ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН СИТОД ГУЗАРОНД


Рӯзи 12 июни соли 2020 раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷаласаи навбатии Ситоди оид ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Хуросонро баргузор кардааст.
Тавре шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, дар кори ҷаласа муовини раиси вилоят, роҳбарони идораю ташкилотҳои дахлдори вилоятӣ,

аъзоёни Ситоди вилоятӣ, раиси ноҳияи Хуросон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, 

Раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия иштирок доштанд.
Раиси вилоят зикр намуд, ки 68 оилаи зарардида ҷиҳати бо замини наздиҳавлигӣ таъмин 

гардида, барои бунёди манзили зисти нав тамоми чораҳои зарури амалӣ шуда истодааст.
— Аз рӯйи маълумотҳо, то имрӯз сохтмони манзилҳои истиқоматӣ оғоз гардида, 

дар 11 қитъаи наздиҳавлигӣ таҳкурсии хонаҳо ба пуррагӣ рехта ва дар 

55 қитъаи дигар корҳои бетонрезии таҳкурсиҳо муташаккилона ҷараён доранд. Ҳамарӯза ба корҳои сохтмонӣ то 300 нафар сафарбар карда шуда, хӯроки гарми коргарону аҳолии 

зарардида ба 500 нафар аз тарафи ташкилоту муассисаҳои вилоят ва ноҳия таъмин карда шуда истодаанд.
Ба раиси вилоят ҳамчунин муовини раиси вилоят Низом Мирзозода ва раиси ноҳияи

Хуросон Раҳматулло Сафарзода оид ба корҳои анҷомёфта дар маҳалли сохтмони деҳи нав гузориш доданд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба масъулин ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои сохтмонӣ, мунтазам расонидани кӯмакҳои хайриявӣ тавассути шахсони саховатпеша ва

соҳибкорон ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардида, тақвият бахшидани кори ситоди 

доимоамалкунандаи вилоятӣ ва ноҳиявӣ, ҷиҳати рафъи офати табиӣ ва сари вақт ҳаллу

фасл намудани мушкилотҳои мавҷуда, дар деҳаҳои аз офати табиӣ зарардида идома додани корҳои 

безараргардонӣ ва дезинфексионӣ, таҳти назорати доимии табибон қарор гирифтани вазъи саломатиии

сокинони маҳаллаи навбунёд ва масъалаҳои дигари мавриди назар дастуру супоришҳо додааст.
Ёдовар мешавем, ки санаи  бар асари боронҳои пайдарпай дар ноҳияи Хуросон сел омада,

ба мардум хисороти зиёди молӣ оварда, ҷони як сокини ин ноҳияро рабуда буд. 

                        

                                                                     Абубакри ФАЙЗАЛӢ

Добавить комментарий