Бойгонӣ

КӮШОНИЁН. БУНЁДКОРӢ МАРОМИ ТОЗА КАСБ КАРДААСТ

 








 “Мо вазифадорем, ки боз ҳам бештар заҳмат кашида,

диёрамонро то гӯшаҳои дурдасттарини онободу зебо

гардонемкорхонаву коргоҳҳои нав бунёд кунем ва сатҳу

сифати зиндагии халқамонро аз имрӯз дида баланд бардорем”. 

Эмомалӣ Раҳмон

Кӯшониён - яке аз калонтарин ва сераҳолитарин ноҳияи вилояти Хатлон ба шумор меравад. Мардуми заҳматпешаи ин ноҳия тамоми иродаву матонати хешро баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаву бунёдкорона, таҳкими сулҳу субот ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намуда, бо дилу нияти нек ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар ободиву пешрафти ин диёри биҳиштосо дастаҷамъона саъю талош доранд. Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ин ҳама пешравиро натиҷаи сиёсати созандаи Давлат ва Ҳукумати кишвар, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонад. 

Тавре зимни суҳбат раиси ноҳия Вализода Икромиддин иттилоъ дод, аҳли заҳмати ноҳия бо дилгармӣ ва умеду боварии зиёд ба ояндаи нек неруи худро баҳри ободии Ватан равона намудаанд. 

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП -1059 ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми мардум ва соҳибкорон, сохтмони 324 биною иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора аллакай 163 адади он сохта мавриди истифодабарӣ қарор доранд.

Ҳамчунин барои беҳтар кардани вазъи таълиму тарбия бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорони маҳаллӣ ва падару модарон соли ҷорӣ ду муассисаи таълимӣ бо шароити муосири таълим ва дар назди панҷ муассисаи дигар сохтмони 28 синфхонаи иловагӣ барои 700 хонанда ба анҷом расиданд. Боз дар назди 9 муассисаи таълимии дигар сохтмони 33 синфхонаи иловагӣ барои 775 ҷойи нишаст бо маром идома дорад. 

Баҳри баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар ноҳия ду маркази саломатӣ ва ду бунгоҳи тиббӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Инчунин сохтмони боз 15 муассисаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. 

Баҳри беҳбудии сатҳи зиндагии мардум, ва бо ҷойи кори доимӣ фаро гирифтани сокинон дар ноҳия 36 корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ ва ду маркази хизматрасонӣ фаъолият доранд.  Боиси қайд аст, ки дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалии соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия корхонаи истеҳсолии “Ганҷ”, ки ба истеҳсоли равғани офтобпараст машғул мебошад, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Инчунин соли 2019 дар ноҳия боз ду корхонаи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд, ки даҳҳо сокинони ноҳия бо ҷойи кори доимӣ  ва маоши хуб таъмин шуданд. Бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ боз бунёди 18 корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ сохта мешаванд. 

Боиси хушнудист, ки дар арафаи ҷашни Наврӯзи оламафрӯзи соли ҷорӣ низ бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ноҳия як силсила иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифтанд. Маркази саломатии деҳотӣ дар деҳаи Ҳосилот, бо харҷи 680 ҳазор сомонӣ ва гармхонаи навбунёди лимупарварӣ, коргоҳи равғантозакунӣ ва бандубасти равған дар деҳаи Маданият бо маблағи 1,5 миллион сомонӣ, мумфарш ва чароғонкунии 4,5 километр роҳи деҳаи Маданият бо сарфи 4,5 миллион сомонӣ, бунёди бинои иловагии МТМУ№11 бо харҷи 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ дар ҷамоати деҳоти Заргар, ифтитоҳи Нишони давлатӣ ва Парчами миллӣ дар маркази ноҳия - шаҳраки Исмоили Сомонӣ бо маблағи 1,8 миллион сомонӣ аз ин қабиланд. Дар иншооти ба истифодадодашуда зиёда аз 60 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.   

Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 - Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия корҳои назаррасе рафта истодаанд. Баҳри истироҳату фароғати сайёҳони хориҷию дохилӣ дар ноҳия чор меҳмонхона, шаш тарабхона панҷ ҳуҷраҳои ёрирасон ва 30  китобхонаҳои деҳотӣ фаъолият доранд.  Барои хизматрасонӣ ба сайёҳон 5 банкоматҳо, мағозаи фурӯши армуғонҳо ва гӯшаи иттилоотии сайёҳӣ фаъолият менамоянд. Инчунин дар даромадгоҳи ноҳия барои сайёҳон харитаи сайёҳии ноҳия насб карда шудааст. 

Бо мақсади таъмини рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум дар ноҳия “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Кӯшониён барои солҳои 2016 - 2020” қабул гардидааст, ки 217 лоиҳаро ба маблағи 248 миллиону 806 ҳазор сомонӣ дар бар мегирад. Аз ин 17 лоиҳа ба маблағи 110 миллиону 245 ҳазор сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 94 лоиҳа ба маблағи 74 миллиону 745 ҳазор сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ, 36 лоиҳа ба маблағи 59 миллиону 63 ҳазор сомонӣ ба бахши инфрасохтор, 10 лоиҳа ба маблағи 12 миллиону 31 ҳазор сомонӣ ба бахши ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулода ва 7 лоиҳа ба маблағи 2 миллиону 713 ҳазор сомонӣ ба бахши таъминоти захиравӣ рост меояд. Дар маҷмӯъ дар ноҳия 83 лоиҳа ба маблағи умумии 65 миллиону 154 ҳазор сомонӣ аз худ карда шудааст. Инчунин дар ноҳия 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи аз худшуда дар доираи ин лоиҳаҳо 1 миллиону 69 ҳазор доллари америкоиро дар бар мегирад.  

- Аҳли заҳмати ноҳияи Кӯшониён дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллтӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри иҷроиши онҳо дастаҷамъона ҷаҳду талош намоянд.

Бовар ҳаст, ки дар фазои сулҳу субот дар ҳошияи ғамхориҳои    давлату Ҳукумати мамлакат мардуми ноҳияи Кӯшониён ба музаффариятҳои меҳнатии боз ҳам зиёд комёб шуда, саҳми назарраси худро дар ҷодаи татбиқи кулли аҳдофи стратегии миллӣ ба таври беҳтар мегузоранд,- гуфт дар фарҷоми суҳбат Вализода Икромиддин. 


Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019