ИНШOOТҲO ИҶAШНӢ
Маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар бо ташаббусҳои созандаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва заҳматҳои сокинон рӯз аз рӯз ободу зеботар гашта истодааст. Бо мақсади истиқболи ин ҷашни фархунда ва омодагӣ ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ин гӯшаи диёр бомаром идома дошта, иншоотҳои гуногуни маъмурӣ, марказу нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ-фарҳангӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ имрӯзҳо майдони „70-солагии водии Вахш“, ки макони баргузории ҷашну чорабиниҳои вилоятӣ ва мавзеи сайругашти сокинон аст, азнавсозӣ гашта, ҳудуди он аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаи канори ҷӯй васеъ карда шуд. Корҳои сохтмонии тарҳи азнавсозии майдони мазкур моҳи марти соли ҷорӣ аз рӯи лоиҳаи меъморони Корхонаи воҳиди давлатии „Лоиҳакашӣ“-и шаҳри Бохтар оғоз гардида буд. Бунёдгузории ду дарвоза, рамз ва сутунпояи Нишони давлатӣ, ду адад шаршараи сунъӣ, кӯпрукҳоинавсохт, фаввораҳоиранга, курсиҳо барои нишасти сокинон, муҷассамаҳои рамзии парандаҳо ва дигар анвои ороишӣ ба симои ин мавзеъ ҳусни дигар хоҳад бахшид. Дар корҳои сохтмонии ин лоиҳа мутахассисони варзида ҷалб гардидаанд.
Фармоишгари азнавсозии майдони „70-солагии водии Вахш“ Идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр буда, пудратчии он ширкатҳои ҶДММ „Бохтар-сохтмон“, ҶДММ „Хатлонстройсервис“ ва ҶДММ „Мирзои Ёр“ ба ҳисоб мераванд. Тибқи иттилои мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Бохтар Валиҷон ЯТИМЗОДА корҳои сохтмонии иншоот аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ва саҳмгузории чанд тан аз соҳибкорони ватандӯст маблағузорӣ шудааст.
Ба гуфтаи мавсуф рамзи бошукӯҳи Нишони давлатӣ дар баландии 32 метр бунёд гардида, сутунпояи он бо нақшу нигори миллӣ оро дода шудааст. Қомат афрохтани рамзи давлатӣ дар қатори Парчами миллӣ, ки соле қабл бунёд ёфта буд, ба ин гӯшаи шаҳр ҳусну шаҳомати дигар бахшидааст.
Тибқи лоиҳа рӯди Ҷӯй, ки аз байни майдони „70-солагии азхудкунии Водии Вахш“ мегузарад, аз ду ҷониб панҷарабандӣ шудааст. Ҳамчунин дар болои ҷӯйи равон се адад кӯпрукҳои нимдаврашакл сохта шудаанд, ки ҳангоми гаштугузор боду ҳавои тоза ба кас ҳаловат бахшида, обпошии фаввораҳои дутарафи Ҷӯй табъи бинандаро хуш мегардонад. Ғайр аз ин дар маркази майдон ва роҳравҳои канори он фаввораҳои хурду калон бунёд ёфтаанд, ки шомгоҳон бо рангорангии худ боз ҳам зеботар менамоянд. Барои чароғону рангороӣ дар ҳудуди гулгаштҳои ин мавзеъ даҳҳо адад сутунпояҳои оҳанини равшанидиҳанда насб карда шудаанд.
Дар қисмати чапи Ҷӯйбошад, бо истифода аз сангҳои табиӣ шаршараҳои сунъӣ сохта шудаанд, ки оби онҳо аз рӯди канори ин мавзеъ ҷорӣ мегардад. Барои ҳамин ҳам шаршараҳо табиӣ ба назар расида, як лаҳза фароғат дар назди он ба инсон ҳаловат мебахшад. Аз ин лиҳоз, меъморону мутахассисон кӯшиш намудаанд, ки бо ғояҳои ҷолиб ин маконро ба яке аз гӯшаҳои кӯҳсори диёр монанд карда, натанҳо барои сайругашт ва истироҳати сокинон шароит муҳайё намоянд, балки мавзеи мазкурро ба яке аз марказҳои дидании сайёҳони дохилию хориҷӣ табдил додаанд.
Дар ин ҷо бар замми дарахтони мавҷудбуда, ҳамчунин даҳҳо адад ниҳолони дарахтони нодири сояафкан ва гулбуттаҳои гуногуни ороишӣ шинонида шуда, сабзазоркунӣ ва гулшинонӣ дар ҳудуди он ҳоло ҳам идома дорад. Дарвоқеъ, меъморону мутахассисон кӯшиш кардаанд, ки бо санъати волои меъморӣ ин маконро ба яке аз мавзеъҳои зебои истироҳату сайругашти мардум табдил диҳанд.
Баъд аз азнавсозӣ дубора ба истифода дода шудани ин гулгашти зебо ва хушбоду ҳаво дар рӯзҳои таҷлил аз 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон он яке аз беҳтарин намунаи тадбирҳои ободонӣ дар маркази вилоят ба шумор рафта, минбаъд аз ин мавзеъ ҳам сокинон ва ҳам меҳмонону сайёҳони шаҳри Бохтар баҳравар мегарданд. Хулоса, чунин иқдомҳои ободонӣ дар маҳаллаю кӯчаҳо ва назди биноҳои баландошёнаи маркази вилоят низ роҳандозӣ шуда, умедаст, ки дар ояндаи наздик Бохтар дар қатори зеботарин шаҳрҳои кишвар дониста мешавад.