ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС
Аз сабаби он ки ин беморӣ тез ва дар як муддати кӯтоҳ қисми зиёди кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифт, он пандемия эълон гардид. Бояд қайд кард, ки аз қадимулайём дар тӯли зиндагӣ ва фаъолияти инсон чандин маротиба чунин ҳолатҳо ба амал омадаанд. Ин ҳолатро ҳамчун ҳолати табиӣ бояд қабул кард. Чунки организми хурде, ки ба чашм аён нестанд, ҳамчун организми зинда барои дароз намудани зиндагии худ ва паҳн намудани наслаш доим дар мубориза мебошад.
Аз он ҷумла, вируси сироятии коронавирус, ки аз соли 1965 аллакай муайян карда шуда буд, то ба ин сатҳ хатарнок набуд. Бинобар сабаби дигаргун намудани сохт ва фаъолияти худ ба вируси нисбатан қавӣ мубаддал гашт. Ин бори дигар ҳушдор медиҳад, ки инсоният ба ингуна ҳолатҳои ғайричашмдошт бояд ҳамеша омода бошад. Инсоният ва давлатҳои алоҳида бе дастгирии якдигар бар зидди чунин бемориҳои даҳшатовар мубориза бурда наметавонад.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз дар якҷоягӣ бар зидди ин беморӣ мубориза бурда истодаанд. Боварӣ ҳаст, ки ин бемории даҳшатовар низ бо ақли солими ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳв мегардад. Имрӯз дар вилояти Хатлон ситоди доимамалкунанда фаъолият мекунад, ки ҳамаи идора ва ташкилоту муассисаҳои дар вилоятбуда баҳри пешгирии ин беморӣ талош намуда истодаанд. Пешгирӣ аз сироятёбии коронавирус кори танҳо соҳаи тандурустӣ набуда, фаъолияти сарҷамъонаро талаб мекунад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки хушбахтона ва ба бахти баланди мардуми мо то имрӯз дар ҳудуди кишварамон ягон ҳолати ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст. Вазъи кунунӣ талаб мекунад, ки чораву тадбирҳои зидди эпидемикӣ вобаста ба пешгирӣ аз бемории коронавирус муташаккилона ва дар сатҳи талаботи имрӯза амалӣ карда шавад. Яке аз тадбирҳои асосие, ки имрӯз дар ҳолати кунунӣ бояд ба ҷо оварда шавад, ин риояи талаботи муҳлати карантинӣ нисбати шахсоне, ки аз беруни кишвар ворид мешаванд, аст. Зеро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Аз ҳамин хотир нисбати ин масъала бояд диққати ҷиддӣ дода шавад, зеро эҳтимолияти воридшавии вирус танҳо аз беруни кишвар мебошад.
Ва дигар роҳҳои асосии пешгирии ин беморӣ риояи гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятист. Шустани дастон бо собун муҳимтарин роҳи пешгирӣ аз коронавирус аст. Чунки истифодаи маҳлули спиртдор ё шустани дастҳо бо собун вирусро нобуд мегардонад. Аз ин лиҳоз зарур аст, ки мунтазам дастонро бо маҳлулҳои спиртдор, безарар гардонидашуда ё бо собун шӯем. Пеш аз ҳама шустани дастон бо собун ва ё маҳлулҳои безараргардонидашуда қабл аз тайёр намудани хӯрок, истеъмоли ғизо, нигоҳубин ва аёдати бемор, баъд аз сулфа ва атса задан, пас аз қазои ҳоҷат ва дар ҳама ҳолатҳое, ки дастон ифлос мегарданд.
Давомнокии шустани дастон бояд 40-60 сонияро ташкил диҳад. Ҳангоми сулфа ва атса задан даҳон ва бинии худро бо рӯймолча ё оринҷи қатшуда пӯшонед. Ҳатман рӯймолчаро ба қуттии партови сарпӯшдор партоед ва дастонро бо маҳлули спиртдор ва ё бо собун шӯед.
Пӯшидани даҳону бинӣ ҳангоми сулфа ва атса задан ба паҳн шудани вирусҳо ва дигар микробҳои касалиовар монеа мешавад. Агар ҳангоми сулфа ё атса задан даҳон ва биниро бо даст напӯшонед, микробҳои дасти шумо ба ашёҳо ва ё ба одамоне, ки шумо бо онҳо дастфишорӣ мекунед, мегузаранд.
Инчунин аз одамоне, ки нишонаҳои шамолхӯрӣ ва зуком доранд, худро дар масофаи на кам аз 1 метр нигоҳ доред. Зеро, ки ҳангоми сулфа ё атса задан одаме, ки бемории сироятии роҳҳои нафас дорад, дар атрофи худ қатраҳои хурди вирусро паҳн мекунад. Агар шумо дар масофаи наздик бо ин шахс қарор дошта бошед, ҳангоми нафас кашидан метавонед аз ин вирус сироят ёбед. Ҳангоми доштани таъби баланд, сулфа ва душворшавии нафаскашӣ аз сафар худдорӣ намоед. Инчунин агар ин аломатҳоро дар худ ҳис кардед, дарҳол аз ниқоби яккарата истифода бурда, ҳатман ба духтури оилавӣ ё духтури минтақаи худ муроҷиат намоед.
Дар баробари ин риояи гигенаи шахсӣ хеле зарур аст. Аз чорабиниҳое, ки бо ҷамъшавии одамони зиёд гузаронида мешавад, дурӣ ҷӯед. Аз партофтани рӯймолчаву ниқобҳо дар қади кӯчаҳо, туф кардан, носкашӣ ва тамокукашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, саломи дастӣ, ба оғӯш гирифтану якдигарро бӯсидан худдорӣ намоед. Дар тӯю маъракаҳо аз сачоқ ва косаву табақи умумӣ истифода набаред.
Дар баробари ин дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷу донишкада ва донишгоҳҳо барои риояи гигиенаи шахсӣ шароит фароҳам овардан ҳатмист. Зарур аст, ки ҳар як мактаббача, донишҷӯй ҳаррӯза барои худ оби нӯшокии безараргардонидашуда, сачоқ ва собуни алоҳида бояд дошта бошанд. Дар даромадгоҳҳои ҳамаи идораву ташкилотҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷу донишкада, донишгоҳҳо, бозорҳо, нуқтаҳои савдо, хӯроки умумӣ гузоштани монегии дезинфексионӣ зарур мебошад. Дар вақти рӯбучин ҳатман аз моддаҳои хлордор истифода бурдан ҳатмист. Ҳамзамон ба таври васеъ бурдани корҳои дезинфексионӣ хело муҳим аст.
Аз хариди маводҳои ғизоие, ки дар ҷойҳои ба талаботҳои санитарӣ ҷавобгӯ нестанд, шубҳанок ва кафолати бехатарӣ надоранд, худдорӣ кардан зарур аст.
Ҳаким ХУДОЙБЕРДИЕВ, директори
Маркази ташаккули тарзи ҳаёти
солими вилояти Хатлон
|