Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар вилоят 69,1% иҷро шуд
Масъулони комиссариати ҳарбии ноҳияи Фархори вилояти Хатлон низ аз иҷрои 100%-аи нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Артиши миллии мамлакат мужда расониданд. Тавре аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, Фархор ҳафтумин ноҳияи вилоят аст, ки то 16 апрел аз уҳдаи иҷрои нақшаи даъват баромадааст. То имрӯз 6 шаҳру ноҳияи вилоят, аз ҷумла Норак, Шамсиддин Шоҳин, Носири Хусрав, Данғара, Муъминобод, Ховалинг, нақшаи даъвати баҳории даъват ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро пурра иҷро кардаанд. Дар ин радиф навоҳии Балҷувон, Темурмалик ва Хуросон иҷрои нақшаи даъватро аз ҳисоби миёнаи вилоят бештар таъмин намудаанд.
Дар сатҳи вилоят иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ то рӯзи 16 апрел 69,1%-ро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки баҳри босифат ва дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин иҷро намудани нақшаи даъвати баҳории соли 2020 қарорҳои раиси вилояти Хатлон аз 16 декабри соли 2019, №324 «Дар бораи ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гузоштани шаҳрвандони соли таваллуди 1993-2004», аз 20 декабри соли 2020, №329 «Дар бораи омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2020-и шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ» ва аз 3 январи соли 2020, №3 «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии Кумитаи вилоятии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Хатлон ва шуъбаву бахшҳои меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар даъвати баҳории соли 2020» ба тасвиб расида, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор расонида шуд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар ҷаласаи рӯзи 12 апрел ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва масъулони комиссияҳои даъвати ҳарбӣ дастур дода буд, ки ба кашол ёфтани иҷрои нақшаи даъват роҳ надода, ҷиҳати пеш аз муҳлат таъмин намудани он тадбирҳои мушаххас андешанд.

"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ