёсӣ ва кашмакашиҳои мазҳабӣ будааст.

Мардум Зайналобиддинро борҳо ба сиёсат ҷалб карданӣ шуданд. Аммо вай то охири умраш худро аз сиёсат дур кашид. Аз сабаби беморӣ ва бад будани вазъи саломатиаш дар ҷангҳою кашмакашиҳои мазҳабӣ иштирок намекард.

Дар вақти рӯй додани фоҷиаи дашти Карбало (Ироқ) 22 сола будааст ва дар Мадина қарор дошт.

Халифаҳои Уммавӣ аз обрӯю нуфузи ӯ хавф бурда, дар паи нобуд карданаш мешаванд. Ахиран соли 713 милодӣ Эмом Зайналобиддин аз тарафи Валид ибни Абдумалик дар синни 54 –солагӣ ба қатл расонида мешавад. Қабри ӯ дар мазори Бақеъи Мадина ҷой гирифтааст. Ҷолиби диққат аст, ки Ҳазрати Эмом Зайналобиддин аз тарафи модарашон эронинажод буданд, аз ин ҷиҳат низ ба таъриху фарҳанги мо алоқаи бевоситаи дорад. Дар бораи ба Осиёи Марказӣ омадани ӯ ягон маълумоти илмию сарчашмаи таърихӣ мавҷуд нест. Мақбараи дар ноҳияи Дӯстӣ вуҷуддошта барои хотира, эҳтиром ва бузургдошти ӯ бунёд гардидааст.

Бо пешниҳод ва супориши Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли як моҳ (аз 24 май то 24 июни соли 2002) гурӯҳи олимони Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш А.И.Тоҷикистон дар ин мавзеъ кофтуков ва тадқиқоти илмӣ гузарониданд. Маводи аз шурфаҳо ба даст омада аз он шаҳодат дод, ки мақбараи Эмом Зайналобиддин дар болои шаҳраки замони Сомониён сохта шудааст, ки дар сарҳади мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» ҷойгир будааст. Инчунин як зерсутунчаи сангин (санги доирашакл), ки ҷузъи меҳроби оташ аст, ёфт шуд. Ин бозёфт шоҳиди он аст, ки дар ин мавзеъ ҳанӯз дар замони Кӯшониён ва юнону бохтарӣ шаҳрак ва маъбади зардуштӣ мавҷуд будааст. Аз сабаби он ки бинои куҳнаи мақбара қариб тамоман хароб гардида буд, солҳои 20-уми асри гузашта мардуми деҳаҳои гирду атроф бо тарзи ҳашар онро таъмир ва аз нав сохтанд.

Хушбахтона, имрӯзҳо осорхона ва мақбараи Эмом Зайналобиддин ба мавзеи таърихию сайёҳӣ табдил ёфта, дар байни мардум маҳбубият пайдо намудааст. Ба иттилои директори Маҷмааи меъмории мақбараи Эмом Зайналобиддин Назр Қурбонов соли гузашта баробари сайёҳони ватанӣ инчунин зиёда аз 180 нафар сайёҳони хориҷӣ аз кишварҳои Федератсияи Россия, Эрон, Афғонистон, Узбекистон, Туркманистон аз ин мавзеъ дидан намуданд.

Дар даромадгоҳи ин мавзеъ Маркази Бюрои хизматрасонии интернетӣ барои муштариён ва сайёҳон бунёд гардидааст, ки ҳохишмандон метавонанд, пурра аз он истифода баранд.

Ба андешаи мо барои ҷалби бештари сайёҳони ватанию хориҷӣ ба ин мавзеи таърихӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонидан ба мақсад мувофиқ аст.

Аввалан ин ки роҳи мошингард аз маркази ноҳия то мавзеи Маҷмааи меъмории мақбараи Эмом Зайналобиддин, ки 7 километрро ташкил медиҳад, ноҳамвор буда, дар ҳолати ногувор қарор дорад.

Хуб мешуд, ки дар ояндаи наздик мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар бобати таъмир ва мумфарш намудани ин қитъаи роҳ тадбирҳоеро амалӣ намояд. Аз маркази ноҳия то ин мавзеъ кушодани хатсайри сайёҳӣ, мағозаи туҳфаю армуғонҳо, сохтани меҳмонхонаи замонавӣ низ ба манфиати кор аст.

                                                             Аъзам БОБОЕВ, ноҳияи Дўстӣ

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019