ҶАВОНОН- ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ
Андеша
Ҷаҳони муосир, ки пур аз таҳаввулоту бархўрдҳо буда, рақобати давлатҳои абарқудрат дар васеъ кардани доираи нуфузи худ дар ҷаҳон шиддат мегирад, падидаҳои экстремистию террористӣ дошта низ дар шаклу қолабҳои нави харобиовар зуҳур карда истодаанд. Терроризму экстремизм падидаи нав нест. Терроризм як зуҳуроти зўроварӣ ба инсоният буда, солҳои охир ба вабои аср ва омили хушунату ваҳшат ва таҳдид ба амнияти ҳар як кишвар ва сокинони сайёра табдил ёфтааст.
Тавре Маҳмадулло Давлатов- устоди кафедраи психологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қайд менамояд, “Вақте ки дар бораи терроризм, экстремизм сухан меронем, ҳатман бояд донем, ки вобаста ба ҳар давру замон ва шароити таърихӣ онҳо хусусияти хосро касб ва дар ҳоли рушду таррақиёти давр, техникаву технология, бешак, шакл дигар кардаанд. Дар охири асри ХХ ва аввали асри ХХI бо даҳшатафзоиву даҳшатафканӣ ин зуҳурот собит сохтанд, ки бо онҳо ҳеҷ гуна муросо ва созиш қобили қабул нест”.
Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисфи зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бинобар ин, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи наврасону ҷавонон ва ҳалли мушкилоти ҳаёти онҳоро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон кардаанд. Аммо, новобаста ба кўшишу дастгириҳои ҳамаҷонибаи давлат ва ҳукумат, ҳоло ҳам мушкилоти ба мазҳабу равияҳои бегона шомил гардидани баъзе аз ҷавонон ҷой доранд.
Коста гардидани ахлоқи баъзе аз наврасону ҷавонон, ҷалб гардидани онҳо ба ҳар гуна ҳаракату равияҳои бегона ва ба ҷиноят даст задани онҳо аз беаҳамиятӣ ва бемасъулиятии падару модарон мебошанд. Гарчанде ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” амал мекунад, ҳануз ҳам волидайне ҳастанд, ки дар таълиму тарбияи фарзандони худ беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд.
Дар ин замина Муҳаммад Ғазолӣ чунин фармудааст: “Фарзанд дар дасти падару модар амонат аст ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ў гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расад ва падару модар ва муаллим дар он савоб шарик башанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ўро ба ҳолаш гузорӣ, то ҳар чӣ хоҳад, кунад ва бо ҳар кӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун”.
Дар шароити кунунӣ ҳар як фарди соҳибмаърифат ва соҳибватан, падару модарон, намояндагони тамоми табақаҳои ҷамъият ва
мақомотҳои дахлдорро зарур аст, ки дар ин кори масъулиятнок фаъол бошанд, дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд. Аз ҷониби дигар, пешгирӣ намудани ҳама гуна аъмоли ифротгароёна аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботу оромии ҷомеа ва рушду инкишофи давлати миллӣ ба ҳисоб меравад.
Умед Назаров-омўзгори кафедраи рўзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав қайд менамояд, ки ҷомеаи имрўзаро бидуни интернет тасаввур кардан мушкил аст, чунки интернет қонеъкунандаи талаботи аввалияи мағзии одамони асри нав гардидааст. Аз ин лиҳоз аз тарафи ташкилотҳои террористиву экстремистӣ дар сомонаҳои интернетӣ маҳз наворҳои қатлу кушторро бахусус дар ЮТУБ гузошта, таваҷҷуҳи бинандаро ҷалб месозанд. Моро зарур аст, ки барои мубориза бо ин амали мағзшўён омада шуда, муҳим аз ҳама забони онҳоро дониста, бо забони худашон ҷавоби қотеъона дода, бо ин васила, Ватани азизи худро ҳифз намем. Барои ҳар яки мо Ватан азиз аст. Эҳсоси ватандўстӣ меъёри ахлоқ ба шумор меравад.
Аз ин рў, мо насли ҷавон мебояд, ки андешаҳои носолими гурўҳҳои манфиатхоҳу иртиҷотиро маҳкум намуда, аз амалҳои анҷомдодаи онҳо хулосабарорӣ карда, ба имкониятҳои беназири аср, ки ояндаи дурахшон ва саодатмандии моро таъмин хоҳад кард, рў оварда, барои расидан ба ҳадафҳои неку солим ҳамчун ворисони бузургони хирадманду бомаърифат ва пайравони асили Пешвои муаззами миллат аз он имкониятҳо самараноку мақсаднок истифода намоем.
Камолиддини АМОНЗОДА, мутахассиси пешбар
(ҳуқуқшинос)-и Раёсати кор бо занон ва
оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии вилояти Хатлон