Бойгонӣ

ХӮРИШ АЗ САБЗАВОТ

МАВОДИ ЛОЗИМА:

Гӯшти гов – 400 гр

Пиёз – 1 дона

Қаламфури булғорӣ – 1 дона

Қаламфури кӯфта – 1 қошуқча

Бодиринг- 2 дона

Шакар – 1,2 қошуқча

Сирпиёз – 2 сарак

Сирко 5% - 1 қошуқ

Соус - 1 қошуқча

Равғани растанӣ – 3 қошуқ

Ҳамаи маҳсулотро шакли дарозак реза мекунем. Бодирингро реза мекунем ва намак пошида муддати 15-20 дақиқа нигоҳ медорем. Оби ҷудошудаи бодирингро рехта, сирпиёзи майдакардашуда, шакар, қаламфури кӯфтаро ба он ҳамроҳ мекунем. Сипас, гӯштро реза карда, дар равған то сурх шуданаш бирён мекунем ва ба он пиёзро илова карда каме таф дода, соусро ҳамроҳ мекунем ва муддати 1-2 дақиқа дар болои оташи паст нигоҳ медорем. Маҳсулоти тафдодашударо ба болои бодиринг ҳамроҳ ва қаламфури булғориро борик реза карда, ба хӯриш илова мекунем. Қабл аз ба лаъличаҳо гузоштани ба хӯриш сирко илова мекунем.

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019