Бойгонӣ

“ҲАМОН МУШКИЛ, КИ ОСОНАШ НАМЕБИНАМ - ВАТАНДОРИСТ...”

Арзандаҳо


Аз зани имрӯзаи мо ҳикмату эъҷоз пурс

Дар фазои зиндагӣ кайфияти парвоз пурс,

Аз замин зан меравад сайри кавокиб мекунад,

Давраи мо кард занро дар ҳунар мумтоз, пурс.

Шарофатро ҳамчун эҷодкор аз давраи аъзои маҳфили адибии «Хайрандеш» буданаш мешиносам. Бонуи серталаб аст, аз болои худ бештар кор мекунад. Як байти шоир Файзи Ашур ба ёдам мерасад, ки ҳаққо ба Шарофат зебанда гуфта шудааст:


Хушбахт зане тавони мардӣ дорад.  

Бадбахт гӯем занаксифат мардонро.


Мардонагии Шарофатро боз дар он дидам, ки дар солҳои ҷанги бародаркуш ӯ шавҳарашро, ки ҷанговари интернатсионалист буду дар Горди президентӣ низ муддате хизмат мекард, аз даст дод. Аз ҳамон давра сар карда, тарбияи ду фарзандаш пурра бар дӯши вай афтод. Ҳамин тавр ӯ як духтару як писарро ба воя расонида, хононд, соҳиби маълумоти олӣ гардонида, ҳардуро оиладор кард. Имрӯз дар зиндагӣ роҳбалади ҷавонон аст.

Шарофат Худойдодова зодаи шаҳри Кӯлоб буда, дастпарвари факултаи филологияи руси донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Кӯлоб аст. Баъди хатми он ҳамчун ассистенти кафедраи забони русии факултаи омӯзгорӣ ба фаъолият пардохтааст. Дар давоми таҳсил дар донишкада ҳамзамон ба сифати наттоқи бахши русии онвақта радиои вилояти Кӯлоб, мухбири ғайривоҳидии рӯзномаи «Кулябская правда» кору фаъолият кардааст.

Ин бонуи пуркор барои гирифтани маълумоти дуввуми олӣ талош намудааст.

Соли 1995 Донишгоҳи давлатии Кӯлобро бо ихтисоси таъриху филологияи тоҷик хатм кардааст. Солҳои 1995-2004 мудири кафедраи забони русии филологияи забони рус, солҳои 2004-2008 мудири кафедраи МТЗАР-и факултаи филологияи рус, солҳои 2010-2013 - мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ, аз моҳи декабри соли 2013 то моҳи апрели соли 2014 - мудири кафедраи журналистика, аз 7 апрели соли 2014 ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ оид ба корҳои тарбия, аз соли 2015 то 2019 ноиби ректор оид ба илм, иноватсия ва аз моҳи феврали соли 2019 ноиби ректори донишгоҳ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ мебошад.  

Ҳамзамон Шарофат Худойдодова дар иҷрои вазифаҳои пурмасъули котиби Шӯрои олимон (солҳои 2006-2009), соли 2009 декани факултаи филологияи хориҷӣ, котиби матбуотии ректори донишгоҳ ( аз соли 2010 то соли 2020) ва дар ҷараёни фаъолият дар ВАО-и Тоҷикистон, бахусус ҳамчун муҳаррири феълии намояндагии Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» дар шаҳри Кӯлоб ва омӯзгори фанҳои асосҳои реклама ва паблик», «Назарияи тарҷума» ва «Тарҷумаи матни публитсистӣ»-и кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бевосита дар таҳия ва пахши рекламаҳо бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ, нигориши мақолаву очеркҳо дар матбуоти даврӣ ва роҳбарии корҳои илмӣ-тадқиқотии муҳаққиқони ҷавон ширкат менамояд.

Шарофат бонуи хеле сермасъул аст. Муддате сармуҳарририи ҳафтавори «Анвори дониш»-и ДДК-ро ба уҳда дошт. Дар радиои Тоҷикистон ҳам кор кардааст.   

Соли 2010 дар мавзӯи «Таҳлили таркиби-мазмунии забон ва услуби матнҳои рекламавӣ (дар забонҳои тоҷики, русӣ ва англисӣ) рисолаи номзадӣ дифо намудааст, ки дар самти омӯзиши забон ва услуби матнҳои рекламавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо мебошад.


Бонуи пуркор

- Шарофат Худойдодова унвони илмӣ дошта, корҳои илмии зиёде мекунад. Вай дар шаҳри мо яке аз бонувоне мебошад, ки забонҳои хориҷӣ, ба вижа забони русиро хуб медонад, донишҳои хуби филологии русӣ дорад, метавонад андешаҳояшро озодона баён кунад. Шарофат солиёни дароз дар ТВ Сафина кор карда, ҳунари баланди рӯзноманигорӣ ва суханварӣ дорад. Вай бисёр серкор ҳам ҳаст. Дар ҳама чорабиниҳое, ки дар донишгоҳ баргузор мешаванд, Шарофат дар он ширкати бевосита дорад. ӯ бисёр як одами ба истилоҳ ташаббускор аст. Ва ҳамин аст, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб якчанд лоиҳаҳоро амалӣ намудааст, ки ин лоиҳаҳо бевосита ба корҳои эҷодии Шарофат Худойдодова вобастагӣ дорад. Шарофат ба серкории худ нигоҳ накарда, дар байни занони донишгоҳ корҳои зиёд мебарад. Вай дар ҳамаи шуъбаҳову рукнҳои донишгоҳ ёрии бевоситаи худро мерасонад ва яке аз корҳои барҷастаи он кас муносибатҳои илмӣ ва педагогии ҳамкориҳои бисёр зич бо чандин донишгоҳҳои кишвари Россия ва ҷаҳонӣ мебошад. Алҳол  ӯ як шахсияти арзанда дар паи навиштану дифоъ кардани рисолаи докторӣ аст. Шарофат модари хуб ҳам ҳастанд, фарзандони солеҳро ба воя расонидааст. ӯ ҳамчун як зани намуна барои дигар занони тоҷик мебошад, - андешаронӣ мекунад Зафар Мирзоён дар бораи Шарофат.  

Ш. Худойдодова муаллифи беш аз 45 мақолаҳои илмӣ, дастурҳои методӣ, муҳаррир ва муаллифи наздики 75 барномаҳои мукамали фарҳангию сиёсӣ ва иқтисодию варзишии «Аз шаҳри ёрон» дар «Телевизиони Сафина» мебошад. ӯ соли 2019 аз ҷониби Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон соҳиби сертификати “Эксперти байналмилалӣ” ба муҳлати 5 сол гардидааст. Барои хизматҳои содиқона дар соҳаи маориф ва рушди журналистикаи муосир бо як қатор ҷоизаву ифтихорномаҳо қадршиносӣ шудааст. Соли 2015 бо медали «Хизмати шоиста» қадршиносӣ гардида, дар интихоботи 1 марти соли 2020 ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Кӯлоб пазируфта шуд. 


Зан-модар, роҳбар, омӯзгор, рӯзноманигор

- Ҳарчанд ҳарду фарзандам дар зиндагӣ мустақилу соҳибмаълумот, соҳиби оила ва фарзанд ҳастанд, аммо ҳоло ҳам бароям кӯдаканд, аз ин рӯ ҳамеша дар ҷараён будан аз ҳолу аҳволашон, мусоидат дар рушду камоли ҳамаҷонибаи онҳоро амри тақдир ва хеле зарур меҳисобам, зеро ки барояшон ҳам падараму ҳам модарам.

Чун як роҳбар дар ҳар ҷомеае, ки фаъолият намудаам, нахуст корро аз муттаҳидии кормандон шурӯъ кардаам. Коргоҳро чун хонаи дуюм пазируфтан, аз меҳнати ҳалол ризқ ёфтан, ба атрофиён муносибати самимӣ доштан, дар доираи имконият ба ҳамкасбон кумак расонидан, ба ғаму шодии онҳо шарик будан ва иҷрои бо масъулияту бо сифати вазифаҳои ба уҳда дошта бояд хоси ҳар як роҳбар бошад.

  Омӯзгорам! Ҳамчун як зан-омӯзгор то имрӯз кӯшиш намудаам, ки бо иффату поктинатӣ барои ҳар як шогирд намунаи ибрат бошам. Аз сидқи дил донишҳои андӯхтаамро такмил медиҳам, то ба шогирдон ҳарфи тозае гуфта тавонам, ҳаракат мекунам то назарияи илм бо амалияи он ҳадди ақал наздик бошад ва ташаккулу тафаккури донишҷӯён ҷониби мусбат майл дошта бошад.

   Ҳамчун рӯзноманигор бо ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ ва варзишӣ, ҳифзи амнияту оромии кишварам андеша ва пайвандҳои ногусастанӣ доштан ва “Ҳамон мушкил, ки осонаш намебинам-ватандорист”- ро шиор қарор додан, дар кушодани уқдаи мушкилоти ҳамватанон кина, ғараз ва тамаъ надоштан аст рисолати зан- журналист, - мегӯяд Шарофат Худойдодова. 


Билоли ШАМС,

шаҳри Кӯлоб
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019