Бойгонӣ
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)
06 сен 08:50АСОСӢ / Маориф

MАКТАБЕ ЗАМОНАВӢ

Гимназия барои хонандагони болаёқати ноҳияи Темурмалик аз ҷумлаи таълимгоҳҳоест, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар арзи ҳастӣ намудааст. Ин муассисаи замонавии таълимиро дар соли сипаригардидаи хониш 30 нафар хонандагон, аз ҷумла 8 нафар духтарони деҳот хатм намуданд. Аз ин шумора як толибаи гимназияи мазкур тибқи Квотаи президентӣ ба муассисаҳои кишвар ва як писар ба яке аз муассисаҳои олии Федератсияи Россия дохил шуданд. Ҳамчунин 28 нафар хатмкунандагони соли хониши 2017–2018 имрӯз дар донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар таҳсил доранд.

Толибилмони гимназия барои хонандагони болаёқати ноҳияи Темурмалик танҳо дар соли гузашта аз олимпиадаҳои байналмилалӣ 1 медали тилло аз фанни математика ба даст оварда, дар олимпиадаи сатҳи вилоятӣ соҳиби 3 медали биринҷӣ гардиданд.

Гимназияи мазкур соли 2004 таъсис ёфта буд, ки дар соли аввали хониш 360 нафар хонандагонро ба таълим фаро мегирифт. Довталабон барои таълим дар гимназия барои хонандагони болаёқати ноҳияи Темурмалик тариқи озмун қабул карда мешаванд. Дар соли хониши гузашта дар ин муассисаи таълимӣ 31 нафар омӯзгорони ихтисосманд дарс медиҳанд, ки 6 нафари онҳо омӯзгорони дорои дараҷаи олӣ ва боқимонда муаллимони дараҷаи 1 ва 2 ихтисоси гуногун мебошанд. Бинобар гуфтаи Сангимо АЛМАТОВА, директори гимназия барои хонандагони болаёқати ноҳияи Темурмалик таълим дар ин муассиса аз рӯи равияи гуманитарӣ ҷараён дошта, ҷавонтарин омӯзгори ин муассисаи таълимӣ на кам аз 10 соли собиқаи касбӣ дорад.

- Гимназия дорои хобгоҳ барои 150 нафар хонандагон буда, ҳамчунин устодони ниёзмандро низ бо шароити зист таъмин карда метавонем. Тибқи шартнома маблағи моҳонаи хонандагони то синфи 4-ум 33 сомонӣ ва толибилмони синфҳои болоӣ 30 сомонӣ муқаррар гардидааст. Дар асоси низомномаи гимназия кӯдакону наврасони ятим аз пардохти чунин маблағҳо озоданд.

- Гимназияи хонандагони болаёқати ноҳияи Темурмалик дорои толорҳои варзишӣ ва маҷлисгузаронӣ буда, синфхонаҳои он бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ҳадафи асосии маъмурияти гимназия ва омӯзгорон дар соли нави хониш ин аст, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, таваҷҷуҳи толибилмонро ба интихоби касбу ихтисосҳои гуногун ҷалб намоем, ки дар сатҳи ноҳия ва вилоят зарурат дорем, - мегӯяд сарвари гимназия Сангимо АЛМАТОВА.

- Аз 360 нафар шумораи умумии хонандагони гимназия 202 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Дар гимназия 9 маҳфилҳои „Математикони ҷавон“, „Маҳфили кимиёшиносон“, „Физикони ҷавон“, „Дастони моҳир“ ҳуқуқшиносӣ ва омӯзиши забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ амал мекунанд.

Бинобар гуфтаи Орзу ҲАМИДОВсармутахассиси бахши хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи шуъбаи маорифи ноҳияи Темурмалик устодону хонандагони гимназияи мазкури ноҳияи Темурмалик аз иштирокчиёни фаъоли маҳфилу чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ноҳия мебошанд. Фаъолнокии толибилмони ин гимназия дар маъракаву чорабиниҳои ноҳиявӣ нишон медиҳад, ки омӯзгорони гимназияи мазкур дар баробари илму донишандӯзӣ ба ташаккули зеҳнии хонандагон ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватан дӯстӣ ва ҳисси ифтихор аз арзишҳои муқаддаси миллату давлатдорӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд.

Билоли ШАМС,

н. Темурмалик
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ” ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ НАВИ БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР Хатлон. Беш аз 190 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД Ҷ. БАЛХӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад ТАҶДИДИ МАКТАБ, БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҚВИЯТИ СОХТОРҲОИ ОТАШНИШОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН Ёвон. Ҷалби беш аз 10 ҳазор кӯдак ба истироҳатгоҳҳо ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД