Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Паёми табрикии Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист
Дӯстони азиз!
Боиси фараҳмандист, ки 5-уми июн кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист ва муҳофизону дӯстдорони табиат Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зистро таҷлил менамоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи муҳофизати табиат, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои табиӣ, беҳдошти муҳити зист, пешгирӣ аз таъсири манфии тағийрёбии иқлим, поку беолоиш нигоҳ доштани об диққати махсус зоҳир мегардад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу хайвонот ва дигар бойигариҳои табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Бо мақсади ҳалли масъалаҳои экологӣ, ташкили фаъолияти пурсамар ва мақсаднок оид ба ҳифзи муҳити зист як қатор қонунҳои соҳавӣ, Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, ки дар онҳо чораҷӯиҳо доир ба ҳифзи табиат, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои табиӣ, андешидани тадбирҳои пурсамар барои беҳдошти муҳити зисти одамон бо дурнамои оянда муайян шудаанд. Яке аз мисолҳои барҷастаи он сохтмон ва мавриди истифода қарор додани силсиланеругоҳҳои барқи обии Роғун, “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда-2” ва як қатор НБО-ҳои хурд дар минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Истифодаи иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, ки аз лиҳози истеҳсоли барқи тоза беназир мебошанд, барои тамоми кишварҳои минтақа низ пураҳамият арзёбӣ мешавад.
Асоси хуррамии муҳити зист ва инкишофи олами зиндаро об ташкил мекунад. Ҳамагон медонанд, ки Тоҷикистон дар баррасӣ ва ҳалли муаммоҳои глобалии экологӣ, бахусус оид ба масоили об, ҳамчун кишвари ташаббускор миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028» аз ҷумлаи чунин ташаббусҳои наҷиби байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ин аст, ки дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба нақши Тоҷикистон ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об дар минтақаву ҷаҳон ва иқдомҳои бузурги байналмилалии фарогири масъалаҳои обу экология баҳои баланд дода, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистонро дар ин самт муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намудааст.
Пешвои муаззами миллат барҳақ таъкид доштаанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои табиати нотакрор ва гулу гиёҳҳои зиёди шифобахш мебошад ва аз ин ҷост, ки диёри мо биҳишти рӯйи замин аст.
Бидуни табиат ҳаёт дар ягон давру замон пойдор буда наметавонад, зеро ҳастии ҳар як ҷисми зинда ба об, хок ва боду ҳаво алоқаманд аст. Тоҷикистониён эҳсос мекунанд, ки тозаву озода нигоҳ доштани макони зисти худ, гӯшаи ноободеро ба гулистон табдил додан ва муносибати ғамхорона ба олами набототу ҳайвонот аз муҳимтарини рукнҳои дӯстдорию эҳтиромгузорӣ ба Ватан-модар аст.
Дар партави сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат, ки як ҷузъи муҳимми он ҳифзи муҳити зист арзёбӣ мешавад, мардуми шарифи вилояти Хатлон барои боз ҳам тозаю озода намудани роҳу кӯчаҳо, хиёбон, маҳалҳои зист, соҳили дарёю ҷӯйборҳо ва дигар манбаъҳои обӣ ҳамарӯза саҳм гузошта, бо маданияти баланди экологӣ дар ҳифзи табиати диёри биҳиштосоямон – Тоҷикистони азиз нақши фаъол мебозанд.
Соли равон Рӯзи байналмилалии муҳити зистро алоқамандони табиат дар шароите пешвоз мегиранд, ки инсоният ба ҳодисаи ғайричашмдошт — хуруҷи бемории сирояти нави коронавирус (СОVID-19) рӯ ба рӯ шудааст. Пайдоиш ва хуруҷи коронавируси нав бори дигар таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба зарурати рушди «иқтисоди сабз», ҳифз ва истифодаи оқилонаю эҳтиёткоронаи захираҳои табиӣ, самаранок истифода намудани ҳар ваҷаб замини киштбоб, инчунин риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ, тозаву покиза нигоҳ доштани манзили зист, кӯчаву хиёбонҳо, пешбурди корҳои ободонию сабзкорӣ ҷалб намуд.
Фикр мекунам, ки ширкати фаъолона дар корҳои созандагиву хуррамгардонӣ ба пешвози ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо боиси рушду ободонии маҳаллаву деҳот ва шаҳрҳои вилоят мегардад, балки барои беҳтар шудани вазъи экологӣ, сарсабзию шукуфоии табиати диёрамон мусоидат менамояд.
Дар охир, ба дӯстдорону муҳофизони табиат, кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зисти вилоят ва онҳое, ки барои беҳдошти муҳити зист ва баланд гардидани маърифати экологии аҳолии вилояти Хатлон пайваста заҳмат мекашанд, Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зистро шодбош гуфта, зиндагии шоиставу пурнишот, саломатии бардавом ва рӯзгори босаодатро орзумандам.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!
Добавить комментарий
Ахбор
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД 16:35АЗ УМЕД ТО ХАТАР 14:07ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН 15:07ВАҲДАТИ МИЛЛӢ РАМЗИ САОДАТИ НАСЛҲОИ ИМРӮЗУ ОЯНДА МЕБОШАД 15:05ТОҶИКИСТОН ДАР ОИНАИ ВАҲДАТ 15:02ВАҲДАТ – ПИРӮЗИИ ХИРАД БАР ТАФРИҚА 14:57ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН 14:53ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД 14:45
Серхонандаҳо
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ


