ИСПАНД
Испанд инчунин хусусияти зиддивирусӣ дошта, дар Осиёи Миёна бо дуд додани он дар хонаҳои истиқоматӣ, бозору мағозаҳо баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ васеъ истифода мебаранд. Зеро ба гуфтаи модарони мо он ҳазор балоҳоро дур сохта, ба кӯдакони навзод низ дуд медиҳанд.
Оберо, ки дар он испанд ҷӯшонида шуда бошад, дар офтоб ғафс гардонида, баъд дар бинӣ бирезанд, назла ва сурхии чашмро дафъ мекунад. Испандро дар оби турб то қувваташ ба он об гузашта ҷӯшонида, баъд он обро соф намуда, аз болояш баробари он равғани зайтун андохта, бо оташи мулоим меҷӯшонем, то обаш бухор шуда равғани холис бимонад, вале эҳтиёт бояд кард, ки равған доғ нагардад. Ин равғанро нимгарм дар гӯш чаконанд, гаронӣ ва карии гӯш, инчунин, ҷарангҳои гуногуни онро дафъ мекунад.
Испандро кӯфта, ба фарши хона бипошанд, ҳашароти газанда аз он ҷо дур мешавад. Истеъмоли испанд ба дарун барои одамони гарммиҷоз зарар дорад: дарди сар медиҳад ва дилашонро беҳузур (беҷо) мекунад. Ин зарар бо хӯрдани меваҳои турш, сиканҷабин ва дигар туршиҳо ислоҳ меёбад. Миқдори як бор дар як рӯз хӯрдан аз худи испанд аз 4,5 то 9 грамм аст.
Истифодаи испанд дар тибби қадим А.И. Сино ҳамчун рафъи дард дар ҳолата шамолхӯрии асаби сурин тавсия медоданд. Инчунин бо истифода аз испанд дар тиби халқӣ шахсоне, ки аз бемории пӯст азият мекашиданд, бо оби ҷӯшонидашудаи испанд оббозӣ карданро давои хуб меҳисобиданд.
Дуди онро бошад, давои дарди сар ва ба бемориҳои сироятӣ манфиатбахш меҳисобиданд.