Бойгонӣ

ПИРОГ БО ҚУЛФИНАЙ


Маҳсулот:

Орд – 3 истакон

Равғани зард – 100 грамм

Ҷурғот – 200 грамм

Творог – 100 грамм

Шакар – 100 грамм

Тухм – 5 дона

Хушбӯйкунанда – 1 қошуқча

Моддаи ковоккунанда – 1 қошуқча

Намак – 1/3 қошуқча

Қулфинай – 200 грамм

Тухмро бо шакар бо асбоби махсус (миксер) то кафк шуданаш лат зада, ба он равған, намак, хушбӯйкунанда ва ҷурғотро ҳамроҳ мекунем. Творогро низ илова карда, бо қошуқ омехта мекунем. Ордро бо моддаи ковоккунанда якҷоя карда ба маҳсулот ҳамроҳ мекунем. Ба тобаи равғанкардашуда хамирро меандозем ва қулфинайҳоро ба болои он мечинем ва дар ҳарорати 150-160 дараҷа мепазем.

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019