Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
20 июн 14:24АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод
"ХАТЛОН — ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ"
Имрӯз, 20-уми июни соли 2025 шаҳри Кӯлоб мизбони форуми байналмилалӣ ва намоишгоҳи сайёҳӣ таҳти унвони «Хатлон — қалби гарми сайёҳӣ» гардид. Чорабинӣ дар доираи татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалисозии «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баргузор шуда, ҳадафи асосии он муаррифии имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳа мебошад.

Дар кори он раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, намояндагони вазорату идораҳо, корпусҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, роҳбарони ширкатҳои сайёҳии дохилию хориҷӣ, соҳибкорону сармоягузорон, коршиносони милливу байналмилалӣ ва намояндагони бахши сайёҳии кишварҳои ҳамсоя ширкат варзиданд.

Намоишгоҳ дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор шуда, имкониятҳои сайёҳии 25 шаҳру ноҳияи вилоят, маҳсулоти ҳунармандону косибон, захираҳои саноативу иқтисодии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва дигар имкониятҳои мавҷуда ба меҳмонон муаррифӣ гардид. Инчунин, ширкатҳои сайёҳии дохиливу хориҷӣ дастовардҳои худро пешниҳод карданд.

Чорабинӣ имкони фарох барои муаррифии имкониятҳои сайёҳии таърихию фарҳангӣ, табобатию экологӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор, ҷалби бештари сайёҳони хориҷию дохилӣ ва таҳкими ҳамкориҳои муштарак байни ширкатҳо ва дигар сохторҳои инфрасохторӣ фароҳам овард.

Қисмати расмии форум дар маҷлисгоҳи донишгоҳ баргузор шуд. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ меҳмонон ва иштирокчиёни Форуми байналмилалии сайёҳии «Хатлон - қалби гарми сайёҳӣ»-ро хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ дар фазои сулҳу суботи комил ва муҳити рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, далели таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеаи ҷаҳонӣ ба кишвари мо мебошад. Имрӯз соҳаи сайёҳӣ дар ҷаҳон яке аз бахшҳои муҳими рушди иқтисодӣ, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муаррифии фарҳангҳо арзёбӣ мегардад. Ба ҳамин хотир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ин соҳа ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ диққати аввалиндараҷа медиҳад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ махсусан таъкид гардидааст:

«Сайёҳӣ ҳамчун соҳаи муҳими иқтисоди миллӣ метавонад дар таъмини рушди минтақаҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ нақши муассир бозад».
Дар рафти форум таъкид гардид, ки вилояти Хатлон дорои беш аз 900 ёдгории таърихиву фарҳангӣ мебошад. Қалъаи Ҳулбук, Аҷинатеппа, Тахти Сангин, мадрасаи Хоҷа Машҳад ва Мамнуъгоҳи “Бешаи Палангон” аз ҷумлаи ёдгориҳоеанд, ки ба феҳрасти Мероси умумибашарии ЮНЕСКО шомил гардидаанд. Мавзеъҳои табиие чун «Чилучорчашма», «Сари Хосор», «Дашти Ҷум», «Хуталон» ва мамнуъгоҳҳои вилоят имкониятҳои фарохро барои рушди сайёҳии экологиву истироҳатӣ фароҳам месозанд.

Имрӯз дар вилоят намудҳои гуногуни сайёҳӣ рушд меёбанд, аз ҷумла сайёҳии табиӣ ва экологӣ, таърихию фарҳангӣ, зиёратӣ, кӯҳнавардиву варзишӣ, табобатӣ ва шикор. Анъанаҳои фарҳангии мардуми Хатлон ва чорабиниҳои гуногуни миллӣ низ ба ҷалби сайёҳон мусоидат мекунанд.
Дар ҷараёни форум зикр шуд, ки дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ба Хатлон беш аз 400 ҳазор сайёҳ ташриф овардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта наздики 2 баробар зиёд аст.
Ин ҳамоиш барои таҳкими ҳамкориҳои судманд ва пешбурди лоиҳаҳои муштарак дар самти сайёҳӣ дар Хатлон ва Тоҷикистон аҳамияти махсус дошт ва ба рушди мавқеи кишвар дар харитаи сайёҳии минтақа мусоидат хоҳад кард.
МАҲМАДАЛИЕВ МАҲМАДАЛӢ “САФО”
Добавить комментарий
Ахбор
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:59РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:54РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:48ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ - НИШОНАИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ 18:41МУСОБИҚАИ КУШОДИ ШАҲРӢ ОИД БА ҶУДО БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ БОХТАР 18:34РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРИ 103-СОЛАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ РАФТАНД 18:27ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА 18:21ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД 14:06
Серхонандаҳо
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ. АЗ ЧӢ БОЯД ЭҲТИЁТ КАРД?
ҶАЙҲУН. ОЗМУНИ “КИТОБХОНИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД
ЁВОН. ЯК КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИД
ҶАЙҲУН. ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ОҒОЗ ШУД
БО ЗАМИН ҲАМНАФАС, БО ЗАҲМАТ САРБАЛАНД
Нақши воситаҳои ахбори омма дар пешгирии коррупсия
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД



