Бойгонӣ

6 СОЛ ДАР МАЙДОНИ ҶАНГ

Кӯдаки шўху чаққону чолок Аббосҷони панҷсола -абераи дӯстрӯяки иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 Маърифхон Бойматов мањсуб меёбад. Ӯ чеҳраи зебою нуронии бобои диловарашро асосан аз рўи расму баъзе наворҳои видеоии ба ёдгор монда дидаву дар хотири худ сабт кардааст. Вале аз рӯи нақлу суҳбатҳои бобояш Солеҳҷон ва падараш Нурмуҳаммад фарзандону пайвандони бобои Маърифхон мехоҳанд дар зиндагӣ монанди ӯ диловару ҷасуру ватандӯст ба камол расанд ва ба халқу меҳанашон содиқона хидмат намоянд.

Ба ҳамин хотир ҳар гоҳе акси бобои қаҳрамонашро мебинад онро бо эҳтиром бӯса мезанад. Ба ордену медалҳои ҷангию меҳнатии бобояш, ки то ба ҳанӯз дар кители ҳарбиаш овезонанд, бо ҳавас дида духта, баъзан онро ба китфаш мегирад. Бо қотеияту ҷиддият мегӯяд, ки мехоҳад мисли бобояш фарзанди шуҷову диловару қаҳрамони Ватан бошад. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки насли калонсолу фотеҳи Ватани азизи мо дар хотири пайвандону наздикони худ бо матонату диловарию тавоноиашон абадан нақш бастаанд.
Маърифхон Бойматов бо сабаби нарасидани синну сол дертар, яъне, ибтидои соли 1944 ба ҷабҳа даъват шуда буд. Баъди гузаштани машқи семоҳаи ҳарбӣ дар шаҳри Куйбишев (Самараи Россия) дар шаҳри Брнои Чехословакия ба ҷанги зидди душмани ғаддор камар барбаст. Гарчанде ғалабаи қўшунњои Шӯравӣ 9 майи соли 1945 эълон шуда бошад ҳам, вале барои ҷавонписари шуҷои тоҷик Маърифхон Бойматову ҳамяроқони ӯ лозим омад то 14 майи соли 1945 матонату қаҳрамониашонро идома диҳанд. Зеро ба дастаи ҳарбие, ки ӯ дар ҳайаташ хизмат мекард, зарурат афтод баъди эълони Рӯзи Ғалаба боз бо нафароне дар ҷанг шаванд, ки саркашї карда буданду таслим шудан намехостанд. Муддати 6 рӯзи баъди эълони ғалаба онҳо тавонистанд, ки дар ҳудуди Чехословакия бо ин исёнгарон сахт дар набард шаванд ва бо ивази диловарию қаҳрамонӣ ғалабаи пурраи Артиши шўравиро таъмин намоянд.

Гарчанде ҷанги вазнину тўлонии қўшунњои шўравӣ бо фашизм бо ғалабаи пурраи Иттињоди Шўравӣ 9 майи соли 1945 анҷомида бошад ҳам, вале хизмат дар сафҳои қувваҳои мусаллаҳ барои ҷавонписари диловар Маърифхон Бойматов ҳанӯз ба поён нарасида буд. Зеро
роҳбарияти ҳамонвақтаи давлати шўравӣ лозим донистанд дар қисмати Шарқи Дур ба муқобили Японияи империалистӣ ҷангро идома бидиҳанд.

Дар қатори аксари нафарони дигари дар ҷанги зидди Германияи фашистӣ ғолиб Маърифхон Бойматовро ҳам ҷониби Шарқи Дур фиристоданд. Муддати 45 рӯз онҳо тавассути роҳи оҳан аз Аврупо ба Осиё, аниқтараш ба Шарқи Дур, равона карда шуданд. Қисми ҳарбии онҳо дар шаҳри Благовешенскии ин минтақа қарор гирифт. Маърифхону дигар ҳамяроқонаш аз 9 августи соли 1945 то 9 сентябри ҳамон сол ба муқобили артиши Японияи империалистӣ ҷангида, барои аз истилои онҳо озод намудани шаҳрҳои Чончуну Харбини Чин мусоидат намуданд. Дар ин хати фронту қисмати ҷанг низ ғалабаи пурра насиби Артиши Шўравӣ гардид. Вале хавфу хатари сар задани ошўбу исёни нафарони шикастхўрда дар ин қисмати мамлакат ҳанӯз вуҷуд дошт. Аз ин сабаб ба Маърифхон Бойматов лозим омад хизмати ҳарбиро то 28 январи соли 1950 идома диҳад ва бо пойи тирхўрдаву дардманд ҳамон сол ба Ватан баргардад. Беш аз 6 соли дар Артиши шўравӣ хизмат намудан ӯро рўҳан хеле қавӣ намуда буд. Аз ин рў, дар љабњаи ободониву меҳнат низ муддати чанд соли баъди ҷанг ба халқу Ватан содиқона хизмат намуд. Хизматҳои ҷангию меҳнатии ҳалолу содиқонааш имкон доданд, ки ӯ соҳиби 14 ордену медалҳои ҷангӣ ва чандин мукофотҳои дигари ҳукуматӣ шавад.

Аз деҳаи «Политодел» (имрӯза ба номи Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Маликшо Гиёеви ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Кӯшониён) қатори Маърифхон Бойматов боз беш аз 100 нафари дигар ба ҷанги зидди Германияи фашистию Японияи империалистӣ рафта буданд. Аз онҳо танҳо 27 нафар зиндаю саломат баргаштанд, ки дар қатори онҳо хушбахтона, Маърифхон Бойматов низ буд. Ӯ қариб 93 сол умр дида, 1 феврали соли 2015 аз олам даргузашт. Чӣ дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва чӣ баъди он ӯ ҳамяроқу пайвандону наздикон ва ҳамдиёрони зиёдеро аз даст дод. Вале марги бародари ягонааш Маҳмудхон Бойматов, ки солҳои зиёд роҳбарии хоҷагиҳои калони ҷумҳурӣ-колхозҳои ба номи Ленини ноҳияи Ҷайҳун ва «Коммунизм»-и ноҳияи Кӯшониён, инчунин роҳбарии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳунро ба уҳда дошт, зарбаи сахте барои ў буд. Ҳамчунин фавти фарзанди фозилу донишмандаш Толибҷон Бойматов, ки чандин сол чун корманди масъул дар кумитаи ҳизбии вилояти Қӯрғонтеппа кор карда баъдан ба ҳайси ҷонишини раиси ноҳияи Коммунистӣ (имрӯза Кӯшониён) фаъолияташро идома дода буд, барояш басо гарон афтод. Он чиз аламовар буд, ки ин ду нафар дар ҷабҳаҳои ягон ҷанги ватанӣ озодихоҳона нею, балки ҳангоми кашмакашиву
нофаҳмиҳои ибтидои солҳои навадуми Тоҷикистон ҷони азизи худро аз даст дода буданду то ба ҳол дар куҷо будани мадфанашон маълум нест.

- Агар падарам ин аламу андуҳи гаронро намедиданд, - мегўяд фарзанди калониаш Солеҳҷон Бойматов, ки солҳои зиёд роҳбарии дабистони рақами 40-и ноҳияи Кӯшониёнро ба уҳда дошт, - шояд имрӯз ҳам дар қайди ҳаёт мебуданд. Зеро обу тоби душвориҳои давраи ҷанг ӯро рўҳан хеле қавӣ гардонида буданд.

-Умуман ҳама гуна ҷанг рӯи шум дорад, - суханашро идома мебахшад устод Солеҳҷон Бойматов. Падарони мо аз ноилоҷӣ, яъне бо сабаби ҳуҷуми аҳдшиканонаи Германияи фашистӣ ба ҷанг рафта буданд. Бигузор ин гуна ҷангу нооромиҳо дар ягон гӯшаи дунё, бахусус диёри азизи Тоҷикистони мо дигар ҳаргиз рух надиҳанд.  Агар сулҳу оромӣ бошад инсоният ба ҳар гуна пешравию беҳбудии рӯзгор даст хоҳад ёфт, - мегўяд дар охири суханаш ў.

Мо ҳам ба суханони устоди таърихшинос Солеҳҷон Бойматов шарик буда, дар арафаи таҷлили 75-умин солгарди Ѓалаба бар фашизм барои рўҳи Маърифхон Бойматов барин абармардону муҳофизони Ватан дуои нек мекунем ва ба ҳамяроқони зиндаи онҳо саломатии бардавом таманно месозем.
                                                                                                                    Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019