Бойгонӣ
Апрель 2025 (19)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)
Ноябрь 2024 (24)
Октябрь 2024 (27)
20 мар 14:37АСОСӢ / Маориф / Чеҳра

ТАБАССУМ - ИФТИХОРИ ДОНИШГОҲ

Таърихи муваффақият

     Тағоева Табассум Музаффаровна, яке аз бонувони муваффақи Хатлонзамин чеҳраи матлаби мо аст. Чун ӯ дар миёни омӯзгорону бонувони бузургтарин муассисаи тањсилоти олии касбии вилоят ягона занест, ки ба унвони баланди доктори илм мушарраф гардидааст. Сазовор шудан ба ин ном барояш чандон осон ба даст наомадааст. Ҳарчанд ӯ ҳоло ҷавон аст, вале дар ин айём кореро кардааст, ки дигарон накардаанд. Воқеан ӯ бо ҳама буду набудаш арзандаи таҳсину офарин аст.

Табассум Тағоева аз мулки мутафаккири барҷастаи тоҷик - Носири Хусрави Қубодиёнист. Ӯ дар оилаи равшанзамирон ба дунё омадааст. Модараш омӯзгор, падараш ронанда ва бобояш кишоварзи номии ҳамон давра буданд. Табассум бештар бо падар буд. Ӯ аз хурдӣ миёни писарон ба воя расидааст. Барои ҳамин ҳам ба гуфтаи худаш хислатҳои мардонаро гирифтааст. Аз хурди ӯ духтари бисёр чусту чолок ва зираку доно буд. Мактаби миёнаро ӯ дар зодгоҳаш хатм карда, сипас соли 1993 барои идомаи таҳсил бо ҳидояти падараш ба Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа омадааст. Ҳарчанд он солҳо кишвар чандон тинҷ набуд, хусусан Қӯрғонтеппа ошуфтаи ҷангу хунрезӣ гардида буд, аммо ӯ дар он лаҳзаҳои парешонӣ илму дониш ва маданияту маърифатро интихоб кард. Он солҳо таҳсил дар донишгоҳ хусусан барои духтарон осон набуд. Ҳама дар талоши ҷону нон буданд, аммо падари Табассум фарзанди худро 110 километр дур аз хонаву оила ба Қӯрғонтеппа имрӯза шањри Бохтар овард. Ӯро бовар карда ба хонаи рафиқаш гузошт ва дар вазнинтарин рӯзҳо соябони вай шуда, барояш то ҳадди имкон шароит фароҳам овард, ки ин духтараки рустоӣ дониш омӯзад.

Табассум Тағоева ба мушкилоти зиёди ҳамонвақта нигоҳ накарда, то соли 1998 дар факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав аз рӯи ихтисоси забони англисӣ таҳсил карда, баъд аз хатми донишгоҳ бо даъвати устодон дар донишгоњ монд. Ӯ омӯзгори мактаби олӣ шуд ва ба аввалин орзуи худ расид. Соҳои 2000-2001-ум Табассумро Раёсати донишгоҳ барои коромӯзӣ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи устод Садриддин Айнии шаҳри Душанбе фиристоданд. Ҳамин тавр ӯ то соли 2004 дар бахши аспирантураи донишгоҳи мазкур таҳсил намуда, соли 2006 ҳамчун саромӯзгори кафедраи назария ва забоншиносии типологияи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав корашро идома дод.   

Аз ҳамон вақт Табассум Музаффаровна тамоми ҳастияшро дар роҳи илм бахшид. Аз болои худ бисёр кор кард, ҳамеша донишашро сайқал дод, шабҳо бедорхобӣ кашид, ҳеҷ чизро дар ин ҷода дареғ надошт ва кулли он заҳмату талошҳояш буд, ки ӯ дар 30 солагӣ рисолаи илмиашро дифоъ намуда, ба номи пуршарафи номзади илмҳои филологӣ ноил гашт. Баъд аз ин донишу маҳорат ва малакаю касбияти ӯро дида, маъмурияти донишгоҳ соли 2007-ум Табассум Тоғоеваро мудири кафедраи назария ва методикаи таълими забони хориҷӣ таъйин намуданд. Завқи ин бонуи муваффақ рӯз то рӯз ба илм меафзуд. Ҳарчанд он замон синну солаш ба оиладорӣ расида бошад ҳам, аммо меҳри донишгоҳу муҳаббат ба ин даргоҳ ва завқи илм ӯро нагузошт. Бону Табассум ҳамаро як сӯ гузошта, ин роҳи бисёр мушкилгузар, вале пурифтихору хайрро интихоб кард. Ӯ мегӯяд, ки донишгоҳро аз ҷону дил дӯст медорад ва донишҷӯёнро фарзандони худ мешуморад. Муҳаббат ва самимият ба касбу кораш аст, ки вай беш аз 20 сол мешавад, дар ин даргоҳи илму маърифат дур аз падару модар, бародару хоҳар ҳамчун омӯзгор ва мудири кафедра кор мекунад. Ӯ аз роҳу пешаи интихобнамудааш ҳаргиз пушаймон нест, балки баръакс аз он ифтихор мекунад ва мегӯяд, ки дастпарваронаш имрӯз донишманд шудаанд ва иддае аз онҳо низ мисли устодашон олими соҳаи худ гаштаанд.   

Ӯ бону аст, вале воқеан рафтору гуфтораш мисли мардони майдон аст. Дастовардҳои вай худ гувоҳи онанд, ки Табассум Тағоева дар масири илму маърифат ба мушкилоти зиёд нигоҳ накарда, мардонавор бо шуҷоату матонат устуворона қадам ниҳода, соли 2014 соҳиби унвони навбатии дотсент аз рӯи ихтисоси муқоисавии таърихи типологияи қиёсӣ ва забоншиносӣ  шуд. 

Чи хуш аст, ки донишҷӯён ва онҳое, ки аз илму маърифати ин бонуи равшанфикр баҳравар гардидаанду имрӯз бо арзи эҳтирому самимият ба ӯ изҳори сипос мекунанд. Таббассум мегӯяд, ки аз зиндагӣ маънӣ ҳамин аст. Вақте ки манфиати ӯ ба касе мерасад вай аз он меболад ва шукронаи тақдири худ мекунад.

Ин зани пуркор бо ин ҳама комёбиҳо боз ҳам нахост, ки қарор истад. Вай тасмими гирифт, ки таҳқиқоти илмиашро ҳамчун забоншинос идома диҳад ва ба қуллаи он бирасад. Соли 2007 ӯ ба навиштани рисолаи докториашро дар мавзӯи «Роҳҳои алоқаи шумора дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ» оғоз намуда, қариб 10 сол ба таҳқиқи он машғул шуд. Ва охири соли 2018 рисолаи илмиро бомуваффақият ҳимоя намуда, ҳоло дар натиҷаи 13 соли талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ ба унвони баланди доктори илм мушарраф гардид. Дипломи доктории Табассум Тағоеваро аз шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба Тоҷикистон фиристоданд ва имрӯз ӯ бо табассум ба рӯи он нигариста меболад.   

Шогирдони муаллима дар ин давра соҳибном буданд. Иддае аз онҳо аллакай номзади илм ва гурӯҳи дигар аз рӯи мавзӯъҳои гуногун кори илмӣ-таҳқиқотиашонро пеш бурда истодаанд. 

Аз ҷониби Табассум Тоғоева 3 монография, 18 мақола дар маҷаллаҳои илмии Федератсияи Россия ва 24 мақола дар маҷаллаҳои илмии Тоҷикистон ба нашр расидаанд. Дар ин баробар ӯ дар ин давра бо истифода аз донишу таҷрибаи омӯзгории худ якчанд адад китобу дастурҳои таълимӣ таҳия намудааст, ки имрӯзҳо аз он донишҷӯёну омӯзгорони ҷавон баҳравар гардида истодаанд. 

Табассум Музаффаровна дар тӯли фаъолияти омӯзгорӣ ва илмию таҳқиқотии худ якчанд маротиба ба мамлакатҳои гуногуни хориҷи кишвар сафар намуда, дар донишгоҳу донишкада ва ҳамоишу конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ баромад намудааст. 

Барои ин ҳамаи талошу ҷонфидоиҳо, ки самараи он ба нафъи давлату ҷомеа аст боз ҳам ба муаллимаи бисёр азизу гиромӣ Табассум Тағоева хушиҳои зиндагиро таманно мекунем ва боварӣ дорем, ки ӯ ба тамоми орзуву ниятҳои некаш мерасад. Чун ӯ бонуи муваффақ аст ва Худо кунад, ки ҳамеша муваффақият ӯро ҳамроҳ бошад.


МУҲАББАТ
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019