Бойгонӣ

ЭҲЁИ ҶАШНИ ТИРГОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Тиргонро мардуми эронинажод бо мақсади талаби борон аз Худо, шодоб шудани киштзорҳо ва ба ҳамин васила серҳосил омадани сол ҳанӯз қабл аз зуҳури Ислом ҷашн мегирифтанд.

Олими тоҷик Дилшод Раҳимов дар сомонаи Пажуҳишгоҳи илмӣ – таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот вобаста ба таърихи ин ҷашн гуфтааст: “...Тиргон дар қатори Наврўзу Меҳргон ва Сада аз куҳантарин ҷашнҳои мардумони эронитабор ба шумор меравад. Ин ҷашн дар рўзи 13-уми моҳи тир, ки он рўзро низ тир меномиданд, баргузор мегашт”.

Ба андешаи ӯ, агар ҷашни Сада марбут ба зимистон бошад, Наврўз – иди баҳорӣ ва Меҳргон дар тирамоҳ ҷашн гирифта шавад, пас, Тиргон ҷашни тобистонаи мардумони эронитабор буд, ки мутобиқ ба 1-уми июли тақвими григорианӣ таҷлил мешуд. Яъне, дар солшумории ниёкони мо ҳар рўз номи махсусе дошт, ки 12-тои онҳо бо номи моҳҳо айнан як хел буданд ва ҳар вақте ки номи моҳу рўз ба ҳам мувофиқ меомаданд, мардум онро ҷашн мегирифтанд. Агар аз сўйи дигар назар андозем, ҷашни Сада ба оташ, Наврўз ба замин (хок), Тиргон ба об ва Меҳргон ба рӯшноии осмон (ҳаво) иртибот доранд. Зеро мазҳару пайдоиш ва ҷавҳари ин ҷашнҳо ба чор унсури муқаддаси нахустмабдаъ мепайванданд. “Тир”- номи эзади борон дар мифологияи Эрони бостон буда, дар Авесто дар шакли Тиштарйа, дар паҳлавӣ – Тиштар ва дар форсии навин бо номҳои Тиштар ва Тир зикр шудааст. Вазифа ва ё хешкории Тиштар об гирифтан аз дарёи Фарохкарт ва онро дар шакли борон резонидан ба заминҳои аҳуроӣ мебошад. Тиштра инчунин, номи ситораи рахшонтарини осмон буда, бо номи ситораи Сириуси юнонӣ ҳамреша аст.

Дар яшти ҳаштуми Авесто («Тир-яшт») Тиштар ситораи сапеду дурахшон ва тавоно мебошад, ки сиришти об дораду нажодаш аз Апам Напат (эзади обҳо) аст. Тиштар ба колбадҳои марди ҷавони неруманд, аспи сафеди заррингўш ва гови зарриншох медарояд ва бо деви хушксолию беборонӣ Апаоша, ки мехост ҷаҳонро аз беобӣ табоҳ созад, мубориза мебарад. Дар набарди аввал Апаоша ғолиб меояд ва пеши дарёи Фарохкартро мебандад, абрҳои бороноварро пора-пора мекунад, аммо дар набарди дуюм Тиштар неру гирифта, деви хушксолиро шикаст медиҳад. Аз он пас абрҳо пурбор шуда, боронҳои фаровон ба кўҳу дашту даман меборанд ва табиат сарсабз гашта, ҳаёти осудаву хуррам оғоз мешавад.

Дар қиссаҳои эронӣ чунин оварда мешавад, ки дар ин рўз дар мавзеи Табаристон Манучеҳри пешдодӣ аз Афросиёб шикаст хўрд ва барои тақсим кардани қаламрав шарте пеш гузоштанд. Яке аз паҳлавонони эронӣ бо номи Ораши шевотир ба болои кўҳи Дамованд баромад ва бо тамоми неруи худ камонро кашида, худ пора-пора шуд, аммо тире бо тамоми суръат ба сўйи дарёи Ҷайҳун партоб кард. Тир бо шасти баланд аз субҳ то нимрўзӣ парвоз карда, ниҳоят ба тани як дарахти бузургу ғафс дар соҳили Ҷайҳун фуруд омад. Аз ҳамон ҷойи нишасти тир марзҳои Эрону Турон муқаррар шуд.

Дар гузашта дар рўзи Тиргон дар байни ақвоми эронӣ маросими дигаре бо номи «Обрезгон» баргузор мешудааст. Дар замони шоҳигарии Пирўзи сосонӣ, ниёи Хусрави Анўшервон, дар Эрон ҳафт сол хушксолӣ рўй дода, борон намеборид. Мардумону ҷонварон ва гиёҳон аз ин хушксолӣ маҳв мешуданд. Ин вазъро дида, шоҳ Пирўз фармон дод, ки дар оташкада барои даъвати борон ба ибодат пардозанд. Ниҳоят, баъди ҳафт сол дар рўзи Тир борон борид. Ба хотири ин борони таърихӣ Пирўзшоҳ амр намуд, ки ин рўзро Обрезгон ном гузоранд ва онро ҳар сол ҷашн бигиранд.

Дар Мозандарон ҳоло ҳам расми «Сенздаҳшаби тирмоҳ» мушоҳида мешавад, ки идомаи ҷашни Тиргон аст. Мардум шоми сенздаҳуми тирмоҳ пас аз шустушўи хонаву дар ва обтанӣ суфраи идона мекушоянд. Дар он меваю шириниҳо ва хўришҳои гуногун мегузоранд. Пас аз тановули хўрданиҳо аҳли хонавода бо девони Хоҷа Ҳофиз фол мекушоянд. Бачаҳо гурўҳ шуда, дар кўчаҳо суруду таронахонӣ мекунанд ва ба дари хонаҳо рафта, ин ҷашнро табрик мекунанд. Аз хонаҳо ба онҳо меваю шириниҳо медиҳанд.

Дилшод Раҳимов бар ин назар аст, ки дар байни тоҷикон дар иртибот бо об, боронталабию қатъи боду борон ва жола бовару эътиқод ва расму ойинҳои қадимӣ кам нестанд. Чунончи, маросимҳои ашаглон, сусхотун, чиллахотун дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон то ба солҳои наздик барои даъвати борон иҷро мешуданд.

Дар тасаввуроти мардуми баъзе манотиқи Тоҷикистон то ба имрўз боварҳо дар бораи эзади тундару чароғак ва борон бо номи Қамбар, дар баъзе ҷойҳои дигар бо номи Бобо Қилдир боқӣ мондаанд, ки бешак, идомаи оммиёнаи асотири ниёгони мо дар бораи эзади борон Тир мебошанд. Дар давраҳои қадим мардумони манотиқи гуногуни тоҷикнишин барои даъвати борон ба Қамбар муроҷиат карда, ҳар гуна маросиму амалҳои ҷодуиро барпо мекардаанд, ки имрўзҳо баъзеашон ба сурати бозиҳои бачагона боқӣ мондаанд.

Фарҳод Раҳимӣ, Президенти академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо зикри ин ки "Тиргон" ҷашни даъвати борон аст, тасмими доираҳои илмӣ ва расмии Тоҷикистонро оид ба таҷлили ҳарсолаи ин ҷашн эълон кард. “Дар замонаҳои то зуҳури Ислом дар сарзаминҳои ориёнишин мардум ҷамъ меомаданд ва тибқи эътиқодоте, ки доштанд, аз Худо талаб мекарданд, ки борон биёяд, то ҳосил зиёд шавад”, - таъкид кардааст ӯ.

Вай ҳамчунин, гуфтааст: “Дар таърихи мардуми ориёнажод идҳои зиёде буданд ва қариб ҳар ду моҳ, вақте ки мавсимҳо иваз мешуданд, онҳо идеро ҷашн мегирифтанд. Ҷашни Тиргон бо ҷашнҳои дар замон истиқлолият эҳёшудаи Сада ва Меҳргон дар як саф қарор хоҳад гирифт”.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмии “Пажуҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз”, ки 21 -23-уми октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, зимни баромади хеш таъкид намудаанд, ки “Мо, мардуми тоҷик бо мероси бузурги Сомониён ифтихор дорем ва анъанаву суннатҳои бостонии худро гиромӣ медонем. Як қисми ин мероси камназир падидаи нодири фарҳангӣ дар тамаддуни башарӣ ба ҳисоб рафта, таърихи боз ҳам қадимтар дорад, ки ҷашну маросим ва ойинҳои Наврӯз, Тиргон (ҷашни қадимаи фасли тобистон), Меҳргон ва Сада аз ҳамин қабиланд. Ин ойинҳои бостонии ориёитаборон, бидуни вобастагӣ аз ҳама гуна унсурҳои диниву мазҳабӣ, дар миёни мардум маҳбубият пайдо карда, тадриҷан мақоми умумихалқӣ касб намудаанд”.

                                    Сулаймон СУЛТОНОВ

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019