Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ШАҲДИ МЕҲНАТИ БАҲОР
Табиати нодири Тоҷикистон барои рушди занбӯриасалпарварӣ бисёр мувофиқ аст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафти ин соҳаи муҳим шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Дар ноҳияи Панҷ Маҳкамтош Тоҳиров ва келинаш Баҳор Қобилова ҳамчун занбӯриасалпарварони соҳибтаҷриба ва муваффақ шинохта мешаванд. Оилаи онҳо дар деҳаи Бурхиёни Ҷамоати деҳоти Меҳвар зиндагӣ мекунад. Ин деҳа дар миёни теппаҳои сабзу хуррам, боғҳои мевадиҳанда ва канори наҳре ҷой гирифтааст, ки аз дарёи Панҷ сарчашма мегирад.
Маҳкамтош Тоҳиров зиёда аз 25 сол аст, ки ба занбӯриасалпарварӣ машғул буда, имрӯз таҷрибаи андӯхтаи худро ба келинаш Баҳор Қобилова вогузор намудааст. Вақте вориди ҳавлии онҳо шудем, Баҳорро назди қуттиҳои занбӯр, ки дар сояи токзор ҷойгир буданд, машғули кор дидем.
Ҳарчанд офтоб ҳанӯз комилан боло наомада буд, ҳаво аз бӯи гулу гиёҳҳои атроф муаттар менамуд. Садои занбӯрҳо аз атрофи қуттиҳо ба гӯш мерасид. Суҳбати мо дар зери сояи дарахтони ҳавлӣ атрофи фаъолияти чандинсолаи ин хонавода сурат гирифт.
Маҳкамтош Тоҳиров нақл мекунад, ки зимни яке аз сафарҳои кории Пешвои миллат ба ноҳияи Панҷ маҳсулоти онҳо низ дар намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзон ба маъраз гузошта шуда буд. Ба гуфтаи ӯ, Сарвари давлат аз сифати маҳсулоти занбӯриасалпарварон изҳори қаноатмандӣ намуда, онҳоро барои афзун намудани истеҳсоли асали хушсифат ҳидоят кардаанд.
Имрӯз Баҳор Қобилова нигоҳубини 240 оилаи занбӯри асалро ба уҳда дорад. Ӯ аз таҷрибаи хусураш омӯхтааст, ки занбӯриасалпарварӣ касби осон нест. Ин пеша дониш, сабр, меҳру муҳаббат ва назорати доимиро талаб мекунад. Ҳар як оилаи занбӯри асал хусусияти худро дорад ва муносибати махсус мехоҳад.
Баҳор Қобилова мегӯяд: – Мо дар як сол ду маротиба ҳосил мегирем — баҳор ва тирамоҳ. Баҳор занбӯрҳоро ба ноҳияҳои кӯҳии Лахш ва минтақаи Ҳоит мебарем. То миёнаҳои моҳи август онҳо аз гулу гиёҳҳои кӯҳӣ, буттаҳои хушбӯй, пудиназорҳо ва дигар растаниҳои шифобахш шаҳд ҷамъоварӣ мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, фаъолияти занбӯрҳои асал ба кори як дастаи муназзам шабоҳат дорад. Қисме барои ҷамъоварии шаҳд парвоз мекунанд ва қисми дигар онро дар қуттиҳо коркард намуда, захира месозанд.
Миёнаҳои моҳи август бошад, занбӯрҳо ба ноҳияи Панҷ баргардонида мешаванд. Дар ин ҷо онҳо аз киштзорҳои пахта, юнучқа ва ҷуворимакка ғизо гирифта, фаъолияти худро идома медиҳанд.
Баҳор Қобилова дар тули солҳои фаъолият сирру асрор ва нозукиҳои ин касбро хуб аз худ кардааст. Ӯ бо табассум мегӯяд: – Ба занбӯрҳо мисли кӯдак меҳрубонӣ кардан лозим аст. Агар ба онҳо муносибати хуб набошад, оилаи занбӯр метавонад қуттиро тарк кунад.
Асал на танҳо маҳсулоти серхаридор, балки ғизои шифобахш низ мебошад. Беҳуда нагуфтаанд: «Асал ба ҳазор дард даво аст».
Ба андешаи Баҳор Қобилова, занбӯриасалпарварӣ барои оилаҳои деҳот яке аз манбаъҳои муҳими даромади иловагӣ буда метавонад. Ӯ махсусан аз беҳтар гардидани инфрасохтори роҳҳо изҳори қаноатмандӣ мекунад.
– Имрӯз роҳи Душанбе – Роғун – Рашт – Тоҷикобод – Лахш хеле хуб таъмиру навсозӣ шудааст. Ин имкон медиҳад, ки ҳар сол занбӯрҳои асалро бе мушкил ба минтақаҳои кӯҳӣ интиқол диҳем ва аз имкониятҳои табиии он ҷо самаранок истифода барем, – мегӯяд ӯ. Ҳамчунин, Баҳор Қобилова аз дастгирии шарикони рушд ёдовар мешавад. Ба гуфтаи ӯ, имсол дар доираи лоиҳаи «Таъмини воситаҳо барои зиндагии устувор ва тавонмандсозии занони деҳот», ки бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд амалӣ мешавад, кумакҳои гуногун, аз ҷумла қуттиҳои занбӯри асал, таҷҳизоти асалгирӣ, шакар ва либосҳои махсус барои нигоҳубини занбӯри асал дастрас гардидааст.
Ин зани меҳнатдӯст дар баробари занбӯриасалпарварӣ бо фарзандонаш дар як гектар замин хоҷагии деҳқонӣ низ ташкил намудааст. Дар он пахта, юнучқа ва ҷуворимакка кишт карда, ҳосили хуб ба даст меорад. Ғайр аз ин, шаш сар модагови зотӣ низ парвариш мекунад. Баҳор Қобилова бар ин назар аст, ки Тоҷикистон бо табиати нотакрор, иқлими мусоид ва захираҳои фаровони наботот барои рушди занбӯриасалпарварӣ имкониятҳои бузург дорад.
Вақте пас аз анҷоми суҳбат аз ҳавлии онҳо берун шудем, ҳаракати занбӯрҳои асал бештар ба назар мерасид. Гӯё онҳо низ бо соҳибхона ба корҳои навбатии рӯзона омодагӣ медиданд. Баҳор Қобилова бошад, дубора назди қуттиҳои занбӯр баргашт ва фаъолияти ҳаррӯзаи худро идома дод.
Ӯ мақсад дорад шумораи оилаҳои занбӯри асалро боз ҳам зиёд намуда, истеҳсоли асалро афзун созад ва сатҳи зиндагии оилаашро беҳтар гардонад.
Беҳуда нагуфтаанд:
Рӯзи насиби кас ба нишастан намешавад,
Бояд чу осиёб зи пайи обу дона рафт.
Аъзам Бобоев – ноҳияи Панҷ
Добавить комментарий
Ахбор
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ 12:37ЗИНДАГӢ ДАР ОЛАМИ “МАСНАВИИ МАЪНАВӢ” 12:32ДАР ҶОДАИ ДИЛ ПО НЕҲ 12:29Дар пайравии Мавлоно 12:25ШАҲДИ МЕҲНАТИ БАҲОР 12:20МЕРОСЕ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА 12:15МАҚОМИ ЗАН ДАР МАСИРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ 12:09ИҶЛОСИЯИ ҲАФТУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРГУЗОР ГАРДИД 12:05
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?
ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛ



