Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ҶАЙҲУН
28 май баъди шиносоӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Ҷайҳун мулоқот карданд.
Сарвари давлат аз вазъи хуби корҳо дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва натиҷаи заҳмати содиқонаи деҳқонони ноҳияи Ҷайҳун, ки барои таҳкими пояҳои иқтисодии давлат ба даст овардаанд, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, бунёду барқарорсозии корхонаҳои истеҳсоливу иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ “Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ҷайҳун барои солҳои 2016 — 2020”-ро қабул кард, ки барои амалисозии он татбиқи 194 лоиҳа ба маблағи 164 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Барои татбиқи пурра ва самараноки барнома Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро вазифадор карданд, ки ҳамкориро ҷиҳати дарёфти сармоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва бахши хусусӣ ҷоннок намоянд.
Дастуру супоришҳо ба масъулини ноҳияи Ҷайҳун ва вилояти Хатлон ҳамчунин бобати ташкили иншооти сайёҳӣ, махсусан, бунёди меҳмонхонаҳо ва ҳамзамон бо ин, таъсиси инфрасохтори ҳамлу нақл ва дигар иншооти ба рушди сайёҳӣ ва хизматрасонӣ мусоидаткунанда дода шуд.
Бонки миллӣ вазифадор гардид, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ва соҳибкорон ба воситаҳои молиявӣ ва баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии мардум чораҳои амалиро роҳандозӣ намояд.
Ҳоло дар ҳудуди ноҳия 10 корхонаи саноатӣ дар самтҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ, дӯзандагӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ фаъолият дорад, ки ин низ қонеъкунанда нест.
Роҳбарони Вазорати рушди иқтисод ва савдо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадор шуданд, ки тавассути ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва воридоти технологияҳои навтарин суръатбахшии раванди ташаккул ва рушди минтақаро таъмин намоянд.
Ҳамчунин, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои водии Вахш вазифадор карда шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор барои истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, таъсиси корхонаҳои нав ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои сокинон, инчунин, ҷиҳати бартарафсозии монеаҳои рушди соҳибкорӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Роҳбарияти вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия, аз Президенти мамлакат супориш гирифтанд, ки ҷиҳати бартараф намудани масоили ҳалталаби соҳаи маорифу тандурустӣ, аз ҷумла бо ҷалби соҳибкорон ва аҳолӣ таъмиру таҷдид кардани муассисаҳои таълимӣ, беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди донишомӯзӣ барои наврасону ҷавонон ва беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.
Дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузургу муқаддаси миллиамон — сисолагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ карданд, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Ҷайҳун анъанаҳои неки аҷдодиамонро идома бахшида, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ минбаъд низ саҳми босазои хешро барои пешрафту ободии кишвари соҳибистиқлоламон дареғ намедоранд ва ба дастовардҳои боз ҳам бештари иҷтимоиву иқтисодӣ ноил мегарданд.
Добавить комментарий
Ахбор
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:59РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:54РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:48ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ - НИШОНАИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ 18:41МУСОБИҚАИ КУШОДИ ШАҲРӢ ОИД БА ҶУДО БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ БОХТАР 18:34РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРИ 103-СОЛАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ РАФТАНД 18:27ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА 18:21ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД 14:06
Серхонандаҳо
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ. АЗ ЧӢ БОЯД ЭҲТИЁТ КАРД?
ҶАЙҲУН. ОЗМУНИ “КИТОБХОНИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД
ЁВОН. ЯК КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИД
ҶАЙҲУН. ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ОҒОЗ ШУД
БО ЗАМИН ҲАМНАФАС, БО ЗАҲМАТ САРБАЛАНД
Нақши воситаҳои ахбори омма дар пешгирии коррупсия
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД


